Дар як сатр
» » ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ВАТАНРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

ҶАШНИ 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ВАТАНРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

10-01-2020, 21:19

Муҳимтарин нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию

иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2019

Дар соли 2019 фаъолон ва аҳли заҳмати вилояти Хатлон дурнамои соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии вилоятро бо нишондиҳандаҳои мусбат ҷамъбаст карда, имрӯзҳо чун тамоми мардуми ҷумҳурии азизамон баҳри дар амал татбиқ гардонидани дастуру супоришҳои дар Паёми нав-батии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат зикр-шуда саъю кӯшиш доранд.

Соли сипаригардида бо азму талоши Пешвои муаззами миллат иқдому ташаббусҳои созанда вусъати бесобиқа касб карда, мардуми сарбаланди Хатлонзамин ба хотири боз ҳам ободу зебо гардонидани ватани биҳиштосоямон аҳлона ва беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашиданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии мамлакат аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли сипаригардида оғоз намуда, махсусан чунин қайд карданд: «Татбиқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 - 2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд».

Соли 2019-ум дар вилояти Хатлон соли вусъати корҳои созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ буд. Ин сол дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии вилоятамон бо сафарҳои кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят ва бо заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони вилоят, мавриди истифода қарор гирифтани садҳо иншооти иҷтимоиву хизматрасонӣ ва корхонаву коргоҳҳои нави истеҳсолӣ хотирмон мебошад, ки ҳамаи ин омилҳо ба рушди минбаъдаи соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти вилоят мусоидат хоҳанд кард.

Ба истифода додани агрегати дуюми Неругоҳи барқи обии "Роғун” аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги имсолаи Ҳукумати мамлакат дар соҳаи энергетика ва як қадами устувори дигар дар ҷодаи таъмини истиқлолияти энергетикӣ, боз ҳам беҳтар қонеъ гардонидани талаботи соҳаҳои иқтисодӣ ва аҳолӣ ба неруи барқ ва заминаи мусоид барои амалӣ гардидани ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати Тоҷикистони азиз мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки дар Паёми навбатии Роҳбари давлат самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар мавриди таҳлил қарор гирифта, барои ояндаи миёнамуҳлат роҳнамои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат, ки ба беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ равона гардидааст, пешниҳод ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳои мушаххас гузошта шуданд.

Ҳидояту вазифаҳои дар пешгузоштаи Сарвари давлат ба некуаҳволии халқи Тоҷикистон нигаронида шуда, моро зарур аст, ки ҷиҳати иҷрои онҳо, бо назардошти дар вилоят мавҷуд будани имкониятҳои хеле зиёд ва бо истифода аз ашёи хоми дар минтақа ҷойдошта заҳмат кашем ва рушди иқтисодиётро таъмин намуда, барои ободу зебо гардидани шаҳру ноҳияҳо, деҳотҷойҳо ва маҳалли зисти шаҳрвандон корҳои ободонию созандагӣ ва бунёдкориро тақвият бахшем.

Соли 2019 соҳаҳои истеҳсолӣ рушд карда, даҳҳо корхонаҳои хурду миёна бунёд ва ба истифода супорида шуданд. Дар ин кори хайр саҳми соҳибкорони ватанӣ, шахсони саховатпеша, кишоварзону сохтмончиён ва тамоми мардуми шарифи Хатлонзамин хеле назаррас мебошад. Онҳо бо азму иродаи ватандӯстона ва ба хотири татбиқи сиёсати давлату Ҳукумат ҷиҳати муҳайё сохтани ҷойҳои корӣ, вусъати корҳои ободонӣ ва дар ин асос беҳтар кардани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат ҳиссаи арзанда гузошта истодаанд.

Соҳибкорон, шахсони саховатманд ва мардуми заҳматкаши шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагиро бахшида ба таҷлили 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вусъат бахшида, дар соли 2018-ум 1061 адад ва соли 2019-ум 2474 адад иншоотҳои гуногуни таъйиноти истеҳсолию ғайриистеҳсолӣ бунёд намуданд, ки аз ин ҳисоб 12,9 ҳазор ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Аз ҷумла, дар соҳаи маориф 218 иншоот, тандурустӣ 441, фарҳанг 92, варзиш 246 адад, 53 адад иншоотҳои сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва фермаҳои чорвопарварӣ, паранда, сардхона, корхонаю коргоҳҳои саноатии истеҳсолӣ, таъмири роҳу пулҳо ва дигар иншоотҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор дода шудааст.

Ҳамзамон, зикри номи соҳибкорони маҳаллӣ, шахсони алоҳида, ки дар ҷавоб ба супоришҳои Роҳбари давлат дар бунёди иншоотҳои ҷашнӣ саҳмгузорӣ намуданд, қобили қайд аст. Масалан, Баҳриддин Ҷӯрахонов - соҳибкор аз ноҳияи Ёвон дар бунёди муассисаи таълимӣ барои 640 ҷойи нишаст, маркази саломатӣ, мумфаршкунии роҳ, корхонаи сементбарорӣ дар ноҳияи Ҷ. Балхӣ, Хӯҷамурод Азимов - соҳибкор аз шаҳри Норак дар бунёди муқаддасоти миллӣ, Ҳошим Бобоев - соҳибкор аз шаҳри Бохтар, дар бунёди муассисаи томактабии хусусӣ барои 140 ҷой, Толиб Мирзораҳим - соҳибкор аз ноҳияи Данғара, барои бунёди қасри фарҳанг дар Ҷамоати деҳоти "Оқсу”, Маъруфхӯҷа Раҳмонқулов - соҳибкор аз ноҳияи Қубодиён барои бунёди боғчаи бачагона дар деҳоти 20-солагии Истиқлолият, Саъдулло Ғафуров - соҳибкор аз ноҳияи Кӯшониён, бунёди корхонаи истеҳсоли равғани рустанӣ ва чандин соҳибкоронро метавон номбар кард, ки саҳми худро дар корҳои ободонӣ бахшида, ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузоштаанд.

Ба ҳамаи онҳое, ки дар амалӣ гардонидани Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузорӣ намудаанд, бахусус, ба намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, бори дигар аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят миннатдорӣ баён мекунам

Боварӣ аст, ки дар солҳои 2020 ва 2021 соҳибкорон, шахсони барӯманд ва сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят иқдомоти наҷиби худро барои боз ҳам гул-гулшукуфии шаҳру ноҳияҳо ва деҳотҷойҳо равона хоҳанд кард.

Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимою иқтисодии вилоят дар соли 2019 аз рӯйи нақша ва барномаҳои тасдиқшуда таъмин гардида, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, фаъолон ва сокинони вилоят бобати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикргардида тадбирҳо андешида, нишондиҳандаҳои пешбинишудаи солро бо натиҷаҳои мусбат ҷамъбаст намуданд.

 

ИҚТИСОД

Нақшаи андоз бо назардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 100,1 фоиз таъмин шуда, ба буҷет як миллиарду 467 миллион сомонӣ ворид гардид, ки нисбати нақша 2,1 миллион сомонӣ ва ҳамин давраи соли гузашта 179,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар таъмини нақшаи андозҳо ҳиссаи шаҳру ноҳияҳои Норак, Балҷувон, Данғара, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Темурмалик ва Ш. Шоҳин назаррас буда, онҳо иҷрои нақшаи қисми даромади буҷетро барзиёд таъмин ва маблағҳои барзиёдиро барои вусъатдиҳии корҳои ободонӣ равона намуданд.

Бақияпулиҳои андоз ба 1 декабри соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 169 миллион сомониро ташкил дода, нисбати аввали сол 14 миллион сомонӣ кам гардид.

Соли 2019-ум 3024 қарори маҷбуран ситонидани қарзи андозҳо ба маблағи 107 миллион сомонӣ қабул гардида, аз ин ҳисоб ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 86 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.

Шумораи соҳибкорони бо патент ва шаҳодатнома фаъолиятдошта 32,4 ҳазор нафар, ё ин ки нисбати соли гузашта 523 нафар афзоиш ёфта, аз ҳисоби онҳо ба буҷети шаҳру ноҳияҳо 98,3 миллион сомонӣ маблағ ворид гардид.

Дар вилоят шумораи нафақагирон 249,3 ҳазор нафар буда, аз ҷумла нафақагирони маъюб 52,7 ҳазор, маъюби то 18-сола 11,1 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Ҳисоби миёнаи маблағи нафақапулии онҳо мутаносибан 292, 278 ва 242 сомониро ташкил медиҳад.

Барои пардохти маблағи нафақапулиҳо ба суратҳисоби Фонди суғуртаи иҷтимоӣ 875,7 миллион сомонӣ равона карда шуд, ки 98,5 фоизи талаботро ташкил медиҳад.

Дар соли 2019 ба ташкилоту муассисаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 1 миллиарду 687 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ равона карда шуд. Аз ҳаҷми умумии маблағҳо 1 миллиарду 479 миллион сомонӣ ё 87,6 фоиз ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рост омад.

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷти-моиёти вилоят 30 лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ татбиқ шуда, аз ҳисоби онҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 469 миллион доллари амрикоӣ азхуд карда шудааст.

Соҳибкорони вилоят дар соли 2019 ба Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии сармоягузории ҷумҳурӣ 99 лоиҳаи қарзӣ ва сармоягузорӣ ба маблағи 461 миллион сомонӣ пешниҳод намуда, ба 7 лоиҳа 7,5 миллион сомонӣ маблағи қарзи имтиёзнок ҷудо карда шудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳо ва вилоят барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ мавриди амал қарор дошта, барномаи шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Хуросон, А. Ҷомӣ ва Қубодиён бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боқимонда бо қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳру ноҳияҳо қабул гардида, ба рушди иҷтимоию иқтисодии маҳал мусоидат намуда истодааст. Иҷрои Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят барои солҳои 2016-2020-ум 98 фоиз таъмин гардидааст.

Гардиши савдои хориҷии вилоят 404,5 миллион доллари америкоиро ташкил дод, ки ин нисбати соли гузашта 36,4 миллион доллар ё 9,9 фоиз зиёд мебошад. Дар гардиши савдои хориҷӣ содирот ба 46 фоиз ва воридот ба 54 фоиз баробар мебошад.

Дар содироти молу маҳсулоти вилоят ба хориҷи кишвар ҳиссаи нахи пахта 23 фоиз, калобаи ресандагӣ 21 фоиз, семент 15 фоиз ва қувваи барқ 34 фоизро ташкил дода, ба вилоят аз хориҷи кишвар, асосан, шакар, нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ, гӯшт ва орду гандум ворид гардидааст.

Шарикони рушди вилоят дар содироти молу маҳсулот ба хориҷи кишвар, асосан, Федератсияи Россия (8,3%), Ӯзбекистон (3,7%), Афғонистон (51,7%), Туркия (13,4%), Чин (11,6%), Покистон (5,6%) ба ҳисоб мераванд.

Дар минтақаҳои озоди иқтисодии «Данғара» 25 субъект ва "Панҷ” 16 субъект ба қайд гирифта шудаанд. Соли 2019 дар Минтақаи озоди иқтисодии "Данғара” ҷалби сармояи хориҷӣ ба маблағи 129,2 миллион сомонӣ ворид гардида, аз аввали фаъолият як миллиарду 780 миллион сомонӣ аз худ шуда, ба маблағи 36,8 миллион сомонӣ молу маҳсулоти гуногуни саноатӣ истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2018-ум 12,2 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Шумораи коргарон ба 407 нафар расида, нисбати соли 2018-ум 107 нафар зиёд гардида, ба буҷет 9,9 миллион сомонӣ андозҳо ва пардохтҳои гумрукӣ пардохт карда шудааст.

Фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ” ба беҳбудӣниёз дошта, соли 2019 ҳамагӣ ба маблағи 3,9 миллион сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардида, ба маблағи 974 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол ва ба буҷет 192 ҳазор сомонӣ андоз ва пардохтҳои гумрукӣ ворид карда шудааст.

Низоми бонкӣ бояд дар рушди иқтисодиёти вилоят мусоидат намояд. Бонкҳои вилоят дар соли 2019 ба соҳаҳои иқтисодиёт 1 миллиарду 298 миллион сомонӣ қарзҳои бонкӣ ҷудо намуданд, ки ин нисбати соли 2018-ум 154 миллион сомонӣ зиёд аст. Аз маблағи умумии қарзи бонкии ҷудогардида 487 миллион сомонӣ ё 38 фоиз ба бонки давлатии "Амонатбонк” ва бонкҳои тиҷоратӣ ва 811 миллион сомонӣ ё 62 фоиз ба ташкилотҳои қарзии хурд рост меояд.

Гардиши моли чакана ба 6 миллиарду 658 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 2 миллиарду 64 миллион сомонӣ расида, иҷрои дурнамо мутаносибан 105,8% ва 102,5 фоизро ташкил дод. Нисбати соли 2018 гардиши моли чакана 1 миллиарду 798 миллион сомонӣ ва хизматрасонии пулакӣ 198 миллион сомонӣ афзоиш ёфт.

Яке аз масъалаҳои асосие, ки ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва ба шуғл фаро гирифтани шаҳрвандон мусоидат менамояд, таъсиси ҷойҳои нави кории доимӣ ва дуруст ба роҳ мондани касбомӯзии ҷавонон ва калонсолон ба ҳисоб меравад.

Дар Паёми навбатии Роҳбари давлат ба ин масъала диққати махсус дода, вазорату идораҳои дахлдор ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ вазифадор гардиданд, ки дар 10 соли пешомад ҳар як фарди корҷӯ бояд соҳиби як ё ду ихтисоси касбӣ гардад.

Соли 2019 дар вилоят 50697 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд, ки аз шумораи умумӣ 29,8 ҳазор ё 59 фоизи он мавсимӣ ба ҳисоб меравад. Аз ҳисоби 310 ярмаркаи ҷойҳои кории холии баргузоргардида, дар маҷмӯъ 6413 нафар бо ҷойи кор таъмин карда шудаанд. Ҳамзамон, 6340 нафар шаҳрвандон ба касбомӯзӣ ҷалб гардида, соҳиби ихтисосҳои гуногун гардиданд.

Қарзи музди меҳнат дар соҳаҳои истеҳсолӣ ба 1 декабри соли 2019 нисбати аввали сол 992 ҳазор сомонӣ кам гардида, 6,1 миллион сомонӣ боқӣ мондааст.

 

КИШОВАРЗӢ

Дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаи афзалиятнок арзёбӣ гардида, ба роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо барои зиёд намудани майдони кишти зироатҳо, истеҳсоли маҳсулот, бахусус, маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда, ташкили гармхона, сардхонаҳо ва ба ин васила беҳтар намудани таъмини бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти худӣ, коркарди он супоришҳои мушаххас дода шуд.

Соли 2019 ҷавобан ба дастуру супоришҳои Роҳбари давлат рушди соҳаи кишоварзӣ аз рӯйи дурнамои пешбинишуда таъмин гардид. Дар ин сол ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 14,5 миллиард сомонӣ расида, афзоиши он нисбат ба соли 2018-ум 8,5 фоизро ташкил менамояд.

Ҷиҳати баланд гардидани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқавории мардуми кишвар ва замина гузоштан барои ҳосили соли оянда, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят хамагӣ 42 ҳазор тонна тухмии зироатҳои ғалладона ва лӯбиёгиҳо, 5,7 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ, 44,5 тонна сабзавот ва 10,7 ҳазор тонна чигити тухмӣ захира карда шудааст.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ, бо истифода аз тухмиҳои серҳосил ба ҳолати 1 январи соли 2020 истеҳсоли ғалладонагиҳо 870,3 ҳазор тонна, пахта 267 ҳазор тонна, картошка 223 ҳазор тонна, сабзавот 1 миллиону 259 ҳазор тонна, полезӣ 559 ҳазор тонна, мева 202 ҳазор тонна ва ангур ба 106 ҳазор тонна расонида шуда, суръати афзоиш нисбати соли 2018 аз 1,4 то 49,2 фоизро ташкил медиҳад. Истеҳсоли картошка дар вилоят 124,7 фоиз таъмин гардид.

Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар майдони 17913 гектар кишти зироатҳои барвақтии тирамоҳӣ, аз он ҷумла 11929 гектар сабзавот, аз он 701 гектар карам, 1746 гектар сабзӣ, 8828 гектар пиёз ва 655 гектар дигар сабзавот 2737 гектар картошка ва 3247 гектар зироатҳои хӯроки чорво гузаронида шуд, ки дар маҷмӯъ нисбати соли 2018-ум 2379 гектар зиёд мебошад.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 1171 гектар боғу токзорҳои нав, аз ҷумла дар заминҳои лалмӣ 930 гектар бунёд гардида, иҷрои нишондиҳандаи Барномаи рушди соҳаи боғу токпарварӣ 77,8 фоиз таъмин гардид. Инчунин, дар ин давра 262,9 гектар боғ ва 67 гектар токзор барқарор карда шуданд.

Бо мақсади таъмини аҳолӣ бо сабзавоти тару тоза ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар майдони 53 гектар гармхонаҳои доимоамалкунанда ва 653 гектар мавсимӣ 33,5 ҳазор тонна маҳсулот (помидор, бодиринг ва дигар сабзавот) истеҳсол ва ба фурӯш бароварда шуда, ба фаровонии бозори истеъмолӣ ва коҳишёбии нарх мусоидат намуд.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидории вилоят 991,3 ҳазор сар чорвои калони шохдор, 2,3 миллион сар гӯсфанду буз, 58,6 ҳазор сар асп, 2 миллиону 35 ҳазор сар паранда, 61,2 ҳазор оилаи занбӯри асал ва 37,5 ҳазор сар харгӯш парвариш ёфта, афзоиши он нисбат ба соли 2018-ум 11,5 ҳазор сар чорвои калони шохдор, 22,4 ҳазор сар гӯсфанду буз, 201 сар асп, 222,1 ҳазор сар паранда, 509 оилаи занбӯри асал ва 525 сар харгӯш зиёд мебошад.

Дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ 155,9 ҳазор тонна гӯшт, 500,9 ҳазор тонна шир, 85,3 миллион дона тухм, 5332 тонна пашм, 1012,1 тонна асал ва 2236,3 тонна моҳӣ истеҳсол карда шуда, афзоиш нисбати соли 2018 аз 1,6 то 37,7 фоизро ташкил медиҳад.

Дар шаҳру ноҳияҳо 29 хоҷагиҳои зотпарварӣ мавҷуд буда, дар ин хоҷагиҳо 5086 сар чорвои калони зотҳои шветсу зебумонанд, сиёҳало, сименталӣ ва қазоқии сарсафед, 110,8 ҳазор сар гӯсфандҳои зотҳои қароқулӣ, ҳисорӣ, тоҷикӣ, маҳинпашми дарвозӣ ва 421 сар аспи зоти тоҷикӣ парвариш карда мешавад.

Дар соҳаи моҳипарварӣ низ муваффақиятҳо назаррас буда, дар бахшҳои ҷамъиятӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 241 ададро ташкил намуда, ба онҳо 2175,7 гектар кӯлҳо ва ҳавзҳо вобаста карда шуда, 2050 тонна моҳӣ истеҳсол гардида, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ 20 адад, масоҳати кӯлу ҳавзҳо 51,3 гектар ва истеҳсоли моҳӣ 669,4 тонна зиёд карда шуд.

Аммо дар вилоят барои боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли моҳӣ захираву имкониятҳо хеле зиёданд, чунки ҳоло ҳам, шаҳру ноҳияҳое, ки ба моҳипарварӣ машғуланд, аз як гектар ҳавз то 2 тонна моҳӣ истеҳсол менамоянд, ки ин ба талаботи имрӯза ҷавобгӯй намебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин соҳа таваҷҷуҳи хоса дошта, хоҷагиҳои моҳипарвариро аз тамоми намуди андоз озод намудааст.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамагӣ 1039,1 ҳазор тонна хошоки дурушт ва 52 ҳазор тонна хӯроки ширадор захира карда шудааст, ки захираи хошоки дурушт 139,4 фоизи иҷрои дурнаморо ташкил намуда, нисбати соли 2018-ум 242,9 ҳазор тонна зиёд ва ба як сар моли шартӣ 22,2 сентнер воҳиди хӯрока рост меояд.

Соли 2019 ҷиҳати пешгирии маҳсулоти хӯроквории пастсифат корҳои муайяне ба анҷом расонида, 21,1 тонна гӯшт, 15,9 ҳазор дона тухм, 63,7 тонна меваю сабзавот, 5,5 тонна шир ва маҳсулоти ширӣ, 1,7 тонна равғани рустанӣ, 703 килограмм моҳӣ, 535 килограмм асал, 7,1 тонна маҳсулоти хушк ва 16,8 тонна анвои полезӣ аз фурӯш боздошта шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 590,2 ҳазор бех ниҳол, аз ҷумла 338,8 ҳазор бех ниҳолҳои сояафкан, 162,8 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабз, 88,6 ҳазор бех ороишӣ, 268,9 ҳазор дона лола, 817,3 ҳазор бех садбарг ва 5208,3 ҳазор бех дигар намуди гулҳо шинонида, 165,4 ҳазор м2 алафҳои ҳамешасабз кишт гардида, дар шоҳроҳҳои ҳудуди вилоят 22,6 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун шинонида шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар нуқтаҳои қабул 262,6 ҳазор адад лампаҳои симобдори аз истифодабаромада ҷамъоварӣ шуда, 118,5 адади он барои безараргардонӣ интиқол дода шуд.

Соли 2019 дар майдони 228 гектар ҷангалҳои нав бунёд карда шуда, дар майдони 555 гектар ҷангалҳои куҳна аз нав барқарор карда шуда, дар хоҷагиҳои ниҳолпарварии вилоят 1 миллиону 165 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун парвариш ёфта, 749,5 бех ниҳолҳо барои фурӯш омода мебошад.

Ба 1 январи соли 2020-ум 6347 ҳолатҳои вайронкунандагони қонун-гузории замин дар майдони 5321 гектар ошкор карда, ба маблағи 2 миллиону 35 ҳазор сомонӣ ҷарима баста шуд.

Дар соли 2019 ба истифодабарандагони об дар ҳаҷми 2269,3 миллион метри мукааб бо арзиши 41,4 миллион сомонӣ об дода шуда, 35,3 миллион сомонӣ ё 85,3 фоизи маблағи оби додашуда ҷамъоварӣ шуда, бақияи қарзи ҳаққи хизмати обрасонӣ ба 79,2 миллион сомонӣ баробар гардида, нисбат ба аввали соли ҷорӣ 6,1 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст.

Соли 2019 аз 33,8 миллион сомонӣ маблағи ҳисобишудаи неруи барқ ҳамагӣ 20,5 миллион сомонӣ пардохт шудааст, ки он 60,6 фоизи маблағи барқи истифодашударо ташкил медиҳад.

Ҷиҳати идома бахшидан ба корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ба қадри зарурӣ маводҳои лозима, аз ҷумла сӯзишворӣ 108770 литр, семент 1254 тонна, арматура 69 тонна, симтаноб 11940 метр ва симтӯр 23600 метри мураббаъ ҷудо карда, аз маводҳои ҷудогардида 318,5 ҳазор метри мукааб корҳои заминӣ иҷро гардид 55308 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ тайёр карда якҷоя бо бақияи соли гузашта 52334 адад бо 5920 метр симтаноб васлу насб ва 19900 метри мураббаъ симтӯр хобонида дарозии 11875 метр саддҳои ҳимоявии сою дарёҳо мустаҳкам карда шуд.

 

САНОАТ ВА

ЭНЕРГЕТИКА

Рушди соҳаи саноат аз рӯйи дурнамои тасдиқгардида таъмин гардида, соли 2019 ба маблағи 8 миллиарду 507 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шуда, ҳаҷми истеҳсол нисбати соли 2018 ба маблағи 1 миллиарду 147 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Аз ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, ҳиссаи саноати коркард 49,8 фоиз, саноати истихроҷи маъдан 4,2 фоиз, истеҳсоли неруи барқ ва газ 39,5 фоиз, тақсимоти неруи барқ ва дигар хизматрасонӣ 6,5 фоизро ташкил медиҳад.

Соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳо 90 корхона ва коргоҳҳо боназардошти 865 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Бояд қайд намуд, ки тибқи "Нақшаи бунёди корхона ва коргоҳҳои саноатӣ барои соли 2020” бо пешниҳоди мақомоти иҷроияи маҳалли ҳокимияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, сохта ба истифодадиҳии 112 адад бо таъсиси 1637 ҷойи корӣ пешбинӣ шудааст, ки татбиқи он тақвияти фаъолияти масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳия, ҷамоатҳои шаҳраку деҳотро дар ин самт тақозо менамояд.

Соли 2019 дар вилоят 482,3 ҳазор метри мукааб ва ё дар сатҳи 110,3 фоизи соли пешин рег, сангу шағал истеҳсол шуд.

Дар соли сипаригардида аз ҷониби корхонаҳои ресандагӣ дар вилоят 17,4 ҳазор тонна ришта истеҳсол шудааст, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 12,9 фоиз ё ба миқдори 1990 тонна афзоиш ёфтааст. Корхонаҳои истеҳсоли газвор дар қиёс ба соли 2018 наздики 5 ҳазор метри мураббаъ газвор зиёд истеҳсол кардаанд

Соли 2019 дар вилоят 1195 тонна маҳсулоти шири холис истеҳсол шуда, ин нишондиҳанда дар қиёс ба соли 2018 наздики 40 тонна ва ё 3,3 фоиз зиёд аст.

Аз 28 корхона ва коргоҳи консервабарорӣ 15 ададашон фаъолият карда, ба миқдори 5,1 миллион қуттии шартӣ консерва истеҳсол намуданд, ки дар қиёс ба соли 2018-ум 263 ҳазор қуттӣ ва ё 5,4 фоиз зиёд мебошад. Корхонаҳои мевахушккунӣ низ ҳаҷми истеҳсоли меваи хушкро барзиёд таъмин намуданд.

Соли гузашта дар вилоят 320,7 ҳазор тонна ё 103,5 фоизи соли 2018 орд истеҳсол шуд.

Корхонаҳои қаннодӣ якҷо бо бахши хусусӣ 1050 тонна ё нисбат ба соли 2018 ҳаҷми истеҳсолро ба 145 фоиз расониданд.

Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯлоб, Норак ва Панҷ корхонаи истеҳсоли макарон ба роҳ монда шуда, 34,2 тонна маҳсулоти макаронӣ истеҳсол шудааст, ки ин нишондиҳанда ба 102,1 фоизи соли 2018 баробар мебошад.

Корхонаҳои равғанбарорӣ якҷо бо бахши хусусӣ дар вилоят 12,2 ҳазор тонна равғани рустанӣ истеҳсол намуда, ҳаҷми истеҳсолро назар ба соли 2018-ум 808 тонна ё 7,1 фоиз зиёд намуданд.

Тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини муассисаҳои таълимӣ бо либоси мактабӣ тавассути корхона ва коргоҳҳои маҳаллӣ бо нархҳои даст-рас дастур шудааст. Таҳлили маълумоти оморӣ нишон медиҳанд, ки соли 2019 корхона ва коргоҳҳои дӯзандагии вилоят 307,6 ҳазор либоси мактабӣ истеҳсол намудаанд, ки ин нишондиҳанда ба 75 фоизи нақша баробар мебошад.

Мувофиқи маълумоти Раёсати маорифи вилоят дар давоми сол 211,4 ҳазор хонанда сарулибоси мактабиро аз корхонаҳои худӣ харидорӣ намудаанд.

Соли 2019 дар вилоят 367,2 тонна пилла истеҳсол шуд, ки ин нишондиҳанда дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2018 дар ҳаҷми 105,2 тонна ва ё 40,2 фоиз зиёд мебошад. 20 шаҳру ноҳияи пиллапарвари вилоят дурнамои пилласупориро таъмин намудаанд.

Соли 2019 ба аҳолӣ ва хоҷагии халқи вилоят 2,8 миллиард кВт/соат неруи барқи фоиданок, ба маблағи 590,8 миллион сомонӣ, аз он ҷумла, ба аҳолӣ ба маблағи 228,9 миллион сомонӣ дода ҷамъоварии маблағи он мутаносибан 88,6 ва 95,6 фоизро ташкил кардааст.

 

НАҚЛИЁТ ВА РОҲ

Соли 2019 ҳаҷми боркашонӣ 21,9 миллион тонна иҷро гардида, мусофиркашонӣ ба 95,9 миллион нафар расонида шуда, суръати афзоиш нисбати соли 2018 мутаносибан 1,3 ва 13,8 фоизро ташкил дод.

Аз ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 159,1 миллион сомонӣ корҳои таъмиру азнавсозии роҳҳо гузаронида шуда, 335 километр роҳҳо таъмири асосӣ, 2138 километр таъмири ҷорӣ, 992 километр сангфарш ва 86 пул бо дарозии 1236 метр корҳо иҷро гардид, ки нисбати соли 2018-ум 103,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар роҳҳои автомобилгарди вилоят 945 пул мавҷуд буда, то ҳол 31 адад пул, аз ҷумла, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб 2 адад, Восеъ 10 адад, Данғара 3 адад, Бохтар ва Кӯшониён 2 ададӣ, Вахш, Хуросон, Дӯстӣ, Қубодиён, Ҷ. Балхӣ, А.Ҷомӣ, Ҷайҳун, Ёвон, Ш. Шоҳин, Фархор, Ховалинг 1- ададӣ пулҳо таъмирталаб мебошанд.

Дар фаъолияти раёсатҳои хадамоти давлатии назорат ва танзими минтақаи Бохтар ва Кӯлоб ҳоло ҳам камбудиҳо ҷой дошта, баъзе аз соҳибкорони ба мусофиркашонӣ машғулбуда бе роҳхат, бе муоинаи ҳолати техникӣ ва тиббӣ фаъолият менамоянд. Бетартибиҳо ва тамбашавӣ дар атрофи бозорҳои марказии шаҳри Бохтар, ба мисли "Фаровон”, "Ҳоҷӣ Шариф” инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Ҷ. Балхӣ, Шаҳритуз, Қубодиён, Дӯстӣ, Панҷ, Восеъ, Вахш ва А. Ҷомӣ ҳанӯз ҳам ҷой доранд.

Соли 2019 иҷрои нақшаи даромади тарифӣ ва ҳизматрасонӣ дар ҶСК "Тоҷиктелеком” нисбати соли 2018 мутаносибан 93,2 ва 91,6 фоизро ташкил дода, нақшаи даромади тарифӣ ва хизматрасонӣ дар корхонаи фаръии «Почтаи Тоҷик» дар вилоят нисбат ба соли 2018 мутаносибан 112 ва 110 фоиз таъмин гардидааст.

Соли 2019 аз истгоҳҳои роҳи оҳани вилояти Хатлон тариқи минтақаи Хушодӣ-Термез 3604 тонна семент ва зерчӯб берун аз кишвар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон содирот ва 87 ҳазор тонна маҳсулоти гуногун ворид шуда, боркашонии маҳаллӣ 169 ҳазор тоннаро ташкил дода, ба 44 ҳазор нафар мусофир хизмат расонида шудааст.

Дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ соли 2019 миқдори хатсайрҳои хизматрасонӣ дар ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Кӯлобу Бохтар» 584 рейсро ташкил намуда, ҳаҷми хизматрасонӣ ба мусофирон 158,1 ҳазор нафарро ташкил намуда ва 2362 тонна бағоҷ интиқол дода шудааст.

 

СОХТМОН

Соли 2019 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 2 миллиарду 541 миллион сомонӣ аз худ карда шуданд. Аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузории давлатӣ 363,8 миллион сомонӣ, ҷамъиятҳои масъулияташ маҳдуд 103,6 миллион сомонӣ, соҳибкорон 503,2 миллион сомонӣ, аҳолӣ 122,3 миллион сомонӣ, сармояи хориҷӣ 1 миллиарду 369 миллион сомониро ташкил дода, ба маблағи 2,8 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта шуданд.

Дар вилоят 2150 бинову иншоотҳо бо қарорҳои дахлдори раисони шаҳру ноҳияҳо ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ ба ҳисоботи оморӣ ворид гардид. Инчунин, 1727 хонаи шахсӣ дар масоҳати 250,7 ҳазор метри муррабаъ мавриди истифода қарор дода шуда, суръати афзоиш 126,9 фоизро ташкил дод.

Дар соҳаи маориф дар 87 мактаб 413 синфхона барои 10338 талаба дар як баст ва 10 муассисаи томактабӣ барои 365 ҷой, дар соҳаи тандурустӣ 5 беморхона барои 244 кат, 27 маркази саломатӣ барои 828 қабули беморон дар як баст, 63 бунгоҳи тиббӣ, 18 толори варзишӣ, 93 майдончаи варзишӣ, 15 меҳмонхона, 119 км хатти оби нӯшокӣ, 1200 маркази тиҷоротиву хизматрасонӣ ва дигар бинову иншоотҳо ба истифода дода шудааст.

Барои ҳавасманд намудани соҳибкорон, шахсони ҳимматбаланд ва сокинони деҳаҳое, ки дар корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншоотҳои ҷашнӣ саҳм мегузоранд, озмуни вилоятии «Ободгари Ватан» бо қарори раиси вилояти Хатлон тасдиқ гардида, ғолибон ҳар як семоҳа бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии раиси вилоят сарфароз гардонида мешаванд.

 

КОММУНАЛӢ

Корҳои бунёдкорӣ, созандагӣ, ободонӣ, бунёди гулгашту хиёбонҳо, сабзу зебогардонӣ, ташкили гармхонаҳо барои парвариши гул, шинонидани онҳо, тозагии муҳити зист, баровардани саривақтии партовҳо беҳбудиро талаб мекунанд.

ИҶТИМОИЁТ

Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаҳои иҷтимоиёт, аз ҷумла маориф, илм, фарҳанг, сиҳатии омма, занону ҷавонон, варзиш, сайёҳӣ, ки дар рушди минбаъдаи давлат мавқеи муҳим доранд, диққати махсус дода, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба масъалаи беҳтар намудани соҳаҳои болозикр таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамояд. Дар соли 2020 аз ҳаҷми умумии қисми хароҷоти буҷет як миллиарду 606 миллион сомонӣ ё 88 фоиз ба соҳаҳои иҷтимоӣ пешбинӣ карда шудааст, ки нисбати соли 2019-ум 88 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Бояд зикр намуд, ки сол то сол дар шаҳру ноҳияҳои вилоят заминаи моддӣ-техникии муассисаҳои таълимӣ ва шароити мусоид барои хонандагон муҳайё гардида истодааст. Дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар соли хониши 2019-2020 шумораи муассисаҳои таълимӣ 6 адад ва шумораи хонадагон 23625 нафар афзуда, 19 муассиса, аз ҷумла 15 адад аз низоми таҳсилоти асосӣ ба миёнаи умумӣ табдил дода шуданд.

Бо мақсади таъмини рушди соҳаи тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ 7 муассисаи хусусии томактабӣ, аз ҷумла дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 2, Кӯлоб 2, Левакант 1, Муъминобод 1 ва Кӯшониён 1 ададӣ фаъолият доранд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис-тон барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021 тасдиқ гардидааст. Дар давраи амалишавии Барнома пешбинӣ шудааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 566 муассисаҳои таълимӣ барқарор ва аз таъмир бароварда шаванд. Ба ин мақсад аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ 1,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки 18 фоизи он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ, 20 фоиз аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ва 62 фоизи дигар аз манбаъҳои ғайрибуҷетӣ иборат мебошад. Мониторинги барнома нишон дод, ки аз давраи амалишавӣ аз рӯйи барнома ва берун аз он 118 иншооти соҳа мавриди истифода қарор дода шуданд.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ҳамасола озмунҳои вилоятии беҳтаринҳои «Муассисаи таълимӣ», «Муассисаи томактабӣ», «Муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва интернатӣ», «Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо», «Маркази технология ва коммуникатсия», "Кабинети методӣ”, «Муаллими сол», «Мураббии сол», "Хонандаи сол” ва "Навовару ихтироъкори ҷавону навраси сол” баргузор гардида, ғолибон бо ифтихорнома, сипоснома ва мукофотҳои молиявии раиси вилоят қадрдонӣ карда мешаванд.

Соли 2019 дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявии фаннии мактаббачагон шогирдони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилоят сазовори 267 ҷойи ифтихорӣ гардидаанд, ки аз ин шумора 52 медали тилло, 61 медали нуқра ва 154 медали биринҷӣ буда, нисбат ба соли гузашта 84 ҷойи ифтихорӣ зиёд аст.

Дар соли 2019, бо мақсади дастгирӣ ба тарбиягирандагони муассисаҳои интернатии вилоят дар арафаи идҳо ва ҷашну маросимҳои миллӣ аз ҳисоби муассисаҳои сарпараст, соҳибкорон ва шахсони алоҳида, дар маҷмӯъ, ба маблағи 648,2 ҳазор сомонӣ кумак расонида шуда, алҳол чунин иқдомҳои неку наҷибона идома доранд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ёвон. Корхонаҳои саноатӣ ба хориҷа ба маблағи қариб ним миллиард сомонӣ маҳ ...

Иқтисоду тиҷорат

Хуросон. 1600 тонна маҳсулоти кишоварзӣ дар сардхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад

Арсаи кишоварзӣ
Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Таъсиси 750 ҷойи нави корӣ

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, АСАЛМО САФАРОВА
Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Аз таъсиси ҷойҳои нави корӣ сатҳи зиндагии мардум боло меравад

Ҳокимияти давлатӣ
Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Дастовардҳои Хатлон дар соли 2014

Иқтисоду тиҷорат