Дар як сатр

ТАБИБОНИ ОБОДГАР

3-01-2020, 08:49

Бузургон гуфтаанд, ки беҳтарин даво сухани хуш ва муомилаи хуби табиб ба бемор мебошад. Ба назари ман шароит ва муҳит низ ба саломатӣ ва кори табиб таъсири хубе дорад. Ин ҳикматҳоро кас баробари вориди беморхонаи клиникии вилоятӣ ба номи Бӯрӣ Воҳидов шудан мушоҳида мекунад.

Як шиноси наздикам дар ин беморхона бистарӣ шуд. Дар арафаи Соли нав ба аёдаташ рафтам. Вақти вориди беморхона шудан аввал ободониву бунёдкориҳо ба чашм мерасад. Рӯйи ҳавлӣ ва гирду атрофи беморхона манзараҳои баҳорро мемонад. Аз дастони ободгари табибон ин ҷо гулрезу сабзапӯш шудааст. Кормандони тиб дастаҷамъона ба ҳашар баромада, ба нармкунии бехи дарахтон, ниҳолу гулшинонӣ, сафедкунии дарахтон машғул буданд. Аз ободкориҳо ва сохтмони биноҳои иловагӣ табъи кас болида мегардад.

Дар ин росто хизматрасонии босифати тиббии духтурону ҳамшираҳои шафқат ва хушмуомилаву ширинсуханӣ, чеҳраи кушода онҳоро масус бояд қайд кард. Онҳо дар табобати беморон кӯшиши зиёде мекунанд. Дар ин ҳама пешравию дастовардҳои соҳа масъулияти баланди кор ва ободу тозакориҳо заҳмати сарвари ин муассиса Алихон Нурализода бештар ба чашм мерасад.

Гарчанде ман бо ӯ боре ҳамсуҳбат нашудаам, аз тартиби корбарии ин инсони шариф ба хулосае омадам, ки ӯ ҳам табибу ободгар ва ҳам ватандӯсту зебоипараст аст. Дар беморхона бо иқдомҳои сардухтур ба табибон шароитҳои хуби корӣ муҳайё карда шудааст. Беморону корафтодагон аз хизматрасонии тиббии онҳо қаноатманданд. Нафаре ки ба аёдати бемор меояд, метавонад дар курсиву соябонҳои дар саҳни ҳавлӣ сохташуда истироҳат кунанд.

Ободониву сабзкорӣ ва бунёдкориҳо ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сомон расонда шудааст. Дар доираи Солҳои 2019-2021 - Солҳои руши деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҷумҳурии зебои мо, ки дар арсаи байналмилалӣ шуҳрат дорад, меҳмонон-сайёҳони хориҷӣ меоянд. Аз ин рӯ, ба ободонӣ ва созандагӣ таваҷҷуҳи бештар мебояд. Онҳо аз одобу ахлоқи баланд, ободонии диёр, истиқболи хуш ба мо баҳо медиҳанд.

Миннатдории худро ба ҳар як шахсе, ки барои ободонии ватани азиз-Тоҷикистон саҳм мегузоранд, бо мисраъҳои зерини шеърӣ баён медорам:

Дасти пурхайрат набинад дардро,

Дарси ибрат додаӣ сад мардро.

Коми мо ширин кардӣ дар ҳаёт,

Хонаи гармат набинад сардро.

Изатшоҳи Мансур,

ноҳияи Кӯшониён




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАИ «ВОРИСИ СИНО»

Тандурустӣ ва экология

Кӯлоб: ИФТИТОҲИ ИНШООТҲО БА ИСТИҚБОЛИ ҶАШНИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ

НИЗОМНОМАИ озмунҳои вилоятии «Беҳтарин муассисаи тиббии сол», «Беҳтарин та ...

Тандурустӣ ва экология

Рисолати хешро бо дарназардошти ҳидоятҳои Пешвои миллат софдилона иҷро меку ...

Тандурустӣ ва экология
Дараҷанокии касбии духтурони  беморхонаи вилоятӣ ба 75% расидааст

Дараҷанокии касбии духтурони беморхонаи вилоятӣ ба 75% расидааст

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология