Дар як сатр
» » РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

РОҲНАМОИ ФАЪОЛИЯТ

3-01-2020, 08:08

Профессорону устодон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо хушнудӣ пазируфта, онро дастуру роҳнамои фаъолияти худ донистаанд.

Бояд зикр кард, ки Паёми Пешвои миллат ҷиҳати рушду нумуи Тоҷикистони соҳибистиқлол заминагузор буда, амалӣ намудани ҳар нуктаи он ба беҳтар гардидани нишондиҳандаҳои меҳнатӣ дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи маориф ва илми кишвар мусоидат мекунад.

Дар ин ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ дастовардҳои кишвар ба таври васеъ таҷассум ёфта, он фарогири ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа буда, ифодагари рушди бемайлони иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Миллати сулҳпарвару тамаддунофари тоҷик дарк кард, ки ягона васила ва омил барои саодатмандӣ ин оромиву осоиштагӣ мебошад, ки ҳифзи он дар Паём низ ишора шуд.

Дар Паёми Пешвои миллат ва сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва илм мақоми аввалиндараҷа дорад. Ҳамин аст, ки ҳамасола барои рушди ин соҳа аз буҷаи давлат маблағҳои зиёд ҷудо мегардад. Шароити таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ зина ба зина беҳтар гардида, муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири техникӣ таъмин гашта истодаанд. Ин ҳама ғамхориҳо ба рушди соҳа ва зиёд шудани нишондиҳандаҳо мусоидат менамоянд.

Дар соли 2020 низ як қатор тадбирҳои муҳим барои рушду густариши соҳаи маориф ва илми кишвар андешида шудаанд, ки онҳо марҳила ба марҳила амалӣ хоҳанд гашт. Аз омӯзгорону кормандони соҳаи маориф ва илми кишвар тақозо мешавад, ки сатҳу сифати таълиму тарбияро дар муассисаҳо дуруст ба роҳ монда, насли созандаву бунёдкор ва дорои ахлоқу дониши баландро ба камол расонанд. Маҳз бо ин мақсад, дар факултети филологияи тоҷики ДДБ ба номи Носири Хусрав дар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақша-чорабиниҳо таҳия гардида, дар ин самт корҳои амалӣ татбиқ шуда истодаанд.

Қайд намудан зарур аст, ки аз Паём то Паём дар факултети филологияи донишгоҳ навгониҳои зиёде ба вуқӯъ пайвастанд, ки гувоҳ аз амалӣ гардидани нуктаҳои ин ҳуҷҷати роҳнамосоз мебошад. Дастуру супоришҳое, ки дар Паёми навбатӣ ироа шуданд, устодону кормандони факултетро вазифадор менамояд, ки дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, худшиносу худогоҳ ва ватандӯсту меҳанпараст саҳми шоиста гузоранд. Ҳамчунин, дар шинохт ва таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ, таъмини зиндагии шоиста барои ҳар сокини кишвар, ки ҳадаф ва мақсадҳои асосӣ ба ҳисоб меравад, чораҳои зарурӣ андешанд.

Илҳом Қодирӣ,

декани факултети филологияи тоҷики

ДДБ ба номи Носири Хусрав




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

БАРНОМАИ РАҲНАМУНСОЗ

Маориф ва илм

ПЕШВОИ МИЛЛАТ- МАОРИФПАРВАРИ БУЗУРГ

Маориф ва илм
АЗ АФЗОИШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ХУБ МЕШАВАД

АЗ АФЗОИШИ БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ ЗИНДАГИИ МАРДУМ ХУБ МЕШАВАД

Ҳаёти иҷтимоӣ

Масъулияти касбӣ баланд мегардад

Номаҳои Шумо
Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Вохӯрии вакилон бо устодону донишҷӯён

Хабарҳо, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, КОМРОНИ БАХТИЁР