Дар як сатр
» » САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ХОВАЛИНГ

3-01-2020, 07:52

 

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 31 декабри соли 2019 бо мақсади иштирок дар маросими ифтитоҳи беморхонаи рақамӣ, шиносоӣ бо рафти корҳои сохтмонӣ дар иншоотҳои таъйиноти гуногун, мулоқот бо сокинони Ҷамоати деҳоти "Шугнов”, аёдати беморон ва табрики сокинони маҳаллӣ бо фарорасии Соли нави мелодӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг ташриф овард.

 

Ифтитоҳи беморхонаи нави рақамӣ дар деҳаи Сиёҳфарк

31 декабр бо иштироки раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода беморхонаи рақамии деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти "Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Беморхонаи рақамии мазкур аз тарафи соҳибкори ватанӣ Фатҳулло Соҳибов дар асоси нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг бо сифати баланд бунёд гардидааст.

Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки ба кори сохтмони ин бемористон 20 нафар бинокори маҳаллӣ ҷалб гардида, бо маоши хуб таъмин буданд. Дар сохтмон ва муҷаҳҳазонии дармонгоҳи мазкур, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 27 кати хоб аст, соҳибкор зиёда аз 2 миллион сомонӣ харҷ кардааст.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳи боз як муассисаи тандурустӣ дар деҳаи дур-дасти ноҳияи Ховалингро самараи марҳалаи созандагиву ободкории кишварамон арзёбӣ намуда, дар арафаи Соли нави мелодии 2020-ум ба фаъолият оғоз кардани ин дармонгоҳи навро туҳфаи идонаи Ҳукумати Тоҷикистон ва соҳибкори ватанӣ ба кормандони соҳаи тандурустии ноҳия номид.

- Мо хуб дар ёд дорем, ки 7 августи соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ховалинг бинои наву замонавии шуъбаҳои ҷарроҳӣ ва кӯдаконаи Беморхонаи марказии ноҳияро мавриди истифода қарор доданд, - зикр намуд раиси вилоят зимни суханрониаш дар маросими ифтитоҳи беморхонаи рақамӣ. - Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дастгоҳу таҷҳизоти шуъбаҳои нави беморхона аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон харидорӣ гардида, аз ҷониби мутахассисони соҳа васлу насб карда шудаанд. Имрӯз бошад, дар партави ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар доираи омодагиҳо ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.

Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки яке аз омилҳои асосии муваффақияти ҳар як муассисаи тиббӣ, пеш аз ҳама, ба дараҷаи касбияти кормандонаш вобаста аст. "Бинобар ин, бовар дорам, ки барои ҷалби мутахассисони баландихтисос ва пайваста такмил додани сатҳи касбии табибони беморхонаи навбунёд чораҳои судманд андешида мешаванд”, - афзуд раиси вилоят.

Роҳбари вилоят, ҳамчунин, изҳори итминон кард, ки кормандону табибони муассисаи навбун-ёди табобатӣ минбаъд низ рисолати муқаддаси худро дар ҳифзи саломатии сокинон софдилонаву садоқатмандона иҷро мекунанд.

Дар идомаи маросими тантанавии ифтитоҳи беморхонаи рақамӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба соҳибкорон Фатҳулло Соҳибов, Ҷумъахон Қосимов ва дигарон Сипосномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлонро тақдим намуда, ба онҳо барои ташаббусу иқдомоти созанда ва ватандӯстонаашон арзи сипосу миннатдории самимӣ баён кард.

 

Маросими гузоштани санги асоси муассисаи томактабӣ

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода 31 декабр дар доираи сафари кории худ ба ноҳияи Ховалинг дар расми гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи томактабӣ барои 100 нафар кӯдакони хурдсол дар деҳаи Сиёҳфарк иштирок намуд.

Ба раиси вилоят маълумот доданд, ки иншооти мазкур дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маблағи 1,5 миллион сомонӣ бунёд хоҳад шуд. Соҳибкорон Фатҳулло Соҳибов ва Ҷумъахон Қосимов ният доранд, ки ин муассисаи таълимии томактабиро моҳи июни соли 2020 дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ мавриди истифода қарор диҳанд.

Қобили зикр аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат чунин қайд карданд: "Вазифаи муқаддаси ҳар яки мост, ки ба хотири пешрафти минбаъдаи Тоҷикистони азизамон ва фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда барои сокинони кишвар саъю талош намоем”.

Қурбон Ҳакимзода таъкид намуд, ки ин гуна иқдому ташаббусҳо, ки аз ҷониби соҳибкорони ҳимматбаланди номбаршуда амалӣ шуда истодаанд, ҳамеша қобили таҳсину дастгирӣ мебошанд. Раиси вилоят ба масъулони сохтмон ва бинокорон ҷиҳати дар муҳлати муайяншуда, бо сифати баланд ва бо тарҳи муосир ба анҷом расонидани сохтмони кӯдакистон дастурҳои судманд дод.

Мулоқоти самимӣ бо собиқадорони меҳнат ва куҳансолони деҳоти Шугнов

Дар доираи ин сафар раиси вилоят аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти «Шугнов», ки соли 2019 аз тарафи соҳибкор Фатҳулло Соҳибов ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонӣ бунёд шудааст, дидан намуд. Муассисаи таълимии мазкур барои 490 нафар дар як баст бун-ёд гардида, дар он 27 омӯзгор ба 611 нафар хонандагон дар ду баст дарс мегӯянд.

Зикр гардид, ки ин таълимгоҳ кӯдакони синни мактабиро аз деҳаҳои Сиёҳфарк, Дашти Рубот, Хоҷаи сабзпӯш ва Тигонов ба таҳсил фаро гирифтааст.

Соли сипаришуда 38 нафар ин муассисаи таълимиро хатм намуда, тариқи Маркази миллии тестӣ 15 нафари онҳо шомили донишгоҳу донишкадаҳо гардиданд, ки 39,4%-и шумораи умумии хатмкардаҳоро ташкил медиҳад.

Дар идомаи сафар Қурбон Ҳакимзода бо собиқадорони меҳнат ва куҳансолони деҳаи Сиёҳфарк суҳбати гарму самимӣ доир намуда, онҳоро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфт. Раиси вилоят бориши барфи зеборо дар арафаи Соли нав дар деҳоти Шугнови Ховалинг фоли нек номида, изҳори итминон кард, ки соли 2020 низ дар доираи нақшаи чорабиниҳои омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг корҳои ободонию созандагӣ вусъати бештар пайдо хоҳанд кард.

Тавре ки зикр ёфт, то соли 2021 дар ноҳияи Ховалинг бунёду азнавсозии зиёда аз 330 иншооти таъйиноти гуногун пешбинӣ гардидааст. Дар давоми соли 2019 сохтмони 126 иншоот ба анҷом расонида шудааст, ки дар он миён се муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ду беморхонаи рақамӣ, се коргоҳи дӯзандагӣ, бинои маъмурии ҷамоати деҳот дар деҳаи Лоҳутӣ, сохтмони амфитеатр, маҷмааи варзишӣ, ҳаммом, шуъбаҳои беморхонаи марказӣ, маркази ҷавонон, бинои маъмурии ҲХДТ дар ноҳия, варзишгоҳ, ду осорхона, чор меҳмонхона, боғи фарҳангӣ-фароғатӣ дар маркази шаҳраки Ховалинг бо ҷойгиркунонии Парчам ва Нишони давлатӣ, 6 майдончаи варзишӣ, коргоҳи оби нӯшокӣ, ду бинои баландошёна, ду ҳавзи шиноварӣ, қабулгоҳи меҳмонон ва сайёҳон, зиёда аз 20 маркази савдо ва хизматрасонӣ, бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани сокинони 12 деҳа, ба истифода додани марказҳои дандонпизишкӣ ва вируси норасоии масунияти одам, чароғонкунии маркази ноҳия ва 10 деҳа, мумфарш намудани 16 километр ва сангфарш намудани 26 километр роҳҳо, сохта ба истифода додани ду китобхона, насби 13 трансформатор ва 80 адад симчӯбҳо, се пули мошингузар мебошанд. Дар маросими ифтитоҳи чанде аз иншоотҳои номбаршуда Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 7-8-уми августи соли сипаришуда шахсан иштирок карда буданд.

Раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода бо истифода аз фурсат, ба тамоми мардуми шарифи ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла соҳибкорон ва шахсони ҳимматбаланд, барои корҳои ободонии то имрӯз амалинамудаашон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

 

Боздид аз Маркази ҳунарҳои мардумӣ

дар деҳаи Сиёҳфарк

Сафари кории раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода ба Ҷамоати деҳоти "Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг бо боздид аз маркази ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи Сиёҳфарк идома кард.

Қайд гардид, ки ин марказ соли 2019 дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани солҳои 2019-2021 аз тарафи соҳибкор Вилоят Муҳиддинова бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудааст.

Раиси вилоят нахуст аз намоишгоҳи маҳсулоти нонию қаннодӣ ва таомҳои миллӣ, ки бонувони деҳа ороста буданд, дидан намуда, ба ҳунари пазандагии онҳо баҳои баланд дод.

Дар ошёнаи дуюми бинои марказ сехи хайётӣ фаъолият карда, дар он 16 нафар бонувони маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд. Марказ бо 16 дастгоҳи дӯзандагӣ таъмин карда шуда, дар он сарулибоси мактабӣ барои духтарон, маводҳои рӯзгор (матрас, кӯрпача), гулдӯзиҳо ва дигар номгӯи маҳсулоти миллӣ омода менамоянд.

Раиси вилоят дар суҳбат бо бонувони ҳунарманд аз Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ёдовар гардид. Роҳбари давлат ба ҳамаи сокинони мамлакат муроҷиат карда, даъват намуданд, ки "то ҷашни муқаддасу бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамон ҳар як оила ба масъалаи таҷдиду азнавсозӣ, тозаву озода ва ободу зебо гардонидани манзили зист, кӯчаву хиёбон ва ҳамаи маҳалҳои аҳолинишин кӯшиш намояд. Мо бояд ин ҷашни мубораки миллиамонро дар шароити аз имрӯза беҳтар ва бо дастовезҳои арзандаи миллати некномамон истиқбол намоем”.

Раиси вилоят дар аёдати афроди

имконияти ҷисмониашон маҳдуд

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар деҳаи Сиёҳфарки Ҷамоати деҳоти "Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг ба аёдати Ҳасан Мирзоев, нафақагири маъюб рафт.

Зимни мулоқот бо Ҳасан Мирзоев раиси вилоят ӯро бо фарорасии Соли нави мелодӣ муборакбод гуфта, таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қишри ниёзманди ҷомеа, алалхусус маъюбону барҷомондагон, пайваста ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Ҳасан Мирзоев ба Пешвои миллат ва раиси вилоят барои таваҷҷуҳи доимиашон изҳори сипосу миннатдорӣ кард.

Қурбон Ҳакимзода 31 декабр ҳамчунин ба дидорбинии Шарифхӯҷа Сатторов, сокини деҳаи Дашти Руботи Ҷамоати деҳоти "Шугнов” рафт. Ш. Сатторови 36-сола маъюби гурӯҳи якум буда, падари чаҳор фарзанди хурдсол мебошад. Раиси вилоят аҳли хонадони ӯро бо Соли нави мелодӣ шодбош гуфта, ба масъулони ноҳияи Ховалинг ва раёсатҳои тандурустию маорифи вилоят дастур дод, ки раванди табобати Ш. Сатторов ва таҳсили фарзандони ӯро дар таълимгоҳ зери назорат қарор диҳанд ва ҳамаҷониба мусоидат кунанд.

Қобили зикр аст, ки тибқи қарори раиси вилояти Хатлон аз 5 июли соли 2019, №195, "Дар бораи чораҳои тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон”, бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии ниёзмандон ҳар рӯзи шанбе дар вилоят "Рӯзи аёдати ниёзмандон” ба роҳ монда шудааст.

Дар доираи ин қарор ба афроди ниёзманд, аз ҷумла шахсони камбизоат, ятимони кулл, оилаҳое, ки дар ҳайати худ шахси маъюб доранд, собиқадорони меҳнат, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, маъюбони гурӯҳи 1 ва 2, шахсони яккаву танҳо, иштирокчиёни садамаи Чернобил ва барқароркунандагони сохти конститутсионӣ дар кишвар, ки маъюбӣ дошта, ба дастгирии моддию молиявӣ ниёз доранд, кумакҳо расонида мешавад.

 

Шиносоӣ бо шароити зисту таҳсили

тарбиятгирандагони литсей-интернати

давлатии деҳаи Шугнов

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода бо шароити зисту таҳсили тарбиятгирандагони литсей-интернати давлатии деҳаи Шугнови Ҷамоати деҳоти "Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг шинос гардид.

Қайд гардид, ки литсей-интернати мазкур соли 2014 дар заминаи литсей-интернати хусусӣ таъсис ёфтааст.

Дар ин муассисаи таълимӣ айни замон 148 хонанда таҳсил намуда истодаанд. Аз шумораи умумии тарбиятгирандагон 60 нафарашон аз оилаҳои камбизоат буда, дар хобгоҳ бо маблағгузории буҷети маҳаллӣ нигоҳубин карда мешаванд.

Ба тарбиятгирандагон дар литсей 12 нафар омӯзгорон дарс мегӯянд. Ба раиси вилоят иттилоъ доданд, ки соли 2019-ум 98%-и хатмкардаҳои ин литсей-интернат ба мактабҳои олии таълимӣ, аз ҷумла 2 нафар ба донишгоҳҳои хориҷи мамлакат, шомил гардидаанд.

Дар баробари дидорбинӣ аз тарафи раиси вилоят ба хонандагони литсей-интернат туҳфаҳои солинавӣ, аз ҷумла либосҳои гарм ва шириниҳо, барои хобгоҳи литсей бошад, телевизорҳо тақдим карда шуд.

Раиси вилоят ба хонандагон таҳсили хубу аъло ва рафтори намунавӣ, инчунин ба омӯзгорони муассиса дар иҷрои рисолати муқаддасу ифтихориашон барору комёбӣ таманно намуд.

Носирҷон Маъмурзода,

мудири шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси

вилояти Хатлон




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД»

РАИСИ ВИЛОЯТ: «ДАСТГИРИИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ТАҲТИ ТАВАҶҶУҲ ҚАРОР ДОРАНД»

Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

ИФТИТОҲИ ИНШООТҲОИ ҶАШНӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

Ҳокимияти давлатӣ
ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

ИШТИРОКИ РАИСИ ВИЛОЯТ ДАР ИФТИТОҲИ МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ

Ҳокимияти давлатӣ
САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БА НОҲИЯИ ЁВОН

Ҳокимияти давлатӣ

САФАРИ КОРИИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БА НОҲИЯИ МУЪМИНОБОД ВА ШАҲРИ КӮЛОБ

Ҳокимияти давлатӣ