Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

8-01-2020, 06:41

Сафари кории раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба ноҳияи Кӯшониён аз боздид аз раванди сохтмони сехи коркарди равған, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти "Сарвати Истиқлол”, оғоз ёфт.

Сохтмони коргоҳи мазкур аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Шаҳобиддин Исмоилов бо сарфи 1,5 миллион сомонӣ дар доираи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати мамлакат ҷараён дорад.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки дар сурати пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин коргоҳ иқтидори истеҳсолии он то 10 тонна равған дар як рӯзро ташкил дода, наздик ба 20 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Дар сехи мазкур таҷҳизоти муосири коркарди равған мувофиқ ба навъҳо ва ҷавобгӯ ба стандартҳои муқарраршуда насб гардидаанд.

Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкор Шаҳобиддин Исмоилов барои ташаббусаш изҳори сипос карда, ҷиҳати роҳандозии истеҳсоли равғани хушсифат ва дар бозор рақобатпазир машварат дод.

Дар идомаи сафари корӣ раиси вилоят аз вазъи мумфарш ва чароғонкунии 4,5 километр роҳи деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти "Заргар”-и ноҳияи Кӯшониён боздид ба амал овард. Бозсозии роҳи мазкур низ бо ибтикори оилаи Исмоиловҳо ва аҳолии деҳаи Ҳосилот бо маблағи 4,5 миллион сомонӣ ба анҷом расида, мавриди истифодаи умум қарор дода шудааст. Дар баробари мумфаршкунии роҳ чароғонкунӣ низ ба нақша гирифта шудааст, ки симои кӯчаро ранги дигар хоҳад бахшид.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода, ҳамзамон, бо ҷараёни сохтмони гармхонаи лимӯпарварӣ дар деҳаи Ҳосилоти Ҷамоати деҳоти "Заргар” шинос гардид. Барои бунёди ин гармхона 1,20 гектар замин интихоб ва ҷудо карда шудааст. Аз ҷониби соҳибкор С. Исмоилов бо харҷи як миллион сомонӣ иншоот бунёд гардида, дар гармхона 365 ниҳоли лимӯ шинонида шуда, парвариши он дар ҳолати хуб қарор дорад. Тибқи арзёбии кишоварзон, ба ҳар як ниҳол 50 кг лимӯ дар ҳосили имсола пешбинӣ гардидааст.

Қайд гардид, ки ҳангоми баистифодадиҳии гармхонаи мазкур барои 20 сокини маҳаллӣ ҷойи кори доимӣ муҳайё карда хоҳад шуд.

Қурбон Ҳакимзода ба оилаи Исмоилзодаҳо ва шахсони саховатпеша барои дастгирии сиёсати пешгирифтаи Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми муносиб дар ободкории як гӯшаи Ватани азиз миннатдорӣ баён намуд.

Раиси вилоят фаъолони ҷамъомадаро барои иҷрои корҳои хайр, аз ҷумла дастгирии ятимону бепарасторон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ ба хотири истиқболи шоиста аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард.

 

Боздид аз раванди корҳои сохтмонӣ

дар иншоотҳои ҷашнӣ


Дар идомаи сафари кории худ ба ноҳияи Кӯшониён, 3 январ, раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо ҷараёни сохт-мони меҳмонхона ва маркази табобатӣ дар кӯчаи Ибни Синои Ҷамоати шаҳраки "Исмоили Сомонӣ” шинос гардид.

Иншоотҳои мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкор Анвар Фақиров бо маблағи ду миллион сомонӣ бунёд гардида истодаанд. Ошёнаи якуми бинои меҳмонхона барои тарабхона пешбинӣ гардида, дар ошёнаҳои дуюму сеюм барои қабули меҳмонон 20 ҳуҷраороста мешавад. Бинои беморхонаи хусусӣ бошад, барои 30-40 кат дар назар дошта шудааст. Раиси вилоят ба рафти корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дод.

Раиси вилоят дар маркази ноҳияи Кӯшониён инчунин аз рафти корҳои сохтмонӣ дар майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дидан намуд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти мазкур аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони маҳаллӣ дар масоҳати 0,60 гектар бунёд мегардад. Барои татбиқи ин тарҳ сарфи 1,8 миллион сомонӣ маблағ пешбинӣ шудааст.

Майдони мазкур бо мақсади арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва баҳри фароғати сокинони шаҳрак ҳамчун гулгашт ва макони баргузории чорабиниҳои идона бунёд мегардад.

Қурбон Ҳакимзода дар ҳашари шинонидани дарахтони ороишӣ дар майдони марказии ноҳияи Кӯшониён иштирок карда, барои хуррамгардонӣ, гулкорӣ, аз ҷумла шинонидани гулҳои лола дар ин гулгашт ба масъулон дастур дод. Дар назар аст, ки майдони Парчам ва Нишони давлатӣ дар арафаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад.

Зимни боздиди раиси вилоят аз гармхонаи парвариши сабзавоти барвақтӣ дар хоҷагии деҳқонии ба номи Имоми Аъзам, воқеъ дар деҳаи Баракати Ҷамоати деҳоти "Навбаҳор”, зикр шуд, ки барои бунёди гармхонаҳо ба соҳибкор Давлатёр Бедимоғов як гектар замин ҷудо карда шудааст. То рӯзҳои таҷлили Наврӯзи

байналмилалӣ дар ин мавзеъ бо истифода аз усули обёрии қатрагӣ силсилаи гармхонаҳои парвариши помидор (дар масоҳати 0,30 га), бодиринг (дар масоҳати 0,30 га), боимҷон (дар масоҳати 0,20 га), қаланфури тезак (дар масоҳати 0,10 га) ва булғорӣ ба нақша гирифта шудааст.

Қурбон Ҳакимзода зимни суҳбат бо масъулони идораҳои кишоварзӣ, коммуналӣ, обёрӣ, ҳифзи муҳити зисти ноҳи-яи Кӯшониён доир ба истифодаи самараноки замин, вусъати корҳои ободонию кабудизоркунӣ, тоза кардани кӯчаву хиёбонҳо ва ҷӯю заҳбурҳо аз партовҳо, таваҷҷуҳ ба симои меъмории шаҳрак дастуру супоришҳо дод.

Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилоят




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

Ҳокимияти давлатӣ

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛРО ИСТИҚБОЛИ САЗОВОР

Ҳокимияти давлатӣ

БОЗДИДИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ АЗ МАВЗЕЪҲОИ ОСЕБДИДАИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

Ҳокимияти давлатӣ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо