Дар як сатр
» » КИТОБ - РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

КИТОБ - РАҲНАМОИ ЗИНДАГӢ

3-01-2020, 08:09

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро кормандони муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб ба воситаи садо ва симои ҷумҳурӣ шунида, рӯҳу илҳоми тоза гирифтанд.

Дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ, ҳадафҳои асосии давлат барои соли 2020 ва сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисодию хоҷагии мамлакат доир ба беҳтаршавию баландбардории дараҷаи некуаҳволии халқ возеҳу равшан баён гардид. Инчунин, бо дарназардошти рушди иқтисодиёти мамлакат ва имкониятҳои имрӯзаи молиявӣ аз 1-уми сентябри соли 2020 музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ ба андозаи 15% зиёд карда мешавад ва ин иқдоми наҷиб ҳамаи моро водор менамояд, ки корро боз ҳам хубтару беҳтар ба роҳ монем.

Чӣ хеле ки ба ҳамагон маълум аст, ба ифтихори ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон (№ АП - 1165 аз 09.02.2019) миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот ва шаҳрвандони кишварозмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ...» баргузор гардид. Вобас-та ба ин, ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуд. Минбаъд низ ҳар сол озмуни "Фурӯғи субҳи доноӣ...” – ро аз рӯи се самт: якум- миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монда мешавад.

Дар ин самт китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд. Зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад. Ҳамин аст, ки ба хотири баланд бардоштани сатҳи маънавиёти аҳолӣ дар як сол хондани на камтар аз панҷ китоби бадеӣ ва ҳифзи асарҳои манзуму мансури адибони гузаштаву муосирро барои калонсолону хонандагон ба роҳ мондан яке аз пешниҳоди муҳими дар Паём ироанамудаи Пешвои миллат мебошад. Яке аз иқдомҳои беназири Пешвои миллат боз дар он зоҳир гардид, ки бо мақсади омӯзиши амиқи таърихи пурифтихори халқи тоҷик шоҳасари Бобоҷон Ғафуров китоби "Тоҷикон” – ро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд. Ҳар як дастури Паём мо-китобдоронро водор месозад, ки корро ҷоннок намуда, ҷиҳати ноил шудан ба ин ҳадафҳои олӣ зарур аст, барои боз ҳам ободу зебо гардониданиВатани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба воситаи захираи бойи китобиамон дар байни омма тарғиб намуда, дастаҷамъона саъю кӯшиш намоем.

Саодат Абдулҳакимзода,

корманди Муассисаи давлатии Китобхонаи оммавии вилояти

Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ

дар шаҳри Кӯлоб




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм

ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ...

Маориф ва илм

Истифодаи технологияи муосири иттилоотӣ дар фаъолияти китобхонаҳо

Фарҳанг ва адабиёт
Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Кӯлоб.Ҷамъбасти озмуни “Китобхони беҳтарин”

Фарҳанг ва адабиёт
Китоб кони ганҷ аст

Китоб кони ганҷ аст

Фарҳанг ва адабиёт