Дар як сатр
» » Шарифӣ Фирӯза Бӯрихонзода, муовини раиси вилояти Хатлон

Шарифӣ Фирӯза Бӯрихонзода, муовини раиси вилояти Хатлон

10-01-2020, 21:30

Шарифӣ Фирӯза Бӯрихонзода 6 октяб-ри соли 1973 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик.

Соли 1995 Донишгоҳи миллии Тоҷи-кистонро бо ихтисоси филологияи тоҷик ва соли 2014 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Номзади илмҳои иқтисодӣ мебошад.

Cолҳои 1995-1996 дар вазифаи муҳаққиқ-коромӯзи кафедраи забони муосири тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, солҳои 1996-1999 ба ҳайси аспиранти шуъбаи рӯзонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Солҳои 1999-2001 мушовири шуъбаи маорифи ноҳияи Восеъ, солҳои 2001-2002 сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонони ноҳияи Восеъ, солҳои 2002-2003 мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи ноҳияи Восеъ шуда кор кардааст.

Соли 2003 муовини сардори идораи кор бо ҷавонони вилояти Хатлон ва аз худи ҳамон сол то соли 2006 дар вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонони вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият намудааст.

Солҳои 2006-2013 дар вазифаи сардори Раёсати кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Хатлон, раиси бахши Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолиятро давом додааст.

Солҳои 2011-2014 донишҷӯи факултаи молияву иқтисоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд.

Соли 2013 дар вазифаи мудири шуъбаи кор бо занони Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи марказии ҲХДТ корро оғоз бахшида, худи ҳамон сол муовини раиси Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон  таъйин мегардад.

Аз 2 ноябри соли 2016 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Кумита оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия буд.

Аз 3 январи соли 2020 дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини раиси вилоят таъйин карда шуд.

Бо забонҳои русӣ, англисӣ озодона ҳарф мезанад.

Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2008), Ифтихорномаи раиси ҲХДТ (соли 2014) сарфароз гардонида шудааст.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Ҳокимияти давлатӣ
Фаромӯз Бобоев, мудири шуъбаи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ

Фаромӯз Бобоев, мудири шуъбаи ҷавонӣ, варзиш ва сайёҳӣ

Ҳайати эҷодӣ
Баҳодурзода Абдуҷаббор раиси нави ноҳияи А. Ҷомӣ

Баҳодурзода Абдуҷаббор раиси нави ноҳияи А. Ҷомӣ

Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Махфират Хидирзода муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд

Махфират Хидирзода муовини раиси вилояти Хатлон таъин шуд

Сиёсат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

АСАЛМО САФАРОВА (Вахшона)

Ҳайати эҷодӣ