Дар як сатр
» » САРГУЗАШТҲОИ СОЛИНАВӢ

САРГУЗАШТҲОИ СОЛИНАВӢ

1-01-2020, 10:25

Соли нав иди ҳамагон аст. Онро пиру барно  ба таври махсус ва бо хушнудӣ қайд намуда, дар ин рӯз ба кӯдакон, албатта, туҳфаҳо тақдим мекунанд. Хусусияти неки ин ид дар он аст, ки Соли навро одамон дар хона бо аҳли оила, ҳам бо ёру дӯстон ва ҳам дар ҷойи кору дар гирди арчаи солинавии шаҳру ноҳияи худ муддати як шабонарӯз мегузаронанд. Ҳамзамон, ҳар соли нав хосияте дораду пур аз воқеаҳои аҷоиб аст ва аз худ хотироти нек боқӣ мемонад...

 

ТОРТ

Соли нав дар хонадони Шоим ид болои ид меояд. Онҳо ҳам Соли навро ид мекунанду ҳам зодрӯзи бонуи хонадон-янгаи Саодатро қайд менамоянд, ки ҷашни зодрӯз дорад. Дар ин рӯз шавҳар барояш торти махсус туҳфа мекунад. Ин барои ӯ анъанаи ҳарсола шуда мондааст.

Шоим дар баробари одати хубаш боз як одати бад низ дорад, мухлиси арақ аст. Ҳамин ки ба арақнӯшӣ сар кард, "майдабозӣ” намекунад, иштиҳояш қозгир шуда, шикамсерӣ менӯшад. Махсусан, дар рӯзҳои ид, тӯй ва зодрӯзҳо "лайло” мешавад. Дар бисёр ҳолатҳо арақнӯширо аз меъёр гузаронида, ба хона гоҳо чорпову гоҳо дарахтонро шумурда, панҷараи гирду атрофи биноҳоро даст-даст карда меояд. Ин рафтори шавҳар занро назди ҳамсояҳо сархам намудааст. Ҳамин аст, ки зан пеш аз ба зиёфате рафтани шавҳар "коҳ аз мардум, магар каҳдон ҳам аз мардум аст?!”, гӯён Шоимро таъкид менамояд, то камтар арақ нӯшад. Вале, дили одаткарда балои ҷон, мардак боз ҳамон Аҳмадаки порина аст - менӯшаду менӯшад. арақнӯш қавлу қасам надорад...

Шоим ҳар як соли нав анъанаи деринаашро вайрон намекунад. Дар зодрӯзи завҷааш барои ӯ торти махсус мефармояд. Ӯ баҳонаи торт ба кӯча баромада, бо дӯстони ҳамқадаҳаш гулӯ тар намуда, боз ягон воқеаеро аз сар мегузаронад. Шоим як саргузашти аҷоиби солинавӣ дорад, ки он дар яке аз шабҳои солҳои нав рух додабуд.

...Мард шомгоҳон тағйири либос карда, барои овардани торти фармудааш аз хона баромад. То вақти гирифтани торт фурсате дошт ва барои гулӯтаркунӣ сари қадам ба тарабхона даромада, арақ фармуд. Аввал, садта-садта, баъд, боз саду панҷоҳтагӣ илова намуда, ба қавле сар "гарм” кард. Баъд ба сехи қаннодӣ омада, торти фармудаи дар қуттии зебои солинавӣ ҷо намударо гирифту ба хона равон шуд. Дар ними роҳ бозистода ба соати дастӣ нигарист. Ё арақи нӯшидааш камӣ кард, ё ҳаво сард буд, ки "ҳоло вақт ҳаст, садтаи дигар арақ нӯшидан даркор, дар хона занак арақ  нӯшидан намемонад, ғур-ғур мекунад” гӯён ӯ роҳашро дигар кард. Назди Арчаи асосии солинавии шаҳрӣ рафт. Дар он ҷо ҳамқадаҳояшро вохӯрда монд. Албатта, ягон вохӯрӣ бе нӯшонӯшӣ намегузарад, суҳбат ҳам қаймоқ намебандад. Онҳо Соли навро бо тарзи худ истиқбол намуда, шишаҳои арақро як-як холӣ карданд.

Шоим соати расо 22 аз тарабхона берун шуд. Барфи лак-лакӣ меборид ва аллакай заминро сафед кардаю роҳ лағжонак шуда буд. Ӯ калавида-калавида роҳ мерафту торти дасташро эҳтиёт мекард, то ки ба замин афтида ба хоку санг олуда нагардад. Бало аз таги по мехезад, гуфтагӣ барин, Шоим дар роҳи лағжонак тортро эҳтиёт карда натавонист. Рӯи барф лағжида, пуштнокӣ афтид. Торт аз дасташ раҳо ёфта, аввал бар рӯй, сипас болои барфу лой пош хӯрд. Вай вазнину ғурғуркунон сари по шуд. Торти ба пораҳо табдилёфтаю  аз сару рӯй ва бо барфу лой омехташударо боз ҷамъ оварда, аз нав ба қуттӣ ҷой кард. Акнун торт ба торти аслӣ монандӣ надошт...

Янгаи Саодат дастархони идона ороста, барои зеби он танҳо торт намерасид ва роҳи шавҳарро бесаброна интизорӣ мекашид. Шоими дар обу лой ҷӯлида дар даст қуттии торт вориди хона шуд. Аз омадани ӯ аҳли хонадон нафаси осуда гирифтанд. Зан туҳфаи шавҳарро сари дастархон овард. Қуттиро боэҳтиёт кушода, ҳуш аз сараш парид. Дар дохили қуттӣ аз торт дида барфи ба лой омехташуда бештар буд.

Зан сарпӯши қуттиро баста, ба шавҳар нигарист. Ҳоли ӯ аз ҳоли торт беҳтар набуд. Аз ин рӯ, ӯ аз "туҳфа”-и ин дафъаина низ хафа нашуд. "Аз ҳама муҳимаш анъанаи ҳарсола вайрон нашуд. Торт, бигзор дар кадом шаклу намуде, ки бошад, туҳфа гардид” аз дил гузаронд янгаи Саодат ва аҳли оила сар хони солинавӣ нишастанд...

 

СОЛИ НАВ ДАР ҲУШЁРХОНА

Иди солинавиро ҳар кас ба таври худ истиқбол мегирад. Дӯстони давраи мактабӣ Назару Амону Раҳим як анъана доштанд - Соли навро дар шаҳр, дар хонаи Назар ҷашн мегирифтанд. Онҳо, то ҳанӯз  истиқболи яке аз солҳои нави замони Шӯравиро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонанд.

...Шоми Соли нав "Се мушкатёр” (янгаи Садаф ба ҷӯраҳои ҳамқадаҳ чунин тахаллус дода буд) барои истиқболи Соли нав дар хонаи Назар гирд омаданд. Барои оро додани дастархони идонаашон хуб тайёрӣ дида, газакҳои рангобаранг, нӯшокиҳои гуногун ва хӯрданиҳои дигар омода намуданд.

"Ташкилӣ”-и онҳо, аз рӯи одат, аз тарабхона сар шуда, дар хонаи Назар идома ёфт. Онҳо хӯрданду нӯшиданд, нӯшиданду хӯрданд. Ҳанӯз Соли нав оғоз наёфта, захираи арақашон тамом шуд. То оғози Соли нав бошад, ҳамагӣ як соат монда буд.

- Соли нав бе арақ чӣ хел соли нав мешавад?! - луқма партофт соҳибхона.

- Суҳбатамон гарм намешавад, соли нав маза намекунад, - сухани Назарро об дод Амон.

- Ана инро муаммои калон мегӯянд,-ба суҳбат ҳамроҳ шуд Раҳим.-мағозаҳо дар ин соати шаб кор намекунанд.

- "Пул бошад дар ҷангал шӯрбо” гуфтаанд,-сари мақсад омад Назар.

Амону Раҳим бо баҳонаи ҳавои тозагирӣ ба кӯча баромаданд. Ҳаво сард буду барф дар бориш. Замин аллакай сап-сафед шуда буд. Ҷӯраҳо рост ба тарабхонаи наздиктарин рафта, ҳар кадом дар даст душишагӣ арақ баргаштанд. Онҳо дар ҳолати сархушӣ роҳи хонаро гум карданд.

- Шаҳрро ҳамин бинои хонаҳояш нобоб, ҳамааш якхела сохтагӣ,-гила кард Амон.

-Хонаи Назар кадомаш бошад?-ба қатори биноҳои якшакла сохташуда назар дӯхта пурсид Раҳим.

-Ба гумонам, ана ҳамин бино аст,-бинои сохтмонаш нотамомро нишон дод Амон.

Хонаи Назар деворпӯш набуд, ин девори баланд аз куҷо пайдо шудааст?-дудила пурсид Раҳим.

- Камтар нӯшидан даркор буд, алкаголик,-гӯён Амон ҷӯраашро кашолакунон вориди даромадгоҳи бинои сохтмонаш нотамом шуданд. Бино на дару тиреза ва на боми пӯшида дошт. Онҳо ба зинаи барфпӯш қабат ба қабат боло рафта, ба ошёнаи охир баромаданд. Осмони барфрезро дида дар ҳайрат монданд.

-Аҷабо, боми хона куҷо шуда бошад? Соҳибхонаҳо ҳам нестанд,-ба чизе сарфаҳм нарафта ғур-ғур мекард Амон.

-Айби худамон, ҳаял кардем, шояд Назар бо аҳли оила ба тамошои Арчаи солинавӣ рафта бошанд?-тахмин кард Раҳим.

- Биё, фолбиниро як тараф монему то баргашта омаданашон каме сари хоба бигирем, андак сабуктар мешавему то саҳар базма идома медиҳем,-гӯён Амон худро ба кунҷаке партофт.

Посбони сохтмон дохили бино шудани ду мастро дида буду берун омаданашонро хело поид. Аз "меҳмонон”-и нохонда дарак нашуд. Посбон бими он ки ягон фалокат рух надиҳад, зуд ба ҳушёрхона (ветризвител-як шуъбаи корҳои дохилии даврони Шӯравӣ буд, ки дар он ҷо ашхоси дар кӯчаю ҷойҳои ҷамъиятӣ бадмастро як-ду шабонарӯз нигоҳ медоштанд) занг зад. Амону Раҳимро ба ҳушёрхона бурданд.

Назар бошад, ба суроғи дӯстони гумшудааш баромад. Ӯ дараки онҳоро аз посбон фаҳмида, ба ҳушёрхона омад. Дар ҳушёрхона ӯро низ бо хушӣ ба "меҳмонӣ” қабул карданд. Ҳамин тавр, дустон Соли навро дар ҳушёрхона гузарониданд...

 

С. АТТОР,

«Хатлон»


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«Дукони пурасрор»-и Инобат

«Дукони пурасрор»-и Инобат

ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ, Иқтисоду тиҷорат, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Бозгашт ба Ватан

Бозгашт ба Ватан

Хабарҳо, Чеҳранигорӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, САТТОР ҚАРАХОНОВ
Падари ҷинояткор, ҳуҷраи пурасрор, тифлони хору зор…

Падари ҷинояткор, ҳуҷраи пурасрор, тифлони хору зор…

Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Сари сахти Бибигул

Сари сахти Бибигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

"Модарамро ёд кардам" - мегӯяд момои Ҳуснигул

Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо