Дар як сатр
» » АЗ ОМӮЗГОРӢ ОБРӮ ЁФТАМ

АЗ ОМӮЗГОРӢ ОБРӮ ЁФТАМ

10-01-2020, 21:41

Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбати худ, 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла чунин қайд намуданд: "Дар марҳилаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.” Баъди шунидани чунин таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат ба соҳаи маориф, ки дар сиёсати худ аввалиндараҷа ҳисобидаанд, солҳои аввали кориам то ба охир пеши рӯ омаданд.

Охири солҳои 50-ум буд. Зиндагӣ чун имрӯза серу пур ва тинҷу ором набуд. Мо-як гурӯҳ толибилмони ташнаи илму дониш, аз тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон, дар интернати Кадучии ноҳияи Восеъ якҷо мехондем ва таҳти тарбияи халқу ватан қарор доштем. Давлат моро мехононд, мехӯронд ва мепӯшонд. Ягон камбудӣ надоштем. Аз марҳамати давлату Ҳукумат ризо будему ватани худро ба ҷону дил дӯст медоштем. Гӯё фарзандони як падару модар будем.

Баъди хатми синфи 10-ум ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббии шаҳри Душанбе супорида, донишҷӯ шудам. Вале шавқ дар дил дигар буд. Ҳанӯз дарсҳо сар нашуда, ҳуҷҷатҳоямро гирифта, ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ омадам. Азбаски омӯзгор намерасид ва ҳамин касб мақсаду мароми ман дар зиндагӣ буд, маро ба кор қабул карданд.

Пас аз як соли омӯзгор шуда кор кардан, ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи ба номи С. Айнӣ (онвақта Т.Г. Шевченко), шуъбаи таъриху филология супоридам. Акнун он фикру мақсаде, ки ман дош-там, яъне омӯзгори ҳақиқӣ шудан, ҷомаи амал пӯшид. Пас аз хатми донишгоҳ бозпас ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки онро ҷойи зист қарор дода будам, ба кор омадам. Корро аз омӯзгорӣ оғоз намуда, бо гузашти солҳо, дар вазифаҳои гуногуни соҳаи маорифи халқ кор кардам. Дар ин байн маро борҳо ба кору вазифаҳои гуногуни хоҷагии халқ даъват мекарданд. Лекин ман, ки тарбияи кӯдаконро дӯст медоштам, аз кору вазифаҳои маорифи халқ берун нарафтам. Дар ҳамин ҷода кор кардаму обрӯ ёфтам.

Солҳои тӯлонӣ дар соҳаи маориф кор кардам. Фахр мекунам, ки садҳо нафар фарзандони халқро соҳибихтисос гардондам. Шогирдонам дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ кору фаъолият доранд. Садҳо нафар омӯзгор, даҳҳо нафар табиб, коркунони корҳои дохилӣ ва дар дигар соҳаҳои масъул фаъолият доранд. Шогирдонам маро ҳурмату эҳтиром менамоянд. Ифтихор мекунам, вақте маро «устод» гӯён ҳолпурсӣ мекунанд. Ин барои омӯгор баҳои баланд аст. Аз ин рӯ, бо боварӣ гуфта метавонам, ки касе дар куҷое, кадом соҳае кор накунад, таълиму тарбияи омӯзгорро нагирифта, ба мартаба намерасад. Дар урфият мегӯянд, ки:

Ҳеҷ кас аз пеши худ чизе нашуд,

Ҳеҷ оҳан ханҷари тезе нашуд.

Суханваре нест дар бораи омӯзгор чизе нагуфта бошад ва бе омӯзгор ба саҳифаи илму адаб қадам монда бошад. Шоире гуфтааст:

Ҷаҳл аз худ дур мебояд намуд,

Дафъи ин манфур мебояд намуд.

Аз чароғи илму нури маърифат,

Синаро пурнур мебояд намуд.

Хотири худро ба боғи илму фан,

Хурраму масрур мебояд намуд.

Дар урфият мегӯянд, ки агар хоҳӣ, ки умри дароз бинӣ, омӯзгор шав ва ё дарахт биншон, яъне ҳар ду амал номи инсонро зинда медорад. Омӯзгорони азиз, ҳиссаи худро дар тарбияи шогирдони ватандӯсту ободкунандаи имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз дареғ надоред.

Нағзибеки Худоӣ,

ноҳияи А. Ҷомӣ


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм
Накуном зист, некном рафт

Накуном зист, некном рафт

Чеҳранигорӣ
Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Зинда он номест, ки дар дилҳои мардум ҷо шавад

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Омӯзгор дар таълиму тарбияи насли ояндасози Ватан нақши арзанда дорад

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Тарбиятгари наслҳои ояндасоз

Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА