Дар як сатр
» » БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

БЕҲТАРИН ГАНҶ КИТОБ АСТ

8-01-2020, 06:49

Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.

Инсонҳои соҳибмаърифат ҳаёти худро бе китоб тасаввур карда наметавонанд. Суҳбат бо ин гуна инсонҳо пурмаъно, дилкаш, ҷолибу пурмӯҳтаво аст. Ин гуна инсонҳо сухани тозаву бадеъ гуфтану тоза нигоҳ доштани забони адабиро шараф медонанд. Мутаассифона, боз ҳастанд шахсоне, ки китобу рӯзнома намехонанд.

Китоб манбаи илму дониш, сарчашмаи дарёи ақл, махзани фарҳанги миллӣ, пояи тамаддуни ҷаҳони мутамаддин, хосса оинаи ҳаёт ва калиди дари ганҷи сухан аст. Бо ҳамин далел, шоири бузурги форсу тоҷик Абдураҳмони Ҷомӣ китобро чун «Фуpyғи субҳи доноӣ» ба қалам додааст. Инсон метавонад ба воситаи китоб ба адабиёту фарҳанг, сиёсат, иқтисодиёти мамолики зиёд ошно гардид.

Пешвои муазами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани сатҳи маънавии шаҳрвандон қариб дар ҳар як баромад ҳарф мезананд. Албатта, ин ҳидоятҳо манфиатноканд, зеро оне, ки китоб, рӯзнома ва маҷалларо мехонад, ба ҷаҳонбинии васеъ соҳиб мегардад, ба ҷиноят даст намезанад, ҳавобаланду мағрур намешавад, порахӯрӣ намекунад, ватан ва халқашро дӯст медорад, ҳастиашро ба корҳои хайр мебахшад. Китоб, рӯзнома ва маҷаллаҳо ҷаҳони маънавии инсонро мунаввар месозад. Ин аст, ки Одамушшуаро Рӯдакӣ илму донишро аз ҳама ганҷҳои рӯйи дунё болотар эътироф намудааст:

Ҳеҷ ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,

То тавонӣ рӯй бар ин ганҷ неҳ.

Дар Паёми навбатии Пешвои миллат таъкид меравад, ки роҳбарону масъулони соҳаро зарур аст, сатҳу сифати таълимро баланд бардошта, ҷиҳати боло рафтани савияи донишу маърифатнокии хонандагону донишҷӯён тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд ва ҳамзамон бо ин, ба тарбияи насли наврас диққати бештар дода, барои амалӣ гардидани Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ андешанд.

Вобаста ба ин, ҳар сол озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ” – ро баргузор намуда, ба он доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ҷалб ва ҷиҳати ҳавасмандсозии ғолибон аз мактаб сар карда, то мақомоти маҳалливу марказии ҳокимияти давлатӣ чораҷӯӣ карда шавад.

Яъне, Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ...” – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд.

Китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад.

Мутаассифона, дар шаҳри бос-тонии Кӯлоб ягона ҷой мағозаи фурӯши китобҳо, нуқтаи фурӯши рӯзнома ва маҷалаҳо арзи вуҷуд надорад ва дар ҷои онҳо мағозаи фурӯши шириниҳо ва ошхонаи 24-соата ташкил гардидааст.

Якчанд муддат мешавад, ки аз тариқи оинаи нилгуни марказӣ озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ"-ро тамошо кардам. Мушоҳидаҳо нишон медиҳад, ки ягон наврас ва ҷавоне аз Кӯлоб-шаҳри бостонӣ дар ин озмун иштирок надошт. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки аксари наврасон ва ҷавонони мо аз китоб дуранд.

Аз ноҳияҳои Ҳамадонӣ, Шамсиддин Шоҳин, Муъминобод ва минтақаи Бохтар бошад, наврасону ҷавонон дар ин озмун фаъолона баромад намуданд. Аз ин рӯ, чун як нафар шаҳрванди Кӯлоби бостонӣ мехостам, пеш аз ҳама, хазинаи китобхонаҳои мактабҳои миёна ва олӣ бо адабиётҳои илмиву бадеӣ бой гардонида фаъолияти онҳо ба таври замонавӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамзамон, умедворем роҳбарияти вилояти Хатлон ва шаҳрдори Кӯлоби бостонӣ, ҷиҳати фаъолият намудани мағозаҳои махсуси китобфурӯшӣ ва дуконҳои муосир барои дастрасӣ намудани рӯзнома ва маҷаллаҳо дар шаҳри Кӯлоб мусоидат менамоянд.

Воқеан, дар ягон давру замон бе китоб ғизои маьнавии зиндагии paнгинpo наметавон тасаввур намуд. Хушбахтона, ин анъанаи неки гузаштагон, яьне санъати китобдориву сухансозӣ имрӯз низ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо мавқеи шоиста дорад. Ҳар рӯз аз тариқи нашриётҳои давлативу хусусӣ садҳо китоб ба нашр расида, ҳамчун неъмати бузург ба хони маънавии мардум гузошта мешавад.

Оре, «Ганҷ магир – китоб гир» мегӯянд. Ганҷ агар масраф гашта, ба итмом расад, китоб як умр чун ёри бовафо ва беозор боқӣ хоҳад монд. Чуноне бузурге фармуда:

Беҳтарин ёри вафодор китоб

аст, китоб,

Ёри бе заҳмату озор китоб

аст, китоб.

Шарифхон Тиллоев,

рӯзноманигор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КИТОБ - РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

Фарҳанг ва адабиёт
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт
Чаро толибилмон кам китоб мехонанд?

Чаро толибилмон кам китоб мехонанд?

Хабарҳо, Маориф ва илм
«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

«Китоб ва мусиқӣ барои кӯдакону наврасон»

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Тасмими ифтитоҳи фурӯшгоҳи нави китоб

Фарҳанг ва адабиёт, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА