Дар як сатр

ҲАМШИРАИ ҲУНАРМАНД

3-01-2020, 08:40

«Бо қаноатмандӣ изҳор медорам, ки занону бонувони мамлакат дар татбиқи сиёсати давлат баробари мардон кору фаъолият намуда, дар рушди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми арзанда гузошта истодаанд. Мо минбаъд низ дастгирии занону духтаронро густариш бахшида, ташаббусҳои созандаи онҳоро дастгирӣ менамоем».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам

Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, 26 декабри соли 2019

 

Баъзеҳо андеша доранд, ки барои ба камолоти маънавӣ расидани зан танҳо доштани маълумоти олӣ кофист. Албатта, соҳибилм будан барои зан-модар хуб аст, аммо ба андешаи ғолиб, муҳимтар аз ҳама барои зан арзишҳои волое ба мисоли номус, ор, ақл, фаросат мебошанд. Агар зан соҳиби фаросати баланд бошад, ӯ ҳам соҳибилм мегардаду ҳам соҳибкасб мешавад. Ору номус ва виҷдони ӯ намегузорад, ки пеши касе сар хам созад. Хушбахтона, сафи чунин занони соҳибмаърифату бофаросат дар ватани азизи мо кам нестанд.

- Ман ҳам, ба мисоли дигар занони ҳунарманди хатлонӣ, шогирди фариштаи хонадонамон - модари азизам ҳастам, - мегӯяд Сафиямоҳ Шокирова, сокини маҳаллаи Синои шаҳраки Ҳамадонии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ. - Охир вақте ҳар рӯз дастони гулрези ӯро медидам, чӣ гуна метавонистам беҳунар бошам? Бояд бигӯям, ки аввалин қулфи истеъдоди маро бо калиди муҳаббату садоқат модарам кушодааст. Модарам ҳамеша таъкидам мекард, ки агар зан соҳиби фаросати баланд набошад, аз уҳдаи ҳеҷ кор намебарояд ва дар зиндагӣ хушбахт ҳам намешавад.

Ҳамин буд, ки Сафиямоҳ аз модар, пеш аз ҳама, фаросат, озодагию нафосат ва ҳунари кадбонугӣ омӯхт. Зебоиофарию озодагӣ як ҷузъи зиндагии модараш буд. Вай то имрӯз ҳар субҳ ҳамроҳи келинҳо аввал ба абрӯвонаш ӯсма мемолад, то субҳи эшон бо зебоӣ оғоз гардад. Дар баробари ин, ба озодагии хонаю дар аҳамият медиҳад. Шукри онро мекунад, ки арӯсони хонавода низ аз оилаҳои тарбиятдида ҳастанд ва зуд равиши хонадории ӯро аз худ карданд.

- Агар гӯям, ки ҳамсолони модари ман ва насли онҳо қариб ҳама ба худ ҳунаре доштанд, хато намекунам, - идома дод Сафиямоҳ. - Ҳама медонанд, ки дар замони ҷавонии мо беҳунарии духтарро айб мешумориданд. Калимаи «наметавонам» ё «лозим нест», ё ин ки «намехоҳам аз худ кардан»-ро духтарон ба забон намеоварданд. Дар омода кардани ҷиҳози арӯсӣ нақши дастони арӯс ва модари арӯс ҳатмӣ буд. Аз ҳамин хотир, ман ҳам аз ин ганҷи бебаҳо, яъне мероси модар, бебаҳра намондам.

Аммо Сафиямоҳ бо вуҷуди соҳиби ҳунар буданаш дар дил орзуи табиб шуданро дошт. Соли 1973 Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлобро сарбаландона хатм намуд. Баъди оила барпо намудан, тавлиди шаш фарзанд ва тарбияи онҳо, иҷрои кору бори хона, инчунин дар беморхонаи сироятии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ тӯли қариб чил сол ба ҳайси ҳамшираи тиббӣ кор кардааст. Дар ин миён вақтҳои холигӣ ба дӯхтани болишт барои арӯсию домодии фарзандонаш машғул мешуд, то ин ки ҳунари омӯхтааш ва пандҳои шаҳдрези модарашро аз ёд набарорад

Баъди солҳои зиёди чун ҳамшираи тиббӣ фаъолият кардан Сафиямоҳ Шокирова ниҳоят ба нафақа баромад. Аммо нафақа баромадан барои ӯ маънии бознишастагиро надорад. Барои тансиҳатӣ ва оромии асабҳо, ба андешаи ин зани соҳибкасбу соҳибҳунар, андармон шудан ба ягон кори фоидабахш беҳтар аст.

- Акнун ба суханони модарам сарфаҳм рафтам, ки мегуфт: «Ҳунарро барои рӯзи мабодо омӯхтан даркор аст, чун инсонро ҳамеша бардам нигоҳ медораду ҳеҷ гоҳе инсонро ба хорӣ намерасонад», -ба ёд меорад Сафиямоҳ.

Аллакай шаш сол мешавад, ки Сафиямоҳ ба нафақа баромадааст, аммо ӯро на фақат ҳамчун ҳамшираи тиббӣ дар ноҳияашон эҳтиром мекунанд, балки чун як зани фаъоли маҳалла, бонуи ҳунарманд, устоди даҳҳо шогирд мешиносанд. Шогирдони Сафиямоҳ на фақат келину духтарҳояш, балки ҷавондухтарон ва занҳои маҳалла мебошанд.

Сафиямоҳ аз рӯйи ҳамон равияе, ки модараш амал мекард ва таъкид менамуд, ки дар баробари илм омӯхтан ҳунаромӯзӣ низ муҳим аст, имрӯз амал мекунад. Қисме аз шогирдони Сафиямоҳ омӯзгорони ҷавони ноҳия мебошанд. Онҳо забонҳои хориҷиро омӯхтаанд, дар баробари ин ба ҳунар ҳам шавқи беандоза доранд. Ин зани соҳибкасбу иззатманд аз ҳунари чакандӯзӣ сар карда, то тоқию болишт, кокулу чодарӣ, қуроқию даҳҳо ҳунаре, ки хоси зани тоҷик аст, аз уҳдааш мебарояд. Сафиямоҳ бо вуҷуди он ки имрӯзҳо шастуҳафт сол дорад ва қариб чиҳил сол чун ҳамшираи шафқат дар хизмати мардуми ноҳия буд, ҳоло ҳам мехоҳад дастгиру мададрасони занони маҳали хеш бошад.

Умедворем, ки сафи чунин заноне, ки ба синну сол нигоҳ накарда, пайваста дар хизмати мардуманду дар корҳои ободонӣ, ҳунаромӯзӣ, созандагӣ нақши фаъол доранд, боз ҳам бештар гардад.

Ҳангомаи ИСМАТ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Қаламзане аз «Тахти сангин»

Қаламзане аз «Тахти сангин»

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

Даҳ зани ҳунарманд дар як хонавода

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ
Саидбегим – зане муваффақ дар адрасбофӣ

Саидбегим – зане муваффақ дар адрасбофӣ

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

Р. Раҳимзода: «Ба як зан 100 ҳунар камаст»

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Чеҳранигорӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Шаш нақши муҳими зан

Шаш нақши муҳими зан

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт