Дар як сатр
» » 1107 НАФАР СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУДАНД

1107 НАФАР СОҲИБИ ҶОЙИ КОР ШУДАНД

1-01-2020, 10:18

Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро зарур аст, ки сифати таҳсилот ва касбомӯзиро дар муассисаҳои таълимӣ беҳтар созад ва ихтисосу ҳунарҳоеро, ки барои кишвар заруранд, таъсис дода, ҷиҳати ба шуғл таъмин шудани сокинони мамлакат, бахусус, занону духтарон тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

 

Аз Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, 26 декабри соли 2019
 

Дар 11 моҳи сипаригардида шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Фархор 1107 шаҳрванди бешуғлро бо ҷойи корӣ таъмин намудааст, ки аз ин шумора 669 нафарашон бонувон мебошанд.

Масъулину кормандони шуъбаи мазкур баҳри дар амал татбиқ гардидани Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ пайваста тадбир меандешанд. Тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва такмили ҷараёни рушди босамари захираҳои меҳнатӣ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии шаҳрвандони бешуғлро ба роҳ монда, дар ин муддат 270 нафар аз ҳисоби оилаҳои камбизоат ба омӯзиши касбӣ ва бозомӯзии аҳолии бешуғл дар курсҳои қуроқдӯзӣ, қаннодӣ, зардӯзӣ, дӯзанда, порагар, адрасбоф, либосдӯз ва ғайра фаро гирифта шуданд.

Ҳамчунин, 90 нафар ба корҳои ҷаъмиятӣ сафарбар гардиданд. Дар ин раванд расонидани хизматҳои машваратӣ ва кумаки молиявӣ ба шаҳрвандони бекор, ки хоҳиши фаъолияти соҳибкориро доранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мусоидат ба шуғли аҳолӣ ва бо мақсади ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандони бекор дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби шуъбаи Агентии шуғли аҳолӣ дар ноҳия ба 39 нафар оилаҳои камбизоат, ки ба соҳибкории хурду миёна, чорводорӣ, тиҷорат, хоҷагии қишлоқ, соҳибкорӣ дар бозори марказии ноҳия кумакҳои молиявӣ дода шудааст.

Ҳамзамон 297 нафар шаҳрвандони бекори ба шуъба муроҷиаткарда, ба қайд гирифта шуда, ба онҳо кумакпулӣ барои бекорӣ таъйин карда шудааст. Тавре ки роҳбари шуъба Дилором Ҷӯразода таъкид дошт, тибқи баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кори холӣ ва вазифаҳои озод 108 нафар ба касбомӯзӣ ва 142 нафар ба кори доимӣ ҷалб карда шудаанд. Айни замон 544 нафар бекорон дар қайди шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии меҳнат истодаанд, ки онҳо шаҳрвандони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда, аз хизмати ҳарбӣ баргашта, касбомӯзони курсҳои кӯтоҳмуддат мебошанд.

Дар арафаи Соли нави мелодӣ дар ноҳияи Фархор боз як корхонаи дӯзандагӣ ба фаъолият оғоз намуд. Корхонаи тозабунёд бо дастгоҳҳои ҳозиразамон муҷаҳҳаз гардида, дар онҳо гулдухтарону бонувони соҳибкасб ба дӯхтани либосҳои миллӣ, мактабӣ ва дигар анҷомҳо машғуланд. Тавре ки масъулин баён доштанд, дар корхона 25 нафар дар як баст бо ҷойи корӣ таъмин гардидаанд. Дар ҳақиқат, бунёди корхонаи мазкур имкон фароҳам овард, ки бонувони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин ва сатҳи рӯзгорашон беҳтар гардад.

ВАХШОНА,

«Хатлон»




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

КӮЛОБ: ТАЪСИСИ 2270 ҶОЙИ КОР ДАР ЯК СОЛ

Хабарҳо

Ҳамадонӣ. 58 нафар бо кор таъмин гардид

Хабарҳо
Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Шаҳритус. 205 нафар дар ярмарка ҷойи кор ёфтанд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Ҷавонон ва варзиш
12 нафар соҳиби  ҷойи кор шуданд

12 нафар соҳиби ҷойи кор шуданд

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Номаҳои Шумо
Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Ба 18,7 ҳазор нафар мақоми бекорӣ дода шуд

Иқтисоду тиҷорат, Хабарҳо