Дар як сатр
» » ХАТАРИ ҶИДДИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

ХАТАРИ ҶИДДИИ ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ

10-01-2020, 21:46

Яке аз масъалҳое, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро нигарон кардааст, афзоиши терроризму экстремизм мебошад. Ин ҷараёни хатарзо ба худ хусусияти бераҳмиро касб карда, мардуми сайёраро водор мекунад, ки ҷиҳати пешгирии он андеша намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ, нисбат ба чунин мушкилот бетараф нест ва ҳамеша зидди ин гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ муборизаи беамон хоҳад бурд. Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, ки ба кишвари мо ҳамсарҳад мебошад, солҳост дар ҳоли нооромӣ қарор дорад ва ин Ҷумҳурии Тоҷикистонро дучанд нигарон кардааст.

Мавриди зикр аст, ки кирдорҳои террористӣ бо мақсади гуногун тарҳрезӣ гардида, дар натиҷаи амалиёти манфиатҷӯёнаи онҳо ҳамасола ҳазорон шаҳрвандони осоишта ва бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд. Яке аз сабабҳои афзоиши ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ба баъзе мадрасаҳои исломии берун аз кишвар ҷалб ва ба таҳсили ғайриқонунӣ фаро гирифтани ҷавонон мебошад.

Мутаассифона, дар Ҷумҳу-рии Тоҷикистони азизи мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, созмоне бо номи Ҳизби наҳзати исломӣ бо мақсадҳои нопоку бадхоҳона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин ташкилот ватани маҳбуби моро ба хоку хун оғӯшта кард. Гурӯҳи номбурда бо роҳи низоъандозӣ фазои орому осоиштаи кишварро халалдор карда, ҳазорҳо шаҳрвандро хонавайрону мотамзада гардонид.

Ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷӣ маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст. Ҳарчанд ин ҳизб дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон гардида, фаъолияташ ҳамчун ташкилоти террористӣ-экстремистӣ боздошта шуда бошад ҳам, аммо ин хоинону риёкорон аз дур истода, бо ҳар роҳу восита боз мехоҳанд ҷавонони бонангу номуси миллати тоҷикро дубора ба шӯр андозанду сафи гурӯҳи ҷинояткоронаи худро афзоиш диҳанд ва фазои сулҳу суботро ноором созанд.

Мушкилоти аслӣ он аст, ки доираи ин гуна зуҳуроти нангини замон рӯз аз рӯз васеъ гардида, сатҳи ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Барои мисол, яке аз онҳо гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломист, ки аз рӯйи санҷишҳои байналмилалӣ намояндагони он қариб дар аксари кишварҳои олам фаъолияти пинҳонкорона доранд. Вале бештари онҳо дар Сурияву Ироқ барои ба сари қудрат омадан мубориза бурда, ба куштору ваҳшоният даст мезананд.

Аммо инро бояд донист, ки дигар ҳеҷ гурӯҳи ҷинояткору террорист фарзандони бонангу номуси Тоҷикистонро фирефтаи мақсадҳои нопоки худ ва кишвари тозаистиқлоли Тоҷикистонро доғдор карда наметавонад.

Дар чунин шароити мураккаб ҳар яки моро мебояд, ки баҳри ободонии кишвари азизамон аз як гиребон сар бароварда, бо чунин гурӯҳҳои террористиву эктремистӣ муборизаи беамон барем, Тоҷикистони тозаистиқлолро бо ташаббусҳои созандаи хеш дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ кунем ва сулҳу суботи ватани худро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем.

Умед Шамсов


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Биё эй ҳамватан, то ҳомиёни ин Ватан бошем

Хабарҳо, Сиёсат

Терроризмро маҳкум менамоем

Хабарҳо, Сиёсат

ТТЭ ҲНИ ЯКЕ АЗ ДАСТПАРВАРОНИ «ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН» МЕБОШАД

Хабарҳо, Сиёсат

иси Анҷумани тоҷикон дар Туркия: «Ҷомеаи Тоҷикистон ақидаҳои ҲНИ-ро қабул н ...

Хабарҳо
Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Муборизаи зидди терроризм кори дастаҷамъист

Хабарҳо, Сиёсат, Ҷавонон ва варзиш, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ