Дар як сатр
» » Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Лебапи Туркманистон

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Лебапи Туркманистон

7-11-2017, 10:01

Имзои созишномаи ҳамкорӣ миёни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Лебапи Туркманистон

Раҳбарони Тоҷикистон ва Туркманистон Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов дар пайи музокироти дуҷониба ва ҳайатҳои давлатӣ дар шаҳри Душанбе 13 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд.

Тибқи иттилои хадамоти матбуотии Президенти кишвар, Тоҷикистону Туркманистон бахшҳои энержӣ, роҳу нақлиёт, саноати сабук ва коркарди маҳсулот, сохтусоз, кишоварзӣ ва сайёҳиро самтҳои бартари ҳамкории иқтисодӣ мешуморанд.

Сарони ду кишвар раванди густариши равобити Тоҷикистону Туркманистон дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, инсонӣ ва дигар риштаҳоро “хушнудкунанда, пўё ва мусбат” арзёбӣ карданд. Яке аз омилҳои мусоидаткунанда ба ин раванд имзои Паймони ҳамкории стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Туркманистон дониста шуд.

Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ҳамчунин бар аҳамияти иҷрои тарҳи сохтмони роҳи оҳани “Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон” таъкид карданд ва хостори беҳбуди ҳамкориҳо дар заминаи обу нерў ва роҳандозии парвозҳои мустақими миёни ду кишвар шуданд.

Ҳамчунин масъалаҳои рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ, инсонӣ ва илмиву омўзишӣ баррасӣ гардида, роҳбарони ду давлат хостори ҳамкорӣ миёни шаҳру вилоятҳои Тоҷикистону Туркманистон шуданд.

Дар миёни санадҳои ҳамкорие, ки ҷонибҳо рўзи 2 ноябр имзо карданд, Протоколи ислоҳи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркманистон барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар иттиҳодияи деҳқонии “Эргаш Султонов” дар ноҳияи Дўстии вилояти Хатлон, Созишномаи ҳамкориҳои тиҷориву иҷтисодӣ ва илмиву технологӣ ва фарҳангӣ миёни мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳокимияти вилояти Лебапи Туркманистон мебошанд. Созишномаи мазкурро аз ҷониби Тоҷикистон раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода имзо кард.

Бо имзои ин санадҳо, ки бахшҳои тиҷориву иқтисодӣ, сохтмону саноат, мудофиаи ғайринизомӣ, кишоварзӣ, илмиву фаннӣ, фарҳангӣ ва сармоягузориро дар бар мегиранд, шумораи санаду қарордодҳои ду кишвар ба беш аз 70 адад расид.

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Туркманистон дар нўҳ моҳи имсол 32 миллион доллари амрикоӣ баровард мешавад.

Пас аз маросими имзои санадҳои муҳими ҳамкорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов барои хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистонро пурарзиш ва бобарор арзёбӣ карданд.

Н. МАЪМУРЗОДА,
“Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳимтарини соли мурғ

Нигоҳе ба рӯйдодҳои муҳимтарини соли мурғ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Ҳамкории Тоҷикистону ИМА - ба хотири ояндаи дурахшон

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Намояндаи БОР: Ба таҳкими ҳамкорӣ бо Хатлон алоқамандем

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Волии Ҳамадон меояд

Волии Ҳамадон меояд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо
Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Соли 2016 қитъаи роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон сохта мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА