Дар як сатр
» » Д. Гулмаҳмадзода: «Бо қабули Конститутсия асоси бунёди давлати навини тоҷикон гузошта шуд»

Д. Гулмаҳмадзода: «Бо қабули Конститутсия асоси бунёди давлати навини тоҷикон гузошта шуд»

5-11-2017, 12:55

ТАБРИКОТИ РАИСИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ГУЛМАҲМАДЗОДА ДАВЛАТШОҲ ҚУРБОНАЛӢ БАХШИДА БА РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН


Д. Гулмаҳмадзода: «Бо қабули Конститутсия асоси бунёди давлати навини тоҷикон гузошта шуд»

Ҳамдиёрони азиз!

Мавҷудияти низоми ҳуқуқии устувор ва ягона асоси рушди ҳар як давлати соҳибистиқлолро ташкил дода, ифодакунанда ва шиносномаи мавҷудияти он ба ҳисоб меравад.

6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ин санад дар дигаргунсозии муносибатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон нақши муайянкунанда дошта, асосҳои сохтори конститутсионӣ, шакли идоракунӣ ва ташкили ҳудудии давлат, асосҳои таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, салоҳият ва муносибати онҳоро муайян намуд. Аз ин лиҳоз, ҳар сол 6-уми ноябр – рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ботантана таҷлил карда мешавад. Ифтихор аз он дорем, ки халқ ва миллати соҳибтамаддуни мо соҳиби Бахтномаи хеш гардида, зиндагӣ ва рӯзгори худро зина ба зина беҳтар, осуда ва обод мегардонад.

Дар Конститутсия аввалин маротиба ҳуқуқҳои фитрӣ ва табии инсон, аз ҷумла ҳуқуқ ба ҳаёт, саломатӣ, қадр, номус, амният, озодӣ ва дигар ҳуқуқҳои он ба таври возеҳ муқаррар гардидаанд, ки ин хусусият Конститутсияи моро дар радифи қонунҳои асосии кишварҳои пешрафта қарор медиҳад. Ҷавҳари асосии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он иборат аст, ки давлат бояд ба ҷомеа ва одамон хизмат карда, барои беҳтар намудани аҳволи иҷтимоии шаҳрвандон вобаста ба иқтидори иқтисодӣ ва молиявии кишвар шароити мусоид фароҳам оварад.

Конститутсия воқеан ҳам шоҳсутун ва шиносномаи давлат, санади тақдирсоз ва таъйинкунандаи сарнавишти ҳар як халқияту миллат мебошад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қабули Конститутсия, асоси бунёди давлати навини тоҷикон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошта шуд ва он ба сифати сарчашмаи олии низоми ҳуқуқии мамлакат эътироф гардид.

Дар ҷомеае, ки волоияти қонун ва тартибу низом ҳукмфармост, пешрафту тараққиёт ва густариши тамоми соҳаҳои ҳаёт низ таъмин мешавад. Мо барои насли имрӯза ва наврасону ҷавонон дар бобати риояи қонуният бояд ҳамеша намунаи ибрат бошем ва ба он муваффақ шавем, ки бо қонун зистан ва танҳо дар доираи қонун фаъолият кардан ба меъёри ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеа табдил ёбад.

Маҳз бо шарофати Конститутсияи кишварамон дар вилоят садҳо иншоотҳои гуногун ва корхонаҳои хурду бузург имконияти ҳуқуқӣ пайдо намуданд, ки шакли моликияти худро дигар намуда, имрӯз ба манфиати халқ ва ҷомеа хизмат намоянд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тамоми чораҳоро андешида иcтодааст, ки дар вилоят дар соҳаи саноат, сохтмон, хизматрасонӣ, нақлиёту алоқа, кишоварзӣ, чорводорӣ, боғу токпарварӣ ба комёбию муваффақиятҳо ноил шавем.

Имрӯз диққати асосиро ба он равона намудаем, ки барои дар оянда таъмин намудани аҳолии вилоят ба ҷойи кор ва маоши кифояткунанда корхонаҳои саноатиро афзоиш дода, бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда бисёртар коркарди ашёи хомро дар дохили вилоят ба роҳ монем, то ин ки ҳар чӣ бештар дар шакли тайёр ва нимтайёр ба хориҷи кишвар маҳсулот бароварда шавад.

Шукрона аз он бояд кард, ки дар натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари мустаҳкам гардидани сулҳу субот ва пойдории ваҳдати миллӣ, дар вилоятамон сол то сол корҳои созандагию бунёдкорӣ ва ободонӣ вусъат пайдо намуда, даҳҳо мактабу муассисаҳои тиббӣ, фарҳангӣ ва биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ барқарор ва аз нав сохта шуданд.

Ҳар як шахс дар ҷомеа ҳуқуқи зиндагии арзандаро дорад. Барои сазовор гардидан ба зиндагии арзанда бояд ҳамаи мо ба муқобили зуҳуроти номатлуби дар ҷомеа ҷойдошта, муборизаи беамон барем. Дар густариши маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангии аҳолӣ, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини волоияти қонун дар ҷомеа саҳмгузор бошем. Зеро танҳо бо ҳамин роҳ мо дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз карда, комёбиҳои худро дар бунёди ҷомеаи демократӣ минбаъд таҳким бахшида, роҳи худро ба сӯи ҷомеаи мутамаддин идома дода метавонем.

Ҳамдиёрони азиз!
Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, дар кори ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон пешрафту пирӯзиҳо, ба ҳар як хонадони мардуми вилоят ободиву осудагӣ ва рӯзгори пурсаодатро орзу менамоям.


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Тағйиру иловаҳо ба Конститутсия зарурати ҷомеаи Тоҷикистон аст

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Б. Сафаров: “Сухани охиринро халқи Тоҷикистон мегӯяд”

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Сарқонун кафолат медиҳад...

Сарқонун кафолат медиҳад...

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, Номаҳои Шумо
Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сарқонун моро ба ояндаи дурахшон ҳидоят менамояд

Сиёсат, Хабарҳо, Ҳуқуқу амният
Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Ваҳдати миллиро чун дастоварди миллӣ пос дорем

Сиёсат, Хабарҳо