Дар як сатр
» » ДӮСТРО АЗ ДУШМАН ФАРҚ МЕБОЯД КАРД

ДӮСТРО АЗ ДУШМАН ФАРҚ МЕБОЯД КАРД

8-01-2020, 06:52

Таърих гувоҳ аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кӯшишу талоши бесобиқа, заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибтамаддун дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш гардид ва сулҳу салоҳ, ваҳдати миллӣ танин андохт. Сарзамини куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷикон аз вартаи ҳалокатбор наҷот ёфт, мамлакат ба як кишвари аз лиҳози сиёсӣ орому осуда табдил гардид, роҳу равиши сулҳофарии тоҷикон дар арсаи байналхалқӣ боиси омӯзиш қарор гирифт.

Дар шароити кунунии авзои ҷаҳону минтақа ва хосатан дар шароите, ки сарзамини мо аз нигоҳи ҷуғрофӣ хатти дарози сарҳад бо кишварҳои хориҷ дорад, ҳифз намудани сулҳу субот ва таъмини амният басо заҳматталаб буда, ҳушёриву зиракии доимиро металабад. Дар ин раванд баробари омодабошии ҳамешагии Қувваҳои мусаллаҳ, ҳушёриву зиракии ҳар як сокини ин хоку бум, бояд бо масъулияти инсонию шаҳрвандӣ, бо ҳисси ватандӯстиву хештаншиносӣ баҳри ҳифзи марзу бум худро масъул ҳисобад. Аз душманони дохилу хориҷ эҳтиёткор бошад, ба ҳар рӯйдоди давр амиқ назар андозад, худиро аз бегона фарқ намояд, хиёнаткору ватанфурӯшро заррае набахшад.

Мутаассифона, дар ҷомеаи мо ҳастанд баъзе ашхоси носипос, гурӯҳҳои манфиатҷӯй, ки ба хотири манфиатҳои молиявӣ ва шахсиву гурӯҳиашон муваффақиятҳои ватанро нодида мегиранд ва барои расидан ба мақсадҳои нопоки худ аз ҳар роҳу усул истифода мебаранд. Ба ин ҳаракатҳои экстремистие, ба монанди гурӯҳи бо ном Давлати исломӣ, Ҳизб-ут-таҳрир, Салафия, Ал-қоида, ҲИУ ва ҳизби наҳзати исломӣ, ки бинобар гурӯҳҳои террористӣ буданашон фаъолияташон манъ аст, дохиланд. Роҳбарони ҳизби мамнуъи наҳзати ислом, ки дар аксари давлатҳо чун ташкилоти террористӣ медонандаш, бахусус раиси фирории он, зархариди аҷнабиён М. Кабирӣ дар баъзе аз кишварҳои Аврупо бо супориш ва роҳнамоии хоҷагонаш, аз дурӣ ба сӯи ватан ва давлатдории миллии тоҷикон санг меандозад.

Пӯшида нест, ки дар баъзе аз кишварҳои манфиатдор ва хоҷагони ТТЭ ҲНИ чун диданд, ки Тоҷикистонро ба мисли Афғонистону Покистон ва Сурияву Ироқ бо истифода аз номи ислом ба майдони ҷангу хунрезӣ табдил дода наметавонанд, ба бадномсозии давлату Ҳукумат даст мезананд. Вале то ҳанӯз дарк накардаанд, ки миллати тоҷик аллакай симои ҳақиқии М. Кабирию ҳаммаслакон ва пуштибонони хориҷиашро ба хубӣ мешиносад. Ҳар фарди сулҳхоҳи ин сарзамини аҷдодӣ ба хубӣ медонад, ки ташкилоти террористии ҳизби мамнуъи наҳзати ислом, ки онро ташкилоту равияҳои алоҳидаи хориҷӣ бо мақсади пиёда намудани ҳадафҳои геосиёсиашон ташкил намуаанд, ҳаргиз дар фикри ободию осоиши ин марзу бум нестанд.

Дар ин маврид, як нуктаи аламоварро қайд кардан зарур аст, ки баъзе ҷавонони аз дини мубини ислом пурра бехабар, ба гуфтаҳои ин тоифа худобехабарон фирефта шуда, вазъгӯиҳои бебунёди онҳоро мепазиранд. Дар сайтҳои шахсии интернетии худ расму даъватҳои душманони миллату давлатро ҷой мекунанд, ба дӯстони худ мефиристанд. Ба мушоҳида мерасад, ки ин қабил ҷавонон, бештар онҳоеанд, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд. Онҳо дур аз ватан, бехабар аз ободониву бунёдкориҳои давр, саҳми падарону модарон дар пешравиҳои истеҳсолот, ба ҳар гуна васвасаву бадномкунии давлату миллат, ки душманон мебофанд, ба осонӣ бовар мекунанд ва худро дар қатори онҳо мешуморанд. Чун ба даст меафтанд ва аз ҳақиқати ҳол бохабар мешаванд, пеш аз ҳама нофаҳмии худро аз дину диёнат далел меоранд, ки ба суханони душманон фирефта шудаанд. Боз, чун бо чашмони худ мебинанд, ки дар сарзамин аҷдодӣ ҳама бародарвор аз пайи ободкориву созандагианду зери осмони софу беғубор ба сар мебаранд, аз карда пушаймон домони таассуф ба ҳам мезананд. Чунин ҳолатҳоро дида, аз ҳамаи ҷавонон даъват ба амал меорем: "Зудбовар набошед, ватани азизи худро дӯст доред, дӯстро аз душман фарқ карда тавонед, ин сарзамини биҳиштосо, ки Худованд барои тоҷикон бахшидааст, ворисаш танҳо шумоед”.

Ҷӯразода Ҷовидон Ҷӯра,

котиби маҷлиси судии Суди вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Маҳкум мекунем

Хабарҳо, Сиёсат, Номаҳои Шумо

Кабирӣ ва ҳаммаслакони иғвогари ӯ чӣ мехоҳанд?

Сиёсат

Саҳа дидаю дониста ба нирӯҳои мухолифин минбар медиҳад

Хабарҳо

Изҳороти ғаразолудаи ифротгаро

Хабарҳо

Хиёнаткорон бояд ҷазо гиранд

Номаҳои Шумо