Дар як сатр
» » ПАЁМ РАВШАНГАРИ ДАСТОВАРДҲОСТ

ПАЁМ РАВШАНГАРИ ДАСТОВАРДҲОСТ

3-01-2020, 08:11

"Бо вуҷуди он ки Тоҷикистон кишвари сероб мебошад, дар шароити имрӯза ва бо назардошти манфиатҳои наслҳои оянда мо бояд роҳҳои истифодаи самараноку сарфакорона ва муносибати эҳтиёткорона бо захираҳои обро васеъ ҷорӣ намоем.”

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 

Дарвоқеъ, ҳадафи воқеии раванди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор солҳои 2018-2028», ки дар роҳи таҳким ва мусоидат ба тадбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба захираҳои об мусоидат менамояд, ба ин гуфтаҳо равшанӣ андохтанд. Мақсад аз кӯшишҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар роҳи сарфакорона истифода бурдани об маротибаи чорум аст, ки ҷаҳониёнро тасхир менамояд. Ҳамагӣ ба пешниҳодҳои оқилонаи Сарвари давлати тоҷикон ҳамраъй гардида, баҳри амалигардии он дастгириҳои амиқ ба амал меоранд.

Дар ин роҳ, бузургтарин иқдоми кишвари мо ин сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» мебошад, ки дар сатҳи байналмилалӣ барои эътибору нуфузи Тоҷикистон ҷойи хосса дорад. Заҳматҳои зиёд барои ба кор даровардани агрегатҳои якуму дуюми НБО-и «Роғун» аз он дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии тоҷикон аст, ки бо номи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон марбут буда, он дар сафҳаҳои таърих бо ҳарфҳои тиллоӣ навишта мешаванд. Дар тамоми фасли сол бемамониат бо барқ таъмин гардидани аҳолии кишвар аз мақсаду мароми давлату Ҳукумат буд, ки моро насиб гардид.

Мо-омӯзгорон дар машғулиятҳо ба ҷавонону наврасон аз ғамхориву дастгириҳои бесобиқаи Пешвои миллат ёдовар гардида, хизмати содиқонаи яко яки ҳар фарди ҷомеаро ба ватану модар таъкид месозанд, ҷавононро ба адои садоқату вафодорӣ нисбати ватан-модар ҳидоят менамоянд. Дар қалби онҳо шуълаи меҳру муҳаббат ба Ватани азизамон –Тоҷикистон, собитқадамӣ дар ҳама ҷабҳаҳо, ки аллакай пешравиҳои куллӣ ба назар мерасад, меафрӯзем. Дуогӯйи он ҳастем, ки ҷавонони имрӯза якҷо бо калонсолон бо ифтихору ватандорӣ дар тамоми ҷабҳаҳои хоҷагии халқ садоқатмандона хизмат намоянд ва ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар роҳи рушду нумуи кишвар саҳми худро гузоранд.

Нигина Юсуфова,

омӯзгори МТМУ №10-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Пешвои миллат - эҳёгари НБО «Роғун»

Иқтисоду тиҷорат

Роҳ ба сӯи фардои дурахшон

Номаҳои Шумо

«РОҒУН» САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК АСТ

Ҳаёти иҷтимоӣ

Д. Гулмаҳмадзода: «Захираҳои гидроэнергетикии кишвар бойигарии милии мо аст ...

Ҳокимияти давлатӣ
Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Роғун мояи ифтихори ҳар як фарди ватан аст

Ҳаёти иҷтимоӣ