Дар як сатр
» » Афзоиши истеҳсолот дар МОИ “Данғара”

Афзоиши истеҳсолот дар МОИ “Данғара”

5-11-2017, 13:18

Нахустин хатти баландшиддати интиқоли барқ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Данғара” то поёни моҳи декабри соли ҷорӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт. Дар ин бора Сафаралӣ Тайфуров, муовини роҳбари МОИ “Данғара”, иттилоъ дод.
Афзоиши истеҳсолот дар МОИ “Данғара”

Ба қавли С. Тайфуров, пудратчии лоиҳа, ки ширкати хитойии кимиёвии “Шанси” аст, ҳоло машғули умури сохтмони зеристгоҳ ва насби поячӯбҳои хатгузар мебошад. Ин хат аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ибтидо гирифта, 15 км дарозӣ хоҳад дошт.

Дар идома С. Тайфуров ҳамчунин хабар дод, ки давоми соли ҷорӣ субъектҳои МОИ “Данғара” ба маблағи беш аз 13 миллион сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол кардаанд, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 2,5 миллион сомонӣ бештар аст.

Қарор аст, ки то поёни соли 2017 дар ин минтақаи иқтисодӣ дар ҳаҷми 20 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азми бунёди 30 корхона дар як сол

Азми бунёди 30 корхона дар як сол

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Бунёди 2 корхонаи нав дар МОИ «Данғара»

Бунёди 2 корхонаи нав дар МОИ «Данғара»

Хабарҳо, Иқтисоду тиҷорат, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии

Шиносоии ҳайати чинӣ аз минтақаи озоди иқтисодии "Данғара"

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Истеҳсолот афзун, аммо қонеъкунанда нест

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Афзоиши тавлидоти саноатӣ дар Кӯлоб

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА