Дар як сатр
» » КУМАК БА ХОНА - ИНТЕРНАТИ КУҲАНСОЛОН ВА МАЪЮБОН

КУМАК БА ХОНА - ИНТЕРНАТИ КУҲАНСОЛОН ВА МАЪЮБОН

3-01-2020, 08:38

Халқи сарбаланди тоҷик дар ҳама давру замон ба табақаҳои ниёзманд дасти ёрӣ дароз карда, саховату ҳимматбаландии ибратомӯз нишон додааст.

Ҳукумати кишвар минбаъд низ ба ин гурӯҳи иҷтимоӣ, аз ҷумла ятимону маъюбон, шахсони бемору барҷомонда ва оилаҳои камбизоат кумак мерасонад ва бовар дорам, ки соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони саховатпеша баробари сохторҳои давлатӣ дар амалҳои хайру савоб боз ҳам фаъолона саҳм хоҳанд гузошт.

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26 декабри соли 2019

 

Дар арафаи Соли нави мелодӣ дасти кумак дароз намудан ба ниёзмандон, ятимон, бепарасторону маъюбон ба ҳукми анъана даромадааст. Аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳру навоҳӣ, ташкилоту муассисаҳо, шахсони хайрхоҳ, соҳибкорон пайваста кумакҳои моддӣ ба ин қишри ҷомеа расонида мешавад. Ба ин мақсад, аз ҷониби Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар арафаи Соли нави мелодӣ ба муассисаи давлатии хона-интернати пиронсолон ва маъ-юбони ноҳияи Ёвон ба маблағи беш аз 15 ҳазор сомонӣ кумаки моддӣ расонида шуд.

Аз ин дастгириҳо бошандагони хона-интернат шоду масрур гардиданд. Дар ин хона-интернат беш аз 131 нафар иқомати доимӣ доранд. Муассисаи мазкур муассисаи ҷумҳуриявӣ буда, аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон намояндагони халқу миллатҳои гуногун ба ғамхорӣ фаро гирифта шудаанд. Маҳмадалӣ Латипов аз шаҳри Ҳисор, Давлатмаҳмад Шайхмамадов аз вилояти Бадахшон, Сунатулло Камолов аз шаҳри Норак, Валерий Нестеров аз шаҳри Душанбе зимни суҳбат миннатдории хешро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд.

Дар ҳақиқат, зимни суҳбат бо ин пирони рӯзгор, нафароне, ки дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми арзанда гузоштаанд, равшан гардид, ки онҳо имрӯз низ нисбати ободонии Тоҷикистон, дастоварду навгониҳои миллат, бахусус Сарвари давлат бетавофут нестанд. Рустам Насруллобеков иброз дошт, ки Паёми Роҳбари давлатро тавассути телевизион тамошо карда, аз дастгириҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати пирони барҷомондаю маъюбон хушҳол гардиданд.

Олга Гарковская, Людмила Забелина, Владимир Малахов, Лариса Сапригина, ки русзабонанду солҳои зиёде дар ҷомеа саҳми хешро гузоштаанд, имрӯз низ бо қалби пур аз фараҳ ва шодӣ нисбати ғамхориҳои беназиру инсонпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан мегуфтанд ва таъкид доштанд, ки Тоҷикистонро дӯст медорем, зеро хонаи умеди тоҷикону тоҷикистониён аст.

Людмила Забелина бо даъвати фарзандонаш ба Русиямеравад, вале меҳри Тоҷикистону самимияти тоҷикон боз раҳнамун месозадаш ба Тоҷикистон. Шароити хуб барои иқоматкунандагони хона-интернат фароҳам оварда шудааст. Утоқҳои барҳавову муҷаҳҳаз ва муҳим аз ҳама хислатҳои неку инсондӯстонаи мардуми тоҷик ва Сарвари тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон водор сохт, ки муаллима бозгардад ба ватани дуюмаш Тоҷикистони биҳиштосо.

Садбарг Олимова ва Тоҳир Алимов дар хона-интернат бо ҳам шинос шуда, оила барпо намуданд ва инак, меваи умри онҳо Абубакри 4-сола бо волидон дар ин макон сукунат доранд. Дар ин ҷо барои наврасон низ шароитҳо муҳайёст. Дар арафаи Соли нав барои онҳо арчаи зебое ороста гардидааст. Сардори Раёсати кор бо занони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Раъно Раҳимзода ва сардори Раёсати тандурустии вилоят Миралӣ Раҷабзода дар баробари кумаки маводҳои ғизоӣ, ба иқоматкунандагони хона-интернат халтаҳои солинавии пур аз шириниҳо тақдим намуданд. Ҳамагон Соли нави мелодиро зери савту тарона, шодиву нишот таҷлил намуданд.

Бошандаи дигари хона-интернат Сергей Волков, ки солиёни зиёде дар корхонаи истеҳсоли яроқ дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ кор кардааст ва 20 соли охир дар Тоҷикистон сукунат дорад, изҳор дошт: "Нест бод ҷанг, нест бод терроризму экстремизм!” Ҳамин тариқ дар охир тамоми бошандагони ин хона-интернат ваҳдату сулҳу амонӣ дар Тоҷикистони азиз ва тамоми оламро таманнои солинавии хеш изҳор доштанд.

ВАХШОНА,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ГАР ДАСТИ ФИТОДАЕ БИГИРӢ, МАРДӢ

Ҳаёти иҷтимоӣ
Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Кӯмаки идона ба муҳтоҷон

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Пиронсолон аз ғамхориҳои Президент миннатдоранд

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо