Дар як сатр
» » ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ

3-01-2020, 08:39

Дар пайравӣ аз дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат бобати дастгирии  пиронсолону барҷомондагон ва расонидани кумак ба ниёзмандони иҷтимоӣ дар арафаи ҳар ҷашну маросим идораву ташкилотҳо ва соҳибкорону шахсони алоҳида ба бошандагони Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён туҳфаҳои идона тақдим менамоянд.

Аз ҷумла, дар арафаи Соли нави мелодӣ бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои бошандагони маркази мазкур хони идона ороста шуд. Муҳаммадюсуф Достиев, директори Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии тавонбахшӣ ва будубоши доимии пиронсолон ва маъюбон дар ноҳияи Кӯшониён», зимни суханронии хеш аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Сарвари давлат нисбат ба бошандагони ин муассиса ёдовар шуда, изҳор дошт, ки сол аз сол шароити нигоҳубину тавонбахшии бошандагони маркази мазкур беҳтар гардида истодааст.

- Дар ин муассиса 72 нафар бошандагон ба ҷойи зисту шароити мусоид таъмин мебошанд, ки аз ин теъдод 28 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар ҷумҳурӣ» дар вилояти Хатлон Азизулло Соҳибов ба маъюбону пиронсолони маркази мазкур кумакҳои молиявӣ тақдим намуда, омодагии доимии худро ҷиҳати расонидани кумакҳои иловагӣ ба ин қишри ҷомеа  изҳор намуд. 

Дар маросими идонаи пиронсолону маъюбон инчунин, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии «Пешгирии коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Субҳиддин Муродов суханронӣ намуда, чунин иброз дошт: "Расонидани кумакҳо ба ниёзмандони ҷомеа идомаи амалисозии он  иқдомҳои наҷибу хайрхоҳонаест, ки дар паёмҳои ҳарсолаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  таъкид менамояд. Бинобар ин, дар баробари расонидани кумакҳо ба муассисаҳои давлатии будубоши пиронсолону маъюбон мо дар арафаи ҳар иду ҷашнҳо ба аёдати шахсони алоҳида рафта, ба онҳо маводи ғизоӣ ва маблағҳои муайян инъом менамоем”.

 

Ҷ. Сайфиддин,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КУМАК БА ХОНА - ИНТЕРНАТИ КУҲАНСОЛОН ВА МАЪЮБОН

КУМАК БА ХОНА - ИНТЕРНАТИ КУҲАНСОЛОН ВА МАЪЮБОН

Ҳаёти иҷтимоӣ
Татбиқи амри президент дар амал:1,1 миллион сомонӣ хайрот

Татбиқи амри президент дар амал:1,1 миллион сомонӣ хайрот

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ
Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Темурмалик: Амали хайри афроди саховатманд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология