Дар як сатр
» » ХАТЛОН - МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ

ХАТЛОН - МИНТАҚАИ САЙЁҲӢ

1-01-2020, 10:19

Зарур аст, ки дар соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар ҳамаи мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар карда, сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

 

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
 

 

 

Дар соли 2019 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон зиёда аз 1980 иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд ва мавриди истифода қарор дода шуд. Дар давраи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар вилоят бунёди 7 ҳазору 138 иншооти гуногуни хизматрасонӣ ба нақша гирифта шудааст, ки аз ин дар ду соли охир  3136 адади он аллакай сохта ба истифода дода шудааст.

 

Бинобар иттилои Шамсулло Соҳибов, мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, соли ҷорӣ, ҳамкории масъулони соҳа бо ташкилоту муассиса ва раёсату шуъбаҳои дахлдор дар самти рушди соҳаи сайёҳӣ натиҷаҳои судманд ба бор овард. Дар ин давра феҳристи ёдгориҳои фарҳангӣ, бостонӣ, монументалӣ, меъморӣ ва шаҳрсозӣ таҳия гардида, дастраси масъулон шуд.

- Имрӯз сомонаи алоҳидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Sayohikhatlon.tj бо се забон фаъол гардидааст, ки он барои таъмини сайёҳони дохилу хориҷ бо маълумотҳои гуногуни шаҳру ноҳияҳо нақши муҳим мебозад.

Тавре Ш. Соҳибов иброз дошт, имрӯз дар ҳудуди вилояти Хатлон 14 ширкати сайёҳӣ фаъолият менамоянд. Бинобар маълумоти масъулони соҳаи шаҳру ноҳияҳо  давоми 11 моҳи соли 2019 ба вилояти Хатлон 202 ҳазору 776 нафар сайёҳон ташриф овардаанд, ки аз ин шумора 18 ҳазору 344 нафари онҳо сайёҳони хориҷианд.

- Дар соли 2019 бо ташаббуси шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, ҷиҳати муаррифии мавзеъҳои сайёҳии вилоят 70 номгӯи роҳнамову маълумотномаҳо оид ба мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, осорхонаву дигар мавзеъҳои сайёҳатбоби шаҳру ноҳияҳои вилоят бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ омода гардид. Ҳамзамон, дар ин давра бо ҷалби ҳазорон нафар хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва кормандону сокинони қишрҳои гуногуни вилоят як қатор озмуну конфронсҳои илмӣ ва семинару машваратҳои омӯзишӣ баргузор гардид, - иброз дошт мудири шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон Ш. Соҳибов.

Тибқи иттилои манбаъ айни замон дар қаламрави вилояти Хатлон 795 ёдгориву мавзеъҳои таърихӣ-фарҳангӣ бостонӣ ва монументалӣ, 101 меҳмонхона, 36 осорхонаву  64 мавзеъҳои сайёҳӣ, 37 адад истироҳатгоҳу осоишгоҳҳо, 121 тарабхона, 58 чойхонаву 69 мағозаи фурӯши армуғонҳои миллӣ, 97 зиёратгоҳ, 33 боғҳои фарҳангӣ - фароғатӣ, 20 марказҳои иттилоотии сайёҳӣ ва дигар иншооти гуногуни маишӣ арзи вуҷуд доранд, ки барои меҳмонону сайёҳони дохилу хориҷӣ хизмат мерасонанд.

С. Ҷамолиддин,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Сайёҳони 32 кишвари ҷаҳон ба тамошои Хатлон омаданд

Туризм

БОЗДИДИ САЙЁҲОН АЗ МАВЗЕЪҲОИ ТАЪРИХИИ ХАТЛОН

Хабарҳо

Талошҳо ба беҳсозии инфрасохтори сайёҳӣ

Хабарҳо
«Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

«Туризм воситаи муаррификунандаи фарҳанги миллӣ мебошад»

Туризм, ФАРОМӮЗ БОБОЕВ

Дар ҳар ноҳия ду ширкати сайёҳӣ таъсис меёбад

Хабарҳо