Дар як сатр
» » ҶАВОНОНРО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА СОЗЕМ

ҶАВОНОНРО БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ОМОДА СОЗЕМ

10-01-2020, 21:36

Ҳимояи марзу буми ватан вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавонмард ба шумор меравад. Ҷ 12иҳати омодагии ҷавонон ба хизмати ватан 20 декабри соли равон қарори раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба тасвиб расида буд. Дар қарори мазкур дар бораи омодагӣ ба даъвати баҳории соли 2020 шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1993-2002 ба хизмати ҳарбӣ сухан меравад.

Тибқи қарори мазкур нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ тасдиқ гардидааст, ки дар он мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, комиссари ҳарбии вилоят, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони ташкилоту корхона, муассисаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ, миёна ва ибтидоии касбӣ, новобаста аз шакли моликият, мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” бояд омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, рӯйхати онҳоро ба комиссариати ҳарбии шаҳру ноҳияҳо пешниҳод намоянд. Дар асоси даъватномаи камиссариати ҳарбӣ шаҳрвандони синну соли даъватиро хабардор намояд, барои дар вақти муайяншуда ба комиссириати ҳарбӣ ҳозир шудану аз муоинаи пешакии тиббӣ гузаштани онҳо чораҳо андешанд.

Воқеан, баъзан ҳолатҳое рух медиҳад, ки ҷавонони бемор пурра аз ташхис нагузашта ба хизмат сафарбар мешаванд. Барои рух надодани ин ҳолат тибқи қарори раиси вилояти Хатлон сардори Раёсати тандурустии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои гузаронидани муоинаи тиббӣ таҷҳизоти тиббӣ ва табибону мутахассисони ботаҷрибаро таъмин намуда, беҳдошти табобат ва солимгардонии синну соли даъватиро таъмин намояд. Тибқи нақша-чорабиниҳои омодагӣ ба даъвати баҳорӣ комиссарони ҳарбии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо, шуъбаҳои маориф, бахшҳои ҷавонон ва варзиш, собиқадорони ҷангу меҳнат бояд суҳбату вохӯриҳо бо волидайну ҷавононро ба роҳ монда, корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстиро бо ҷалби Шӯрои меҳтарони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, ташкилотҳои ҷамъиятиву дохилӣ, васоити ахбори омма бо даъватшавандагон бо ташкили дидорбинӣ бо сарбозону афсарони Қувваҳои Мусаллаҳ доир намоянд. Ташкил намудани вохӯрии ҷавонони синни то даъватӣ ва даъватӣ бо хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии ҳудуди шаҳру ноҳияҳо ва шинос намудани онҳо бо шароити зисти сарбозон имкон медиҳад, ки дар қалби ҷавонон хизмати содиқона ба ватан, ҳимояи марзу буми кишварро баланд бардоранд.

Ташкил ва гузаронидани бозиҳои ҳарбии варзишии "Ватанпарвар” ва "Сипар” ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят низ яке аз бандҳои нақша-чорабиниҳо ба шумор меравад. Ташкил, таъмин ва маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ барои курсҳои кӯтоҳмуддати ронандагӣ ва саривақт бо шаҳодатномаи ронандагӣ таъмин намудани даъватшудагон дар муассисаҳои мазкур низ дар назар дошта шудааст. Ин гуна тадбирҳо имкон фароҳам меоварад, ки ҷавонони аз ҳама ҷиҳат обутобёфта ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ сафарбар гарданд.

Дар воқеъ, тибқи қарори раиси вилоят аз 20 декабри соли 2019 таҳти рақами 329 масъулини шаҳру ноҳияҳо ва комиссариатҳо, ташкилоти мададгори мудофиа ва Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят бояд баҳри таъсиси курсҳои кӯтоҳмуддати ошпаз, ронандагӣ, тракторчӣ, сартарош, кафшергарӣ ва дигар ихтисосҳои зарурӣ бо маблағгузорӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ чорҷӯӣ намуда, барои сафарбар намудани онҳо ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои мушаххас андешанд. Ҳамчунин, бо қарори раиси вилояти Хатлон аз 3 январи соли 2020 таҳти рақами 3 "Дар бораи тайёр намудани мутахассисон барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимии Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон дар даъвати баҳории соли 2020” комиссариати ҳарбии вилоят, кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон,раисони шаҳру ноҳияҳо муаззаф гардиданд, ки дар баробари ҷоннок намудани чорабиниҳои ҳарбию ватандӯстӣ ва мудофиаи ҳарбӣ баҳри баланд бардоштани сифати таълим ва тарбияи мутахассисон дар муассисаи таълимии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон тадбир андешанд.

Ҳамчунин, комиссариати ҳарбии вилоят, Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон, Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар вилоят дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои беҳтар намудани сифати интихоб ва тайёр кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ чораҷӯӣ намоянд. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят, комиссариати ҳарбии вилоят низ дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои болозикр доир ба соҳибихтисос гардидани ҷавонони даъватшаванда ва беҳтар намудани сифати интихоби даъватшаванда ба таълимгоҳҳои мазкур корҳои ташвиқотиро вусъат диҳанд.

Дар ин замина идораи телевизион ва радиои вилоят, нашрияҳои вилоятии "Хатлон”, "Новий Хатлон”, "Дӯстлик” ва маҷаллаҳои "Сафо” ва "Меҳровар” ҷиҳати инъикоси ҳамаҷониба аз чорабиниҳои муассисаҳои таълимӣ, Кумитаи вилоятии ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиаи Хатлон оид ба тайёр кардани ҷавонон ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо таҳия карда, мақолаҳо нашр намоянд.

Дар асоси қарори мазкур нақша-чорабиниҳо таҳия гардидааст. Татбиқи он имкон фароҳам меоварад, ки ҷавонони ватандӯсту ҳамаҷониба обутобёфта ба хизмати ватан раҳнамун гарданд.

А. Сафарзода,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Н. Хусрав: иҷрои маъракаи даъват ба аскарӣ

Хабарҳо
3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

3125 ҷавон ба хизмати ҳарбӣ сафарбар шуд

Хабарҳо, КОМРОНИ БАХТИЁР
Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Даъвати ҳарбӣ 100% иҷро шуд

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?

Дар пойгаи мототсиклронӣ кӣ пирӯз омад?

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Ҷавонони шуҷоъ ба хизмати Ватан мераванд

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, АМОН МАҲКАМОВ