Дар як сатр
» » ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕК

ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ - ТАВСИЯДИҲАНДАИ РОҲИ НЕК

8-01-2020, 06:43

Имсол дар фазои осудаҳолӣ ва субот Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ишора гардид.

Паёми Сарвари давлатро, ки раҳнамои рушди соҳаҳои хоҷагии халқ мебошад, тамоми кормандон ва устодони факултети математика-информатика якдилона ҷонибдорӣ карданд. Дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём қайд намуданд, ки соли 2019 суръати афзоиши воқеии маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил намуд ва ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд.

Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳамасола ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт.

Дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард сомонӣ баробар шуд.

Тайи солҳои зикршуда даромади пулии аҳолӣ беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш пайдо кард.

Сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз паст шуда, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт. Ҳамзамон бо ин, тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст.

Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст.

Дар баробари ин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем.

Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд.

Саноатикунонии босуръат ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул карда шудааст, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад.

Дар иртибот ба ҳамин, Пешвои миллат қайд намуданд, ки 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлат ба ҳисоб рафта, ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёзҳо пешбинӣ гардидаанд.

Дар соли якуми эълон гардидани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар деҳоти мамлакат як қатор пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ идома ёфта истодааст.

Бо мақсади рақобатпазир гардонидани соҳа дар бозори ҷаҳонии сайёҳӣ моро зарур аст, ки мутахассисони забондон, донандаи фарҳангу таърих ва технологияҳои муосирро омода кунем.

Баъди мутолиаи Паём устодони факултети математика-информатика изҳор намуданд, ки Паём ин раҳнамоест, ки бояд ҳар нафар онро сармашқи фаъолияти худ қарор диҳад. Паёми Пешвои миллат минбаъд аз ҷониби мо ба таври зарурӣ омӯхта шуда, дар амалинамоии дастуру супоришҳои таъкидгардида кӯшиш ба харҷ хоҳем дод.

Камол Маҳкамов,

декани факултети математика-информатикаи ДДБ ба номи Носири Хусрав




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗ АФЗОИШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ХУБ МЕШАВАД

АЗ АФЗОИШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ХУБ МЕШАВАД

Ҳаёти иҷтимоӣ
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо, Сиёсат

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

Иқтисоду тиҷорат
Роҳнамо ба сӯйи фардо

Роҳнамо ба сӯйи фардо

Номаҳои Шумо
Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Сатҳи камбизоатӣ коҳиш ёфтааст

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо