Дар як сатр
» » ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

ИЛОҶИ ВОҚЕА ПЕШ АЗ ВУҚӮЪ

10-01-2020, 21:45

Рӯзҳое буданд, ки мардуми мо дар ватани худ, дар хонаҳои хеш амну осуда намезистанд. Ҳама беқарор ва дар воҳима будем. Ташаккур мегӯем ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз минбарҳои баланд масъалаи зарурияти ҳифзи ягонаи Тоҷикистон ва аз парешонӣ нигаҳ доштани ин давлату ин миллати ба доми оташкашидашударо гузошту кишварро аз нестшавӣ, миллатро аз парокандашавӣ наҷот дод.

Имрӯзҳо, ки соҳибихтиёрӣ ва мустақилият барои мо дастовардҳои сиёсӣ ва иқтисодиро ато намудааст мо-омӯзгоронро зарур аст барои аз байн бурдани ҳар гуна мушкилиҳои муҳими истеҳсолӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ омода ва тайёр бошем. Президенти мамлакат бо боварии том соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои афзалиятноки ҷомеа унвон додаанд. Мо кормандони соҳа бояд ба ин эҳтиром арзанда ва содиқ бошем.

Дар ҷаҳони имрӯза ҳизбу созмонҳои ифротӣ реша давонда, мехоҳанд амнияту суботи кишвари азизамонро, ки бо хунрезӣ ва ҷоннисориҳои ҳазорон нафар фарзандони содиқи ватан насиби мо гаштааст, аз нав, бо ҳар роҳе, ки набошад халалдор созанд.

Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаракатҳои ифротгарову террористӣ имрӯз ҳадафи ягонаи насли калонсоли ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст. Яке аз падида ва ҳаракатҳои номатлубу ифротие, ки дар заминаи эътиқодҳои диниву мазҳабӣ амал мекунад, экстремизм мебошад. Ин гурӯҳ бо ҳар гуна роҳу воситаҳо, пеш аз ҳама, бо мусоидати аксар давлатҳои хориҷӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо интиқол ёфта, хатари ба миён омадани имконият ва заминаҳои дар оянда вайрон кардани мувозинати динию мазҳабӣ, вазъи сиёсию идеологӣ ва суботу амнияти дилхоҳ кишварро дар пай дорад. Дар ҳамин самт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёминавбатии хеш бори дигар мардуми кишварро огоҳ ва таъкид сохт, ки ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро ҳеҷ гоҳ аз даст надиҳанд.

Омилҳое, ки ҷавонону наврасони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надоштаро ба доми ҳиллаву найранги ҳаракатҳо ва гурӯҳҳоиифротгаро гирифтор месозанд, зиёд ва бешуморанд. Барои он, ки фарзандони дониши мукаммал ва таҷрибаи ҳаётиву сиёсӣ надошта ба доми ҳиллаву найранги ин гуна ҳаракатҳо ва гурӯҳҳои ифротгаро гирифтор нагарданд, мо бояд ҳар лаҳза чашму гӯш ва ақлу ҳуши фарзандони худ бошем. Зеро «Илоҷи воқеа пеш аз вуқуъ мебояд» гуфтаанд. Яъне ҷавононеро боядтарбия намоем, ки тақдири худ ва тақдири ояндаи ҷомеаро ба даст гирифта, фаъолияташонро дар соҳаҳои муайяни ҷамъиятӣ пеш баранд ва ҳамзамон бурда тавонанд.

Тарғиби ваҳдат ва таҳкими сулҳу амонӣ имрӯз яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти ҳар як муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ мебошад. Ҷавононро тавре тарбия бояд кард, ки онҳо дар интихоб, хулосабарорӣ ва пешбарии ҳаёти худу ҷомеаи инсонӣ мустақил бошанд, аз тафаккури дастнигар дурӣ ҷуста, ба тафаккури созанда рӯ оваранд. Ба қувва ва неруи худ боварӣ ҳосил намоянд.

 

Муҳаббат Раҳматова,

омӯзгори МТМУ №14-и шаҳри Кӯлоб



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва ха ...

Хабарҳо

Паём моро ба зиндагии осоишта роҳнамоӣ менамояд

Номаҳои Шумо

Терроризмро маҳкум менамоем

Хабарҳо, Сиёсат
Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои ифротгаро кори ҳамагон ас ...

Сиёсат
Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Истиқлолияти ватан ифтихори мост!

Хабарҳо, Номаҳои Шумо