Дар як сатр
» » РӮҲ БО ИЛМ АСТУ БО АҚЛ АСТ ЁР

РӮҲ БО ИЛМ АСТУ БО АҚЛ АСТ ЁР

10-01-2020, 21:42

Раванди ҷаҳонишавӣ байни давлатҳои абарқудрат, махсусан, давлатҳои рӯ ба инкишоф нобасомониҳои зиёдро ба бор овардааст. Онҳо дар пайи манфиати хеш байни кишварҳо, тамаддунҳо, мамлакатҳо, эътиқодҳо ва ҳатто байни ҳаммиллату ҳамдинҳо низоъ андохта, онҳоро ба шӯр ангехтаанд.

Ҳодисаҳои Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман, Афғонистон, Нигерия, Украина, далели дурустии ин андеша аст. Солҳои навадуми асри пор аз хотирҳо фаромӯш нагаштаанд. Нотавонбинони давлати тозаистиқлоли тоҷикон, намояндагони як миллату як динро бо ҳам дар ситез оварду ҷанг андохтанд. Мо бародаркушӣ кардем, шаҳру деҳоти худро сӯхтаву харобу валангор намудем. Ба буҷаи давлату бошандагонаш хисороти гӯшношуниде расонидем. Ғосибони бедину беимони хориҷӣ душманонамонро аз дохили худамон пайдо карданд. Онҳоро бо пулу пайсаи ночиз, ваъдаҳои риёкоронаи носавобу насия ба майдон оварданд. Ин тоифаи бегумон аз асли миллату ватан, дину мазҳаб, дар сар ҳавои молу мансаб «аз хоби гарон хез!» гӯён мардумро ба бародаркушӣ, харобкорӣ, оташзанӣ оварданд. Мо-ҳаммиллатон ба якдигар чунон ҷаҳолат кардем, ки имрӯз аз гуфтанашон шармамон меояд.

Ин ноқобилони даҳр-душманони мо имрӯз ҳам, чун каждуми зери бурё, фаромӯш аз дунёву охират, тайёранд ҳар замон, ҳар вақт ба тани мо неш зада, бадани моро, асаби моро заҳролуд бисозанд. Фарзандони ин миллати бостониву таърихӣ, диловару шуҷоъро ба доми найранги худ гирифтор кардаву онҳоро террорист, экстремист, ифротгарои хунинчашм бисозанд ва вазъияти сиёсии ватанро ноором бигардонанд. Онҳо дар миёни мо, бо моанд, аз як ҳаво нафас мегиранд. Аммо мақсаду маромашон дигар асту дили сиёҳ доранд.

Гӯли шайтон ва хоҳиши бепоён имрӯз онҳоро ба ҳар мулк бурдаву мусофир ва ғариб кардааст. Онҳо имрӯз бо таблиғоти муғризонаи Кабирӣ-осии мулк, оворагарди диёри бегона шуда, сари худро ба ҳар дар-дари ноошноён, бегонагон халонида, имдод мепурсанд, ба ҷониби ватани хеш, миллати хеш, ҳамдину ҳаммазҳаби худ санги маломат ҳаво медиҳанд. Бехабар азонанд, ки Худованд касеро дӯст надорад ба ғурбаташ мубтало месозад, азобро ба сараш меорад. Беватанӣ, мусофирӣ, дарбадарӣ магар азоб нест?! Онҳои саргардон, дарбадар бояд дарк кунанд, ки Кабирӣ бо дасти холӣ ҷилои ватан накардааст. Ӯро бахилони даҳр, бадхоҳони миллату давлати мо ҳамчун як соил, пулу пайсаи ночизеро ба чанголаш қапонида, дар пешаш вазифаҳоеро дар боби нооромии халқу диёраш гузоштаанд. Ҳарчанд ин маблағҳо ночиз бошанд ҳам, барои айшу нӯши Кабирӣ, фарзандони дулдулсавори ӯ ва завҷаҳои пуркарашмааш басанда аст. Аз ин маблағҳо думравонаш чун лошахӯрҳо чизеро нокифоя ҳамчун садақа мегиранд.

Моро, роҳбарони моро зарур аст, ки аз мардум канораҷӯӣ накарда, дар фикри тарбияи дурусти наврасону ҷавонон бошем. Таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, шахси дилогоҳу ватанхоҳ, ободгар Президенти муҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмонро ба ҷо оварда, чун ӯ ёвару меҳрубони бошандагони диёр бошем, дар андешаи ободсозии мулк ранҷ бибарем. Аз пайи таблиғоти ғояҳои ватанхоҳонаи роҳбарияти олии давлат бошем. Ҳама саросар дар фикри ободии ватану хушбахтии ҳамватан кору зиндагӣ кунем.

Ҳадаф аз ин гуфтор ҳамин аст, ки мо муттаҳид бошем, ватанро дӯст дорем, обод созем, як луқма нонамонро дар ҳамин диёри худ пайдо намоем. Роҳбарони моро зарур аст, ки ҷойҳои кории нав ва маоши ҷавобгӯ ба талаботи сабадчаи истеъмолӣ пайдо кунанд. Ҷаҳони муосир ниҳоят хатарзо шудааст. Масалан дар Сурия, Ироқ, Лубнон, Яман, Украина чӣ рӯйдодҳои сангину беадолат рух дода истодаанд. Пиру барно ҳадафи тир қарор гирифтаанд. Гуруснагӣ, беобӣ, хуруҷи бемориҳои гуногун ҳоли мардумро ба танг овардааст. Соҳибқудратон бо ваъдаҳои бардурӯғу пуч домани мардумро пур карда, ба сарашон гулӯлаву бомба мепартоянд, шаҳру деҳот ва хонаҳояшонро харобу валангор месозанд. Худ ва фарзандонашонро ба қатл мерасонанд, захмиву ранҷур месозанд. Каси имондор ба онҳо нигариста мегиряд. Хун ба рӯйи тифлакону наврасон, момову бобоҳо шорида, чун хаёлгумкардаҳо ба ҳар тараф бемақсад даву тоз мекунанд. Тариқи телевизион борҳо дидаам, ки кӯдакони 7-10 солаи Донбас, Сурия, Ироқ бо сару рӯйи хуншор ва нигоҳи имдодталабона менигаранд, мадад меҷӯянд, нон мехоҳанд. Боре дидам араббачаи суриягиро, ки бо сару рӯйи хунолуд, бо дастони ҷароҳатбардоштааш луқмаи нонеро, ки сарбози рус ба ӯ дод, гирифта ҳарисона хӯрд. Гуруснагӣ ӯро маҷбур сохта, ки дарду сӯзиши сари кафида ва тану ҷони захмбардоштаашро ҳис накунад. Маълум аст, ки онҳо гуруснаанд, рӯзҳои зиёд қути лоямутеро надидаанд. Маълум, ки барои суди ночизе шайтонмиҷозон ба сари насли Одам офату балоро овардаанд.

Бузургони олам ва муҳаддисони бокарам дар боби дӯстӣ, рафоқат, ҳамраъйӣ, ҳамдигарфаҳмӣ таъкидҳои зиёди ҳикматноке доранд, ки қабул, пайравӣ ба онҳо кори хайру савоб асту накуӣ ба оламиён. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин боб ҳикмате дорад.

Гармии дасти дӯст агар

бошад,

Аз зимистон баҳор

хоҳам сохт.

Биёед, мо дар соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ривоҷи ҳунарҳои мардумӣ ин ҳикмати бузургро дастур дониста, ҳамватанони худ ва меҳмонони бурунмарзиамонро бо қалби гарму дасти нарм истиқбол намоем. Рисолати аҷдодии хешро собит бисозем. Агар ҳамин тавр бикунем, бидуни шак, тоҷикем!

Маънии вожаи «Ваҳдат»-ро то замони нобасомониҳои солҳои 90-уми асри ХХ на ҳама медонистем. Имрӯз ин калима ба вожаҳои Худо-Модар-Ватан ҳамроҳ гашта, Худо-Модар-Ватан-Ваҳдат шудааст. Зиҳӣ вожаи «Ваҳдат». Худо кунад, ки миёни бошандагони замин ҳама ба ваҳдат биёянду сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмӣ, ободсозӣ пойдор бигардад. Бигзор тифлакону наврасон, модарон, пиронсолон даҳшати ҷангро набинанд.

Онҳое, ки ба сари башарият ҷанг меоранд, бидонанд, ки рӯзе худашон қурбони ин ҳаракати ноҷои хеш мегарданд. Набояд фаромӯш кард, ки ба зиндагии осоишта пеш аз ҳама илму ақл зарур аст.

Пири маонӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ дар ин боб барҳақ фармудааст:

Рӯҳ бо илм асту бо ақл

аст ёр,

Рӯҳро бо тозиву туркӣ

чӣ кор?

Абдуллоҳ Бобоев,

шаҳри Кӯлоб




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Биё эй ҳамватан, то ҳомиёни ин Ватан бошем

Хабарҳо, Сиёсат

Зиндагӣ дар ғурбат сахту талх аст

Сиёсат

Терроризмро маҳкум менамоем

Хабарҳо, Сиёсат

Кабирӣ ва ҳаммаслакони иғвогари ӯ чӣ мехоҳанд?

Сиёсат
Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Гурӯҳҳои тундрав аз номи ислом сӯйистифода мекунанд

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо