Дар як сатр
» » ОРЗУҲОИ СОЛИНАВИИ КӮДАКОНРО КӢ БАРОВАРДА МЕСОЗАД?

ОРЗУҲОИ СОЛИНАВИИ КӮДАКОНРО КӢ БАРОВАРДА МЕСОЗАД?

1-01-2020, 10:20

Ҳар як шахс, новобаста аз синну сол, дар дил орзуе дорад. Ин орзу агар барои баъзеҳо солҳо ва шояд як умр дастнорас боқӣ монад, барои иддае аз шахсони хушбахт зуд амалӣ мешавад. Аммо орзуҳои кӯдаконе, ки аз падару модар маҳруманд, чӣ тавр амалӣ мешавад? Онҳо орзуҳояшонро ба кӣ мегӯянд?

Бино ба иттилои Абдуламин Негматов, директори Муассиса-интернати кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Вахш ин макон тӯли  20 сол боз ятимону бепарасторон ва инчунин камбизоатонро ба таълиму тарбия фаро гирифтааст. Дар мактаб-интернати мазкур 282 нафар хонанда ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд, ки аз онҳо  201 нафар писару 81 нафар духтаранд. Аз ин шумора 8 нафар ятими кулл, 174 нафар бепадар, 19 нафар бемодар ва 81 нафари дигар аз оилаҳои камбизоат мебошад.

Дар ин муассиса-интернат барои онҳо ҳама шароитҳо муҳайё буда, хонандагон аз ғамхорӣ ва кумаку дастгириҳои бевоситаи Сарвари давлат, аз ғамхориву дастгириҳои падаронаи ӯ миннатдор буда, худро ятим ҳис намекунанд.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ аз ин мактаб-интернат боздид карда, орзуи солинавии мактаббачагонро фаҳмидан хостем.

Сайёра Қодирова,  ки дар ин муассиса мехонад, орзуи ягонааш хурсандии мактаббачагон ва ҳамсолону  ҳамсабақонаш будааст. «Ман мехоҳам, ки дар рӯзи Соли нав ба мо туҳфаҳои солинавӣ ҳадя намоянд, то ки шодиҳои кӯдакону наврасони ин мактаб афзояд», - гуфт Сайёра.

Сунатулло Набиев,  хонандаи дигари ин  муассиса, тамошои шаҳри Душанбе, махсусан боғи «Дунёи Афсона»-ро дӯст медоштааст ва орзуи солинавиаш ин будааст, ки ҳамроҳи ҳамсабақонаш ба сайри Душанбею боғҳояш биравад.

Нигора Муҳиддинова, толибилми ин муассиса, ҳамаи тарбиягирандагони ин даргоҳро аъзои оилаи худ шуморида, чунин мегӯяд: «Дар Соли нав мехоҳам, ки ба ҳамаи мо сару либоси зимистона ҳадя намоянд, то дар фасли сармо либоси гарм пӯшему бемор нашавем ва дар мактаб хуб дарс хонем».

Орзуи солинавии Мушарриф Қосимова, шогирди дигари мактаб- интернат, соҳиби мошинаи дарздӯзӣ шудан будааст.    

Фархунда Носирова, хурсандии ҳамсолонашро хурсандии худ меҳисобад ва мехоҳад, ки барномаи солинавиашон бо иштироки ҳунармандони шинохта гузарад. «Ман мехоҳам, ки дар барномаи солинавии мо ҳунармандонро таклиф намоянд, то мо бо онҳо аз наздик шинос шавем, якҷоя аксҳо гирем».

Холинисо Турсунова, лӯхтак доштану дар вақтҳои фориғ аз дарс лӯхтакбозиро дӯст медорад ва дар Соли нав лӯхтак туҳфа гирифтанро орзуи солинавии худ меҳисобад. «Бозичаҳои мо каманд, кош бештар мешуданд», - мегӯяд Холинисо.

Фирӯз Искандаров, хонандаи дигари парваришгоҳ, дар бораи орзуи солинавиаш чунин гуфт: «Мехоҳам, ки дар Соли нав ба мо ашёҳои варзишӣ, аз қабили тӯб, тахтаҳои шоҳмот ва дигар лавозимоти варзишӣ ҳадя намоянд ва умедворам, ки боиси хурсандии дигар тарбиятгирон низ мешавад».

Дар баробари ин, баъзе хонандагон мегуфтанд, ки ҳатто ба ҳадя гирифтани пойпӯши хонагӣ шод мешаванд, чун дар дохили бино бо он гаштан роҳаттар аст.

 

Комрони БАХТИЁР, «Хатлон»,

Фирдавс УМАРОВ, коромӯз



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ТЕМУРМАЛИК. БА ИНТЕРНАТИ ТАНОБЧӢ ОБ ОМАД

Ҳаёти иҷтимоӣ
Таъмини хобгоҳи Муассиса-интернати Вахш бо таҷҳизот (аксу видео)

Таъмини хобгоҳи Муассиса-интернати Вахш бо таҷҳизот (аксу видео)

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Иқтисоду тиҷорат, КОМРОНИ БАХТИЁР
Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим

Ҳадяҳои ДДҚ ба 300 ятим

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Маориф ва илм, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Сарвазир ба табрики пиронсолону маъюбон омад

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология
Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Ҳадяҳои солинавии Раиси вилоят ба ятимони Вахш

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо