Дар як сатр
» » ИФОДАГАРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

ИФОДАГАРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

10-01-2020, 21:40

Паёми навбатии Пешвои миллат инъикосгари дастоварду комёбиҳои миллат, идомаи корҳои ободонию бунёдкорӣ ва созандагӣ, ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум аст, ки ҷомеаи моро ба ҳадафҳои бузург ва амалисозии орзуву ормонҳои ҳазорсолаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва миллати ватандӯсту худогоҳ, хештаншиносу матинирода хоҳад расонд.

Баъди мутолиаи Паём бори дигар эътимоду боварӣ ва муҳабат бар ин марзи муқаддас дар қалби ҳар як ҷавони қавиирода бо боврии зиёд ҳосил мегардад. Тоҷикистони биҳиштосо ва соҳибистиқлоли мо дар вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва амнияти ҷаҳон дар роҳи интихоб намудаи хеш, расидан ба ҳадафҳои муҳим собитқадам аст. Пешвои миллат таъкид кардааст, ки таъмин намудани зиндагии шоистаи мардумро дар мадди аввал гузошта, ба хотири хушбахтӣ ва саодатмандӣ, рӯзгори орому осоиштаи халқу ватани хеш саъю кӯшиш бояд намуд.

Дар Паём, Пешвои миллат пеш аз ҳама, диққати заруриро ба соҳаи маориф равона сохта, солҳои 2020 - 2040-ро соли омӯзиши фанҳои дақиқ, табиатшиносӣ арзёбӣ намуда, дар қатори онҳо таъкид менамояд, ки забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русӣ, англисӣ ва инчунин технологияи иттилоотӣ хуб ба роҳ монда шавад. Бино ба таъкиди Сарвари давлат ҳар як фард соле бояд на кам аз 5 китобҳои бадеиро мутолиа намояд. Инчунин насли навро дар руҳияи худогоҳӣ, ватандустӣ, хештаншиносӣ тарбия намудани падару модарон ва омӯзгорон шарт ва зарур аст, то насли ояндасоз ба қадри ин марзи муқаддас расад, арзишҳои миллиро пос доранду эҳтиром намоянд.

Таваҷҷуҳи Ҳукумату давлат ба соҳаи маориф хеле зиёд аст. Зеро ҳамаи соҳаҳо аз соҳаи маориф сарчашма мегирад. Месазад, ки падару модарон ва омӯзгорон дар дили наврасону ҷавонон муҳаббати Ватану ватандорӣ, худшиносии миллиро бедор намоянд.

Вобаста ба ҳидоятҳои дар Паём ироа гардида бо дили гарму лутфу меҳрубонӣ фарзандони мардумро тарбияи дуруст диҳем, дар сиришти онҳо муҳаббати ин Ватани азизу маҳбубамон -Тоҷикистонро ҷой диҳем.

Сайҳомид Сафаров,

ноҳияи Муъминобод



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАЁМ РАҲНАМОИ МО

Ҳаёти иҷтимоӣ

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм

РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

Маориф ва илм
Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо