Дар як сатр
» » АЗ ТАЪРИХИ СОЛШУМОРИҲО

АЗ ТАЪРИХИ СОЛШУМОРИҲО

1-01-2020, 10:21

Солшуморӣ ва тақвимҳо дар таърих аҳамияти бағоят калон доранд. Воқеаҳои таърихӣ дар ҳаёти инсоният бо ҳамин раванд исбот карда мешавад. Солшуморӣ ва тақвимҳо хеле бисёранд. Дар ибтидо аксарияти давлатҳои қадим тақвим ва солшумориҳои худро доштанд. Шоҳ ба сари давлат меомад, аз ҳамон рӯз солшумории худро ҷорӣ мекард, ҳамин ки шоҳ вафот кард, шоҳи нав боз солшумории нави худро ҷорӣ мекард. Бо мурури замон тақвиму солшумориҳои нав пайдо мешуданд. Дар манотиқи Шарқ ва Ғарб имрӯз се солшуморӣ истифода мешавад:томелодӣ, мелодӣ, ҳиҷрӣ (шамсию қамарӣ).

 

Солшумории томелодӣ

Оғози ин солшуморӣ дар таърих то имрӯз аниқ карда нашудааст, лекин охири ин солшуморӣ маълум аст. Он дар охири ҳазораи якуми пеш аз мелод ба охир мерасад. Ба ин бояд аҳамият дод, чунки солшумории томелод аз зиёд ба сӯи камшавӣ сурат мегирад. Масалан аз 1000, баъд соли 999, 998, 997 ва ҳамин тариқ, то соли 1пеш аз мелод ба охир мерасад.

Солҳои ҳаёти Искандари Мақдунӣ, ки пеш аз мелод буд, ин тавр ҷавоб мегирад: 356 п.а.м-323 п.а.м. Муҳорибаи Спитамен ба муқобили Искандар: солҳои 329 п.а.м-327 п.а.м.

Дар аҳди ориёиҳои қадим солшумории зардушти маъмул буд Ин тақвим дар баъзе навоҳии Осиёи Марказию Эрон дар нимаи ҳазораи 1 п.а.м ҷорӣ гардидааст.

Ин солшумории ягонаи форсзабонон набуда, ғайр аз он боз солшумории форси қадим, суғдӣ, хоразмӣ ва яздигурдӣ вуҷуд дош-танд.


Солшумории мелодӣ

Солшумории мелодиро аз рӯзи мавлуди Исо пайғамбар оғоз кардаанд. Ин солшумориро имрӯз дар аксар мамолики ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон истифода мебаранд. Ғайр аз солшумории масеҳӣ боз солшумории григорианӣ, ки соли 1582 Папаи Рим Григории Х111 ҷорӣ карда буд, инчунин солшумории яздигурдӣ, ки шоҳи охирини Сосониён Яздигурди 111 соли 632 дар қаламрави давлати худ ҷорӣ карда буд, мавҷуданд.

 

Солшумории ҳиҷрӣ

Ин солшуморӣ аз рӯзи ҳиҷрати ҳазрати Расули Акрам аз Макка ба Мадина вобаста аст, ки он мутобиқан ба 16 июли соли 622 милодӣ рост меояд. Он ба ду қисм тақсим мешавад: солшумории ҳиҷрӣ - қамарӣ ва ҳиҷрӣ шамсӣ. Моҳҳоисолшумории ҳиҷрӣ- қамарӣ ба моҳҳои солшумории мелодӣ баробар намеоянд, зеро ҳар моҳ мутаносибан аз 29-30 иборат буда, дар маҷмӯъ як соли ҳиҷрии қамарӣ ба 354 рӯзу 11 соат баробар мебошад. Соли ҳиҷрӣ-қамарӣ ҳар соле 10-11 рӯз пеш оғоз мешавад.

 


Номи моҳҳои

соли ҳиҷрӣ-қамарӣ

чунин аст:

1.Муҳаррам 30 рӯз

2.Сафар 29 рӯз

3.Рабеъ-ул-аввал 30 рӯз

4.Рабеъ-ус-сонӣ 29 рӯз

5.Ҷимоди-ул-аввал 30 рӯз

6.Ҷимоди-ул-охир 29 рӯз

7.Раҷаб 30 рӯз

8.Шаъбон 29 рӯз

9.Рамазон 30 рӯз

10.Шаввол 29 рӯз

11.Зулқаъда 30 рӯз

12.Зулҳиҷа 29 рӯз

Солшумории ҳиҷрӣ - шамсӣ ба монанди солшумории мелодӣ ба гардиши солонаи офтоб вобас-та аст ва миқдори рӯзҳо дар ҳар дуи ин солшумориҳо мувофиқанд. Оғози соли нави ҳиҷрии шамсӣ ба 21-22 марти солшумории мелодӣ рост меояд.

 

 

Номи моҳҳои

соли ҳиҷрӣ - шамсӣ

чунин аст:

1.Ҳамал (21 март- 20 апрел);

2.Савр (21 апрел -22 май);

3.Ҷавзо (23 май -21 июн);

4.Саратон (22 июн- 22 июл);

5.Асад (23 июл- 23 август);

6.Сунбула (24 август- 23 сентябр)

7.Мизон (24 сентябр -23 октябр);

8.Ақраб (24 октябр -22 ноябр);

9.Қавс (23 ноябр -21 декабр);

10.Ҷадӣ (22 декабр -20 январ);

11.Далв (21 январ -20 феврал);

12.Ҳут (21 феврал- 20 март);

Инак, ба шоҳроҳи соли 2020 мелодӣ, ки ба соли 1397 ҳиҷрӣ-қамарӣ баробар аст, қадам мениҳем. Аз рӯи солшумории мучал бошад, моро соли ҳайвони хурд, вале дар асл захиракор-муш интизор аст. Бошад, ки ба ҷойи исрофу сарфи беҳуда, охируламр ба сарфаву захирадорӣ мутаваҷҷеҳ шавем.

Таҳияи А. Сафаров,

омӯзгор



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

САДА РАМЗИ ОМОДАГӢ БА КИШТУКОРИ БАҲОРӢ ВА МУЖДАИ НАВРӮЗ АСТ

Ҳокимияти давлатӣ

Чаро рамазон 29 рӯз идома кард?

Хабарҳо
Пайки наврӯзӣ

Пайки наврӯзӣ

Фарҳанг ва адабиёт
Соли навро чӣ интизор аст?

Соли навро чӣ интизор аст?

Арсаи кишоварзӣ
Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Дар Соли нав созандагию бунёдкорӣ ва ободонии диёрро идома мебахшем

Сиёсат