Дар як сатр
» » МАҚОМИ ЗАН БОЛО МЕРАВАД

МАҚОМИ ЗАН БОЛО МЕРАВАД

8-01-2020, 06:50

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дастури амалест барои ҳар як фарди бонангу номуси кишвар. Зимни ироаи Паём Сарвари давлат доир ба ҳар як соҳаи мавҷуда, чи истеҳсолоту чи сиёсат ва чи фарҳангу тандурустӣ, маориф ва дигар бахшҳои иҷтимоӣ, ба таври муфассал таҳлил ва доир ба ҳалли проблемаҳои мавҷуда маслиҳату тавсияҳои зарурӣ баён намуданд.

Мо-занон қаблан барои ғамхориҳои Пешвои миллат, аз ҷумла фароҳам овардани фазои сулҳу субот, оромию осудагӣ, ки барои модарон аз ин дида неъмати пурарзиш нест, изҳори сипосу ташаккур менамоем.

Дар Паёми навбатӣ Роҳбари давлат ба масъалаи занон, мақоми онҳо рӯ оварда, қайд намуданд, ки давлат нисбати занон ҳаматарафа ғамхорӣ намуда, ба он аҳамият медиҳад, то мақоми занон дар ҷамъият боз ҳам баландтар бардошта шавад. Пешвои миллат иброз доштанд, ки имрӯз занон баробари мардон дар ҳар як бахши истеҳсолот ва бахши иҷтимоӣ фаъолона меҳнат намуда, саҳми худро дар пешрафту шукуфоии кишвар мегузоранд.

Дар ин муддат ҳазорҳо нафар занону духтарон ба вазифаҳои давлатӣ пешниҳод гардида, ба корҳои роҳбарӣ таъйин гардиданд. Мисоли равшани инро ман дар ноҳияи кӯҳистони Балҷувон мушоҳида менамоям.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон, алалхусус, бо дастгирии раиси он Фармони Президент оид ба баланд бардоштани мақому мартабаи занон ва ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб намудани занону духтарони болаёқат амалӣ гардонида истодааст. Ин аст, ки имрӯз занони қобилиятноку ботаҷриба ба корҳои роҳбарикунанда ҷалб гардида истодаанд. Айни замон дар соҳаи маориф 4 нафар, дар соҳаи тиб 5 нафар, хоҷагиҳои деҳқонию фермерӣ 27 нафар ва дар дигар корҳои роҳбарикунанда 12 нафар занон масъулияти роҳбариро ба уҳда доранд. Ҳамчунин, аз ҳисоби занон 21 нафар вакилони маҷлиси маҳаллӣ интихоб гардидаанд.

Занону фаъолони ноҳияи Балҷувон аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, ба рушду нумӯи кишвар, пешрафти иқтисодиёт саҳми сазовор гузошта, бо меҳнати бунёдкоронаи худ ба ғамхориҳои давлату ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат ҷавоб мегардонанд.

 

Рӯзигул ҚУРБОНЗОДА,

мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

450 ЗАН ДАР МАҚОМИ ХИЗМАТИ ДАВЛАТӢ

Хабарҳо
Саҳми занон дар рушди илми муосир

Саҳми занон дар рушди илми муосир

Ҳаёти иҷтимоӣ
С. Зиёзода: «Шумо - бонувон ҳомиёни боэътимоди миллат мебошед»

С. Зиёзода: «Шумо - бонувон ҳомиёни боэътимоди миллат мебошед»

---
Духтарони фаъоли ояндасоз

Духтарони фаъоли ояндасоз

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ
Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Қӯрғонтеппа. Шумораи занони роҳбар меафзояд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА