Дар як сатр
» » ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ МЕИСТАД

ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ МАРДУМ ДАР МАДДИ АВВАЛ МЕИСТАД

1-01-2020, 10:22

Соли 2019 дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ”, 875 нафар шаҳрвандон бевосита ба роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон муроҷиат намудаанд. Аз ин шумора 556 нафарашон дар рӯзҳои қабул рӯ ба рӯ бо Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон арзу дархости худро изҳор карданд. Ҳамчунин, дар ин давра, 319 нафар шаҳрвандон аз тарафи муовинон ва роҳбари дастгоҳи раиси вилоят қабул карда шудаанд.

Бинобар иттилои С. Шарифзода, мудири шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, тибқи ҷадвали қабули сайёри шаҳрвандон дар шаҳру ноҳияҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят сафари корӣ намуда, арзи шаҳрвандонро дар асоси қонунҳои амалкунанда ҳаллу фасл кардаанд.

- Дар ин давра, аз тарафи раиси вилояти Хатлон дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Норак, Кӯшониён, Дӯстӣ, Панҷ, Темурмалик, Балҷувон, Муъминобод, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Фархор, Ҷамоати деҳоти "Заркамар”-и ноҳияи Қубодиён, Ҷамоати деҳоти "Истиқлол”-и ноҳияи Носири Хусрав, Ҷамоати деҳоти "Обшорон”-и ноҳияи Шаҳритуз ва Ҷамоати деҳоти "Машъал”-и ноҳияи Вахш қабули сайёри шаҳрвандон доир гашт,- афзуд С. Шарифзода.

Тибқи таҳлилҳои шуъбаи муроҷиат ва қабули шаҳрвандони дастгоҳи раиси вилояти Хатлон дар соли ҷорӣ ба унвонии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон 1961 муроҷиатҳои хаттӣ оид ба масъалаҳои гуногун ворид шудааст. Дар ин давра муроҷиати шаҳрвандон ба унвонии роҳбарияти вилоят аз ҷониби сокинони шаҳру ноҳияҳои Бохтар 23, Вахш 24, Кӯшониён 21, Темурмалик 10, Носири Хусрав 7 адад нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.

Ҳасан АБДУРАҲИМЗОДА

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳадаф - беҳбудӣ бахшидан ба рӯзгори мардум

Ҳокимияти давлатӣ
Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ

Баррасии муроҷиатҳо-омили пешравӣ

Хабарҳо, Мусоҳибаи мо, Номаҳои Шумо
Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Балҷувон. Қабули сайёри шаҳрвандон аз ҷониби раиси вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ
Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Муъминобод: Қабули сайёри раиси вилоят

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Ҳаёти иҷтимоӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Раиси вилоят ба дидори сокинони Норак меравад

Раиси вилоят ба дидори сокинони Норак меравад

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА