Дар як сатр
» » НАҚШИ ДАСТОНИ КАНДАКОР

НАҚШИ ДАСТОНИ КАНДАКОР

3-01-2020, 08:45

Кандакорӣ яке аз беҳтарин намунаи ҳунари мардумии халқи тоҷик буда, асосан, ба зебу оро додани иморатҳо ва сохтани баъзе ашёи рӯзгор, ба монанди сандуқ, дару тиреза,ҷевон, кат, мизу курсӣ ва ғайра марбут аст.

Ҳунари кандакориро асосан ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: кандакории халқӣ ва касбӣ. Кандакории халқӣ бештар дар баъзе деҳаҳо ривоҷ ёфта, авлод ба авлод рушд меёбад. Ҳунармандони тоҷик бештар аз чӯбҳои арча, зардолу, чанор, тут, чормағз истифода бурда, нақшҳои ҳандасӣ, исмилӣ ва тасвирҳои ҷонваронро низ кандакорӣ мекунанд. Бостоншиносон намунаи қадимии кандакории чӯбиро дар шаҳрҳои Панҷакенту Истаравшан пайдо кардаанд, ки ба асрҳои VII-VIII тааллуқ доштааст. Дар қарнҳои X-XIV катибаҳоро во хӯрдан мумкин аст, ки онҳоро дар сутунҳо, дарҳо ва пештоқи айвонҳо сабт мекарданд. Ҳоло ҳам дар пештоқи масҷидҳо ва дар гирди меҳробу минбар нақшаҳои кандакорӣ ба чашм мерасад, ки бо ҳуруфоти арабӣ оятҳо аз Қуръони карим нақшканӣ карда шудааст. Дар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон низ ин ҳунар таърихи тӯлонӣ дорад. Дар ноҳияҳои Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритуз, Кӯлоб ва дигар минтақаҳо ҳунармандони чирадасту моҳир ҳастанд, ки идомадиҳандаи ин ҳунари асили ниёгонамон мебошанд.

Боиси ифтихор ва фараҳ-мандист, имрӯзҳо ҷавонони зиёде ҳастанд, ки ба кандакорӣ майлу рағбат дошта, бо диди тоза ба ин ҳунар менигаранд ва то ҳадди имкон онро рушд дода метавонанд. Идибек Имомалиев, як тан ҷавони ҳунарманд, ки зодаи ноҳияи Вахш мебошад, имрӯз аз ин ҳунар ҳам ном ва ҳам нон ёфтааст. Ҳарчанд дар оилаи онҳо касе ба ин ҳунар машғул набошад ҳам, ӯ мекӯшад, ки нозукиҳои кандакориро аз дӯстону рафиқонаш омӯзад. Мақоли бисёр машҳури тоҷикон «Дасти худро бӯса кун, миннати мардум макаш»-ро ин соҳибҳунар дар зиндагӣ сармашқи кору шиори худ медонад ва ҳеҷ гоҳ дастнигари касе нест. Ин ҷавони соҳибҳунар, инчунин, донишҷӯи соли чоруми Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мебошад. Идибек ба воситаи ҳунари омӯхтааш аз уҳдаи таъмини худ баромада, то ҷое тавонад ба волидон низ кумак мекунад. Худи ӯ мегӯяд, ки касе ӯро дар омӯхтани ин ҳунар маҷбур накардааст. Танҳо аз рӯи завқу хоҳиши зиёд пайи омӯзишу аз худ намудани ин ҳунари аҷдодӣ шудааст.

Идибек Имомалиев устои серкор аст. Пас аз дарсба сӯйи устохонае, ки он ҷо кор мекунад, мешитобад ва мувофиқи фармоиши мизоҷон ба сохтани сутун, сандуқ, кату ҷевон, дару тиреза, лавҳ, рахти хоб ва дигар ашёи рӯзгор машғул мешавад. Бо ин ҳама ташвишу серкорӣ Идибек кӯшиш мекунад, то дар чорабиниҳои фарҳангии донишгоҳ фаъолона ширкат варзида, ҳунару истеъдоди худро нишон диҳад. Ҳарчанд худ ҷавон аст, аммо шогирдони зиёдеро чун кандакор тарбия намудааст.

Дар оянда Идибек нақшаҳои зиёде дорад, ки яке аз онҳо муаррифии ҳунараш мебошад. Мо ба Идибек ва ҷавонони ба нангу номусе ба мисли ӯ, ки ба ин касб машғуланд, барору комёбӣ мехоҳем.

Муҳаббати САФАРМУРОД,

коромӯзи «Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

УСТО УСМОН: «ШУКРОНАИ ВАҲДАТ, БА РӮЗИ НЕК РАСИДЕМ»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Раиси вилоят тӯйи арӯсии Идибек ва Балхиннисоро барпо намуд

Раиси вилоят тӯйи арӯсии Идибек ва Балхиннисоро барпо намуд

Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ

«ҲУНАР БЕҲТАР АЗ ЗАР БУВАД»

Хабарҳо
Қаламзане аз «Тахти сангин»

Қаламзане аз «Тахти сангин»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Ҳунар – меҳвари зиндагӣ

Ҳунар – меҳвари зиндагӣ

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, АСАЛМО САФАРОВА