Дар як сатр

НАШЪАМАНДӢ - ВАБОИ АСР

8-01-2020, 07:01

Яке аз масъалаҳои муҳими ҳалталаби глобалии ҷаҳон ин вабои аср-нашъамандӣ мебошад, ки торафт доман паҳн намуда, тақдири насли ояндаи аҳли башарро ба хатар андохт.

Нашъамандӣ инсонро, ба доми ғафлат мекашад, ки дар натиҷа аз ҷамъият қафо монда на танҳо худ-ро ба ин беморӣ гирифтор мегардонад, балки тамоми оила ва хешу ақрабояшро низ ба пастиҳо оварда мерасонад.

Ин бемории ғайриодӣ одамро боз ба дигар кирдорҳои ношоиста тела дода, оқибат инсонро ба вартаи марг ё кунҷи зиндон мебарад.

Имрӯзҳо барои пешгирӣ аз ин амали нанговар дар тамоми олам, алалхусус дар Тоҷикистон, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру ноҳияҳо, Кумитаи кор бо ҷавонон, сайёҳӣ ва варзиш ва дигар корхонаҳои давлатию ғайридавлатӣ ба ин корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва суҳбатҳои озод мегузаронанд. Ин ғамхории давлат ҷавонон ва наврасонро аз ҳар гуна амалҳои номатлуб, ба монанди нашъамандӣ, дуздӣ, куштор ва дигар намудҳои ифротгароӣбозмедорад.

Аз ин лиҳоз, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон майдончаҳои варзишӣ, сехҳои қаннодиву дӯзандагӣ ва омӯзишгоҳҳои касбӣ мунтазамфаъ-олият доранд, то ин ки дар вақтҳои холигӣ наврасону ҷавонон ба корҳои беҳуда овора нагарданд.

Таваҷҷуҳи бевосита ва иқдоми неки пешгирифтаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ҳидоят намудани ҷавонон ба илмомӯзӣ ва аз худ кардани касбу ҳунар, ки хусусиятҳои неку меҳнатдӯстиро дар замири онҳо бедор мекунад, назаррас мебошад.

Ин аст, ки ҷавонони мо имрӯзҳо дар ҳама ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими таърихию сиёсии байналмилалӣ иштироки фаъолона доранд, ки ин худ гувоҳи сазовор гаштан ба боварии Сарвари давлат мебошад.

Фарзона Раҳмонова,

Ардашер Раҳмонов




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ

Ҷавонон ва варзиш
Дурӣ аз нашъамандӣ кафили солимии оила ва ҷомеа аст

Дурӣ аз нашъамандӣ кафили солимии оила ва ҷомеа аст

Тандурустӣ ва экология
Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Ҷомеаи солим бидуни маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш
Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Бақайдгирии 502 нашъаманди аз 18 то 29-сола

Бақайдгирии 502 нашъаманди аз 18 то 29-сола

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА