Дар як сатр
» » ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ НИҲОЛПАРВАРИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ФАЪОЛИЯТИ ХОҶАГИҲОИ НИҲОЛПАРВАРИИ ШАҲРИ ЛЕВАКАНТ

8-01-2020, 06:28

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 2 январи соли ҷорӣ аз хоҷагии ниҳолпарварии "Пайванд”, воқеъ дар шаҳри Левакант, боздид намуд.

Роҳбари хоҷагии мазкур Қиёмиддин Муъминов ба раиси вилоят иттилоъ дод, ки майдони умумии хоҷагӣ аз 1,29 гектар иборат буда, 0,5 гектари он боғи модарӣ ва замини боқимонда макони ниҳолпарварӣ аст. Зикр гардид, ки дар ин мавзеъ зиёда аз 8,5 ҳазор бех ниҳоли мевадиҳандаи пайвандӣ барои фурӯш омода шудааст, ки 2200 бехи он ниҳолҳои амрикоӣ мебошанд.

Боғпарвар Қиёмиддин Муъминов дар ин боғ навъҳои гуногуни себ, аз ҷумла себҳои фуҷ, голден делишес, зардолуҳои навъи маҳаллӣ, зардолуҳои навъи "Паттерсон”, "Кастлбрайт”, "Рабада”, "Лорна”, олуи навъи "Блекс-сплиндер”, бодоми навъи "Нон-парел”, шафтолуҳои навъи "Квин-крист”, "Флорида-принс”, "Флорида грант”, "Тропик биюти”, "Ангелус” парвариш карда мешавад.

Роҳбари хоҷагии ниҳолпарварӣ ҳамчунин майдони наверо барои шинонидани 25 ҳазор бех ниҳоли пайвандӣ омода кардааст. Барои мавсими соли 2021 хоҷагии ниҳолпарварии "Пайванд” 8 ҳазор бех ниҳолҳои анвои амрикоиро пайванд кардааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода баъди шинос шудан аз хоҷагии ниҳолпарварии "Пайванд” ба фаъолияти хоҷагии мазкур баҳои баланд дода, ба масъулон ҷиҳати дар хоҷагӣ гузаронидани семинари омӯзишӣ барои боғдорон, дар мавзӯи рушд бахшидани соҳа ва истифодаи самараноки замин дастуру маслиҳат дод.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар идомаи сафари кории худ ба шаҳри Левакант, ҳамчунин, аз хоҷагии ниҳолпарварии "Абдукарим” дидан намуд.

Майдони умумии хоҷагии мазкур 2,04 гектар буда, дар 58 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳанда парвариш мешаванд. Роҳбари хоҷагии мазкур Хӯҷамурод Шомуродов ба раиси вилоят маълумот дод, ки дар ин мавзеъ, аз ҷумла 10 ҳазор бех гелос, 15 ҳазор бех олу, 8 ҳазор бех нок, 5 ҳазор бех чормағз, 12 ҳазор бех шафтолу ва 30 ҳазор бех арчаи ҳамешасабз парвариш мешавад.

Дар назди хоҷагии ниҳолпарварии "Абдукарим”, инчунин, як гармхонаи лимӯпарварӣ ва як гармхонаи гулпарварӣ амал мекунад, ки дар он 30 ҳазор бех гули садбарг, 20 ҳазор бех гули карамшакл ва ҳазор бех палма парвариш меёбад.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо изҳори сипосу миннатдорӣ ба роҳбарону кормандони хоҷагии ниҳолпарварии "Абдукарим” зикр намуданд, ки масъулони умури ободонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Левакант метавонанд гулу гулбуттаҳо ва ниҳолонро аз хоҷагии мазкур дастрас намоянд.

Тавре раиси шаҳри Левакант Заррина Давлатзода иттилоъ дод, айни ҳол, дар ҳудуди хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷамъиятии шаҳр 200 гектар боғҳои мевадиҳанда мавҷуд аст, ки 60,7 гектари онро зардолу, 30 гектарашро олу, 24,5 гектарашро шафтолу, 21,9 гектарашро бодом, 18 гектарашро анор, 8 гектарашро хурмо, 7 гектарашро чормағз, 6 гектарашро себу 4,4 гектарашро анҷир ташкил медиҳад.

Соли 2019 аз майдони 200 гектар боғҳои мевадиҳанда тибқи дурнамо 342 тонна (100,3%) мевагӣ ҷамъоварӣ шудааст, ки назар ба соли 2018-ум 109 тонна афзун мебошад.

Зикр гардид, ки соли ҷорӣ дар мавсими ниҳолшинонӣ аз тарафи хоҷагиҳои ниҳолпарварии шаҳри Левакант ба миқдори 11 ҳазор бех ниҳолҳои мевадиҳандаву ороишӣ ба фурӯш бароварда шудааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба роҳбарият, масъулони соҳаи кишоварзӣ ва сарсабзгардонии шаҳри Левакант дастур доданд, ки корҳои ободониро дар шаҳр вусъат бахшида, ба масъалаи шинонидани гулҳо, зебогардонии кӯчаву хиёбонҳо, коркарди боғҳо, яхобмонӣ, барқароркунии боғҳо таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПИСТАПАРВАРӢ - СОҲАИ СЕРДАРОМАД

ПИСТАПАРВАРӢ - СОҲАИ СЕРДАРОМАД

Арсаи кишоварзӣ

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо

БОЗДИДИ РАИСИ ВИЛОЯТ АЗ ЛЕВАКАНТУ ВАХШ

Хабарҳо
220 гектар ҷангалзор бунёд шуд

220 гектар ҷангалзор бунёд шуд

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

Парвариши 6 навъи лолаҳои ҳолландӣ дар Қӯрғонтеппа

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА