Дар як сатр
» » ДАСТГИРИИ ШАХСОНИ ЭҲТИЁҶМАНД КОРИ САВОБ АСТ

ДАСТГИРИИ ШАХСОНИ ЭҲТИЁҶМАНД КОРИ САВОБ АСТ

3-01-2020, 07:51

Дар арафаи Соли нави мелодӣ муовини аввали раиси вилоят Хайрулло Амонулло дар ноҳияи Ёвон қабули шаҳрвандонро доир намуд, беш аз 20 нафар сокинони ноҳияи Ёвон ба муовини аввали раиси вилоят арзи матлаб намуданд.

Сокинони ноҳияи Ёвон оид ба масъалаҳои вобаста ба таъмири роҳи автомобилгарди Ёвон-Ваҳдат, ҷудо намудани замини наздиҳавлигӣ, тоза намудани ҷӯю заҳкашҳо, таъмини оби нӯшокӣ, тоза кардани селпартоҳо, ташкил намудани хоҷагии деҳқонӣ аз ҳисоби заминҳои таълимӣ-таҷрибавӣ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти "Обшорон”, таъмири пули мошингарди байни Ҷамоати деҳоти "Ситораи сурх” ва шаҳраки "Ҳаёти нав” ва ҷудо намудани қитъаи замин барои сохтмони бунгоҳи тиббӣ дар деҳаи Тағойобод ба муовини аввали раиси вилоят муроҷиат намуданд. Арзу матлаби аксар сокинони ноҳияи Ёвон баҳри рушди маҳал ва беҳ гардидани зиндагии аҳолӣ равона гардида буд.

Муовини аввали раиси вилоят пас аз шунидани арзу матлаби шаҳрвандони ноҳияи Ёвон масъулини ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявиро баҳри ҳаллу фасли мушкилоти ҷойдошта муаззаф намуд. Номбурда таъкид дошт, ки ҳадаф аз таҳияи нақша-чорабиниҳо бахшида ба сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабл аз ҳама тақвият бахшидани корҳои ободониву созандагӣ, рушди инфрасохтори деҳот, беҳбудӣ ба рӯзгори сокинон, бунёди муассисаҳои таълимию табобатӣ, хизматрасонӣ, таъмиру тармими роҳу пулҳо, бунёди корхонаҳои саноатӣ,таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори доимӣ мебошад. Тавре, ки Амонулло Хайрулло иброз дошт, саноатикунонии босуръат ҳадафи чоруми стратегии кишвар ба шумор меравад, зеро рушди саноат дар баробари таъмини устувории иқтисодиёт, ҳамчунин ҷиҳати ташкили ҷойи нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ ва рақобатнокии он замина мегузорад. Ҳамин тавр, муовини аввали раиси вилоят нисбати Паёми нав-батии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан ронда, таъкид дошт, ки бо талошҳои Ҳукумати мамлакат дар панҷ соли охир 14 Созишномаи сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим бо маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонда шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад. Дар соҳаи энергетика бошад, 12 лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16, 1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Дар доираи ин лоиҳаҳо 2 агрегати Неругоҳи барқи обии "Роғун” ба кор шурӯъ кард.

Ҳамчунин, дар ҷамъомад нисбати иқдоми соҳибкорони ватанӣ, ки дар рушду нумӯи ҷомеа саҳми муносиби хешро гузошта истодаанд, изҳори назар намуда, таъкид гардид, ки соҳибкорон бо иқдоми хайрхоҳонаи хеш муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ сохта, барои таҳсили толибилмон ва фаъолияти омӯзгорон шароити мусоид фароҳам оварда истодаанд. Иқдоми масъулини ширкати «Моҳир семент» дар ин самт лоиқи дастгирист.

Зимни ҷамъомад нисбати рушди соҳаи сайёҳӣ, ки яке аз самтҳои соҳаи давлат ба ҳисоб меравад, ибрози назар намуда, таъкид гардид, ки айни замон 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият дорад. Соли сипаригардида беш аз як миллион нафар сайёҳон аз мавзеъҳои нодири кишвари азизамон дидан намуданд. Дар ҷамъомад нисбати таъмиру тармими китобхонаҳо ва ҷалби аҳолӣ, бахусус ҷавонон ба китобхонӣ махсус таъкид рафт.

Муовини аввали раиси вилоят зимни суханронӣ вобаста ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, дастгирии оилаҳои камбизоат, маъюбон, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии кишвар махсус таъкид доштанд, ёдовар гардида, масъулини соҳаҳоро баҳри дастгирии ин қишри ниёзманд раҳнамун сохт. Муовини аввали раиси вилоят Амонулло Хайрулло нисбати иҷроиши қисми даромади буҷет, бунёди муассисаҳои таълимии томактабӣ, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ва кишоварзӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, таъмини иҷрои нақша-чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андеша ронда, баҳри беҳбудӣ бахшидан дар ин самт дастуру супоришҳо дод.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ислоҳи саривақтии камбудиҳо ба фаъолияти босамари соҳаҳо имкон медиҳад

Ҳокимияти давлатӣ
Сипоси қадри инсон кори нек аст

Сипоси қадри инсон кори нек аст

Ҳокимияти давлатӣ
Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳокимияти давлатӣ
Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Д. Гулмаҳмадзода: “Қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо коҳиш ёфтааст”

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо ҷалби соҳибкорон корхонаҳои саноатӣ бунёд намуда, ҷой ...

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, АСАЛМО САФАРОВА