Дар як сатр
» » ЧЕРНОБИЛ: САДАМАИ ДАҲШАТБОРИ АСР

ЧЕРНОБИЛ: САДАМАИ ДАҲШАТБОРИ АСР

3-01-2020, 08:29

26-уми апрели соли 1986 дар блоки чоруми Неругоҳи барқи атомии Чернобил, воқеъ дар шаҳри Припяти  собиқ Ҷумҳурии Шӯравии Украина таркиши бузург ва мудҳиштарин дар олам ба амал омад. Онро садамаи Чернобил ном мебаранд ва коршиносону мутахассисон онро ҷанги сеюми чаҳон унвонаш карданд. Аз ин таркиш 33 сол сипарӣ гардида бошад ҳам, вале ин  33 соле буд, ки хотироти мудҳишу  мушавваш дар дил мондаву дарду алами ҷонсӯзи танҳоӣ ба болои заҳру захме, ки дар тани иштирокчиён ҷой гирифта буд, тану ҷон ва равони онҳоро азият медод. 

Баъди ба амал омадани ин воқеаи мудҳишу ҷонсӯз ҳеҷ кас наметавонад худро бехатар ҳис намояд. Адиб Светлана Алексич дар яке аз нигоштаҳои хеш бо номи   "Дуои Чернобил ” чунин  гуфтааст: "Чернобил, ин ҷанги сеюми ҷаҳон мебошад ва мо аввалин шахсоне ҳастем, ки намедонем ин ҷанг чӣ тавр ҷараён ёфт”. Тибқи маълумоти дар расонаҳои иҷтимоӣ ҷойдошта, наворҳои шабакаи телевизионӣ, шабакаи телевизионии хориҷа "МАХ” ва рӯзномаҳо бояд қайд намоям, ки сабаби ба амал омадани  ин таркиш дар он буд, ки рӯйпӯши реактори энергоблоки 4-ум, ки вазнаш зиёда аз 1000 тоннаро ташкил медод, якпаҳлу шуда, 4 миллиард кори радионуклидҳо, 5 000 кг сӯзишвории радиоактивӣ, зарраҳои заҳрноки вазнин ва фишори дигар моддаҳои заҳролуд рӯйпӯши биноро вайрон намуд. Бар асари таркиш болопӯши бинои энергоблоки чорум ба баландии 11 000 метр ба фазо баромада, ба воситаи шамол 2 маротиба кураи заминро чарх зада, доғи баланди заҳрнок зиёда аз 18 давлати дунё, аз ҷумла Украина, Белорус, Россия, ИМА, Франсияро пахш ва ба ин заҳр олуда намуд. Бинобар ин, он ҷони ҳазорҳо одамонро рабуд, ки ин бузургтарин садамаи техногенӣ дар ҳаёти инсон буд. Аламовар ва боиси таассуф аст, ки шахсон ва иштирокчиёне, ки дар бартарафсозии ин садамаи атомӣ буданд, имрӯз маъюбу нотавон ва ниёзманд ба табобату дастгирии давлату ҳукуматанд.

Дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи атомии Чернобил зиёда аз 5000 нафар қаҳрамонмардони  тоҷикистонӣ ҳам иштирок доштанд. Чӣ дарднок аст, барои онҳое, ки мурғи орзуву ормонҳои эшон дар фазо болшикаста ва ба самти марг равона аст.

Мувофиқ ба маълумоти дар расонаҳои иҷтимоӣ ҷойдошта ва ҳисоботи оморӣ, дар натиҷаи ин садамаи маргбору дардбарангез беш аз 50 000 нафар маъюб шуда, 137 000 километри муккааб бо гази заҳрнок ва маҳдудкунандаи ҳаёт-сезий олуда шуда буд. Ҳангоми мусоҳиба бо ширкаткунандагони бартарафсозии ин воқеаи мудҳиш ва ба забон овардани хотироти сангини аз сар гузаронидаашон, ки яке аз онҳо Иғбол Қаландаров падари нигорандаи ин сатрҳо мебошад, тамоми ҳиссу ҳастии сомеъ ба ларзиш медарояд ва метавон дар хомӯшӣ ва орази пур аз асрори ин фарзонафарзанд ва қаҳрамонмарди баномуси муъминободӣ тамоми ҳаводиси баамаломадаро дар Чернобил дид.

Аз рӯи маълумоти мутахассисон, тавоноии таркиши НБА Чернобил аз таркиши бомбаи атомие, ки дар шаҳри Хиросимаи давлати Япония, ки аз тарафи ИМА партофта шуда буд, 300 маротиба зиёдтар буда, таъсиру зарароварии он тӯли 500 сол боқӣ мемонаду ба таври генетикӣ аз насл ба насл мегузарад. Имрӯз ҳатто фарзандони иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи атомии Чернобил радиатсияолудаву носолиманд.

Мувофиқи татқиқоти мутахассони соҳаи тиб заҳре, ки дар батни иштирокчиёни садамаи Чернобил мавҷуд аст, то ба нуҳ насл мегузаштааст. Таассуфовар аст, ки то ҳол баъзе аз ширкаткунандагони ин садамаи маргбахш оиладор нестанд ва намехоҳанд, ки насли носолимро ба дунё биёранд.

  Дар ин мавзӯъ ҳазорҳо гуфтаниҳост ва аз ҳазор яке ин аст, ки хуб мебуд роҳбарияти шаҳр ва махсусан, ноҳияҳо дар ҷашну маросимҳо ҷойи фиристодани як куртаи кӯдакона, иштирокчиёни ин садамаи атомиро, ки  шумори камашон дар ҷумҳурӣ мондааст, даъват намуда, баҳри хизматҳои шоён дастгирӣ ва сипосу ҳамд гӯянд. Зеро онҳо на ба куртаи кӯдаконаву  гули коғазин, балки ба рӯҳбаландии воқеӣ ниёз доранд.

 

Бахтовар Қаландаров,

рӯзноманигор, ноҳияи Муъминобод



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ВАХШ: МАЪЮБОН 44175 СОМОНӢ КУМАК МЕГИРАНД

Хабарҳо
Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Садамаи нақлиётӣ бо марги ҷавони 30-сола анҷомид

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Кӯлоб. Истиқбол аз рӯзи Артиши миллӣ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

Ҳалокати 4 нафар аз дасти ронандаи ноболиғ

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
109 садама ва ҳалокати 22 ноболиғ дар як сол

109 садама ва ҳалокати 22 ноболиғ дар як сол

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА