Дар як сатр
» » ИҶРОИШИ БАРНОМАҲОИ РУШДИ МАОРИФ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

ИҶРОИШИ БАРНОМАҲОИ РУШДИ МАОРИФ БЕҲБУДӢ МЕХОҲАД

3-01-2020, 08:36

Дар ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ки бо иштироки роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон баргузор гардид, муовинони соҳавии раисони шаҳру ноҳияҳо, роҳбарияти  соҳаи маориф ва муассисаҳои олию миёнаи касбии вилоят ва дигар масъулони соҳа  иштирок доштанд.

Ҷаласаро  бо сухани муқад-димавӣ Ғ. Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, кушода ҷиҳати иҷрои дастури раиси вилояти Хатлон оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” изҳори андеша намуд.

 Сипас, Исозода Диловаршо, сардори Раёсати маорифи вилоят иттилоъ дод, ки дар давраи амалишавии ин барнома давоми солҳои 2018-2020 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят бояд 740 синфхонаи фаннӣ, аз ҷумла  88  синфхонаи фанни физика,  76 химия, 74 биология,  89 география, 100-математика, 73-технологияи информатсионӣ ва 250 синфхонаи фанни суруд ва мусиқӣ бунёд мегардид.

Тибқи маълумоти сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар асоси нақшаи пешбинишуда давоми соли 2018 дар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилоят бояд 123 синфхонаи гуногуни фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ, бо сарфи 3 миллиону 960 ҳазор сомонӣ сохта ба истифода дода мешуд. Аммо дар ин давра дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят ҳамагӣ 25 синфхонаи фаннӣ ба истифода дода шуд, ки ин 20% нақшаро ташкил медиҳаду халос. Мутаассифона, дар соли 2019 низ аз иҷрои нақшаи бунёди  287 синфхонаи таълимӣ ҳамагӣ 42 синфхона сохта мавриди истифода қарор дода шуд, ки ин 14,6% дурнаморо ташкил медиҳад.

Дар ҷаласаи Шӯрои рушди маорифи назди  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҳамчунин, сарварони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, масъулони Раёсати Маркази миллии тестӣ дар вилояти Хатлон дар мавриди ислоҳи камбудиҳои ҷойдоштаи соҳа фикру андешаҳои худро изҳор доштанд.

Баъдан Ғазалшо Сафарзода, роҳбари дастгоҳи раиси вилояти Хатлон,  бобати вусъат бахшидани нақшаи бунёди синфхонаҳои иловагӣ ибрози назар намуд. Мавсуф изҳор дошт, ки баҳри дар сатҳи баланд иҷро намудани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020” захираву имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин лиҳоз мебояд аз онҳо самаранок истифода бурд. 

 

Ҳасан Абдураҳимзода,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

АЗМИ БУНЁДИ 510 ИНШООТИ ТАЪЛИМИИ ҶАШНӢ ДАР ВИЛОЯТ

Хабарҳо

Сифати таълим беҳбудӣ мехоҳад

Маориф ва илм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ

Дастовардҳои соҳаи маориф хубанд

Хабарҳо
Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Хонандагони 43 муассиса аз ноилоҷӣ дар се баст таҳсил мекунанд

Маориф ва илм, КОМРОНИ БАХТИЁР
Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ ...

Мактаби имрӯза ба донишандӯзӣ ва касбомӯзии насли ҷавон бояд аҳамияти асосӣ ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм, АСАЛМО САФАРОВА