Дар як сатр
» » ПАЁМ РАҲНАМОИ МО

ПАЁМ РАҲНАМОИ МО

10-01-2020, 21:37

Забон ойинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 

 

Дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд масъалаҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд, муҳимтарини онҳо бешак масъалаи азхудкунии забонҳо буд. Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва ватани худ дӯст дорем, онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиямон ҳифз кунем. Забон оинаест, ки дар он симои пурҷилои миллат равшан инъикос мешавад. Дар баробари ин, ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ, ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа бидиҳем. Мо омӯзиш ва аз худ кардани забонҳоро на танҳо барои худнамоӣ, балки бо мақсади маърифатнок гардонидани ҷомеа густариш медиҳем. Аз ин рӯ, ҳар як фарди бедордил мебояд барои ғанӣ гардидани забони модарӣ ва омӯхтани забонҳои хориҷӣ кӯшиш кунад ва ба мутолиаи китобҳои бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир кунад, ҷиҳати баланд бардоштани маърифатнокии худ саъю талош намояд. Ба ин васила метавонем фарҳангӣ будани миллати худро ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ намоем.

Масъалаи дигаре, ки Пешвои муаззами миллат ба он диққати махсус дод, ин масъалаи баланд бардоштани музди меҳнати маорифчиён ва баланд бардоштани мақоми иҷтимоии занон дар ҷомеа аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки зан дар оилаи тоҷик ҳамеша нақши асосӣ дошт ва дорад. Зеро иффату зебоӣ, фурӯтаниву маърифатнокӣ хоси зан буда, ба зиндагии мард ва аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Ҳамин аст, аз оғози таърих то ба имрӯз мардуми мо ба маърифатнокии зан аҳамияти хоса дода, кӯшидааст, ки онҳо дар ҷомеа пешоҳанг бошанд. Дар зиндагӣ пешоҳанг будани зан ва маърифатнок буданаш имкон медиҳад, ки сатҳи маънавии оила баланд шуда, кӯдакон ва дигар аъзои оила маърифатнок тарбият ёбанд. Ин талабот асоси фарҳанги оиладориро ташкил медиҳад. Нақши зан-модар, махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва, умуман, камолоти маънавию ахлоқии фарзанд барҷаста мебошад. Умед аст, ки дар амалӣ намудани дастуру ҳидоятҳои дар Паём ироа шуда баробари аҳли ҷомеа духтарон ва бонувони мо ҳамчун шахсиятҳои арзандаи халқу ватан амал хоҳанд намуд.

Муқаддас РУСТАМЗОДА,

декани факултети забони русии ДДБ

ба номи Носири Хусрав



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ИФОДАГАРИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ

Номаҳои Шумо
Забони модарии мо

Забони модарии мо

Хабарҳо

Паём пайғоми нек аст

Ҳаёти иҷтимоӣ
Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Зан – модар асоси бахт ва нишони зиндагӣ мебошад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо
Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Паёми Пешво саодати рӯзгори мост

Хабарҳо, Маориф ва илм, Номаҳои Шумо