Дар як сатр
» » МУЪМИНОБОД. МОҲӢ ФАРОВОН МЕШАВАД

МУЪМИНОБОД. МОҲӢ ФАРОВОН МЕШАВАД

1-01-2020, 10:18

Дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон имтиёзҳои навбатӣ баҳри рушди соҳаи моҳипарварӣ кишоварзонро рӯҳбаланд гардонид ва дар минтақаи Кӯлоб кишоварзон истеҳсоли гӯшти парҳезии моҳиро афзоиш додаанд. Аз ҷумла, дар обанбори ноҳияи Муъминобод, ки ҳанӯз соли 1959 барои обёрии заминҳои кишти ноҳияҳои Муъминободу Кӯлоб ва Восеъ бунёд гардида, иқтидори лоиҳавиаш 30 миллион метри мукааб обро ташкил медод, моҳипарварӣ ривоҷу равнақ дода мешавад. Корхонаи воҳиди давлатии "Моҳии тоҷик” вобаста ба шароиту имконот ба ин обанбор барои парвариш дар марҳилаи аввал моҳичаҳоро равона сохтааст.

Сардори идораи беҳдошти замин ва обёрӣ Давлат Набиев зимни суҳбат бо мо чунин иброз дошт: «Зимни сафари кории хеш ба ноҳияи Муъминобод Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон баҳри истифодаи самараноки обанбор супориш дод, ки парвариши моҳӣ ба роҳ монда шавад. Ба ин мақсад, ба обанбори мазкур 700 ҳазор моҳича оварда шуд»

Ба гуфти мутахассисони соҳа айни замон ғунҷоиши обанбор аз 25 то 27 миллион метри мукааб обро ташкил медиҳад ва вобаста ба иқлими минтақа дар он парвариши се намуди моҳӣ аз ҷумла, пешонасафед, зағорамоҳӣ ва амури сафед ба роҳ монда шудааст.

Дар соли 2020 дар обанбори мазкур се баробар зиёд моҳича парвариш карда мешавад, ки ба ин васила нархи маҳсулоти парҳезӣ дар бозору марказҳои савдои кишвар паст хоҳад гардид.

 

Ш. Сафарзода



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Истеҳсоли моҳӣ дар вилоят афзоиш ёфт

Хабарҳо
Лимӯпарварӣ дар Муъминобод

Лимӯпарварӣ дар Муъминобод

Арсаи кишоварзӣ
Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ вобастагӣ дорад

Арсаи кишоварзӣ
Ҷомӣ. Истеҳсоли моҳӣ зиёд мешавад

Ҷомӣ. Истеҳсоли моҳӣ зиёд мешавад

Иқтисоду тиҷорат, Арсаи кишоварзӣ, НИЗОМИДДИН ИСОЕВ
Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

Иштирок дар маросими ба истифода додани канали “Водии Данғара” марҳилаи 3

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Тандурустӣ ва экология