Дар як сатр
» » ОФОҚ БУБИН, КИ ҲАМА ОФОҚ ГИРИФТ

ОФОҚ БУБИН, КИ ҲАМА ОФОҚ ГИРИФТ

26-12-2019, 22:00

Вақте роҳбари идораамон супоришам дод, ки аз ҳаёт ва фаъолияти сардори шуъбаи матбуоти Раёсати умури дохилаи ВКД дар вилояти Хатлон, подполковники милитсия Офоқи Қодириён маводе рӯйи кор оварам, рости гап, саҳл ба тарсу таҳлука афтодам. Ҳарчанд бо ин хонуми тануманду зебо ва басе тавоно чандин сол боз шиносоӣ ва ошноӣ дорам, вале ҳар бори рӯ ба рӯ омаданамон танҳо аз кору бори якдигар ва каме аз боби шеъру шоирӣ ҳарф мезадем. Дигар, думболаи кори хеш мегирифтем. Воқеан, Офоқ шоир ҳам ҳаст. Ба мисли худ шеърҳои зебою хушоянд меофарад. Тарсам аз он буд, ки ку қадаме, ки назди ин хонуми кайҳо боз шинохта ва ку қаламе, то дар ҳаққи ин хонуми аз овони наврасӣ дар оташи зиндагӣ гудохта биравам ва дар борааш чизе бинависам.

Хуб, рафтам ва суҳбати дуру дароз ҳам кардем. Ман Офоқро ҳеҷ гоҳ маъюсу дилшикаста, туршрӯю афтодарӯҳ намедидам ва илоҳо асло бад-ин сонаш ҳам набинам. Дар ҳар ҷо ва дар ҳама ҳолат хушрӯю хушрӯзу зиндадил буд. Дар аснои суҳбат дарёфтам, ки сарнавишт ва зиндагии Офоқ ҳамсону ҳаммонанди ривояте будааст, ки чунин омада: "Дар мамлакате подшоҳе будааст ҷавону чолок ва басе камонвар. Аз подшоҳиаш дида, бо камонвариаш мефахридааст. Чунончӣ, тири (хаданги) камонғулакро аз сӯрохи ангуштарин мегузаронидааст, ки ангуштарин хабар намеёфтааст. Зани зебое ҳам доштааст. Ин ҳунарашро боре дар ҳузури занаш нишон додааст. Ва дар ситоиши худ гуфтааст: " ку, бигӯ хонум, ба монанди ман дар ҷаҳон дигар камонвартаре ҳаст?”

-Ин ҳама аз машқ аст шоҳам,-оромона посух додааст хонум.

-Агар ҳама мардуми олам шабонарӯз машқ кунад ҳам, ба ман расидагӣ карда наметавонад. Ин чӣ ҳарзагӯйист, бетаҳаммул,-  сахт ба ғазаб омадааст шоҳ.

Зан ҷавоби аввалаашро дигарбора такрор намудааст.

Шоҳ аз ин ҷавоби хунсардона ба мисоле, ки барқаш зада бошад, аз ғояти хашму ғазаб чашмонаш хун гирифтаанд ва санги таънаву маломат ҷониби занаш андохтааст: "Ту резачини хони манӣ. Аз пушти ман ба чунин нозу неъмат, ҳурмату иззат расидаӣ. Вагарна, дар кадом кунҷи тор ба зориҳои зор, гуруснаву афгор ҷон медодӣ”. Сари ғазаб се талоқаш додааст.

-Аз талоқи додаат миннатдорам шоҳам,-бо ҳамон тамкинию оромӣ ҷавоб додааст хонум,-аммо ба сӯям санги таънаву маломат наандоз. Ба Худоям савганд мехӯрам, агар кашшоқтарин раъйияти мамлакататро ба сарватмандӣ аз ту болотар набардорам, агар барояш қасре насозам, ки аз қасри ту боҳашаматтар набошад, худро бо дастони худ ба дор меовезам. Инро бигуфту бирафт. Танҳо матоъву риштаи тоқидӯзиашро (воқеан, хонум дар ҳунари тоқидӯзӣ чирадаст буд) гирифту аз дарбори шоҳ бадар рафт. Рост ба бозор рафт. Ба воситаи муаккали бозор фаҳмид, ки нодортарин одами мамлакат ҳезумкаше будааст. Ба бозор ҳамарӯза як пуштора ҳезум оварда мефурӯхтааст. Аз ҳамон даромад каме  орду равған харида дар хона ордоб (гарсӯз) мепухтаасту мехӯрдааст. Зиндагии  ҳамарӯзаи ҳезумкаш бо ҳамин ҳол мегузаштааст. На зан доштаасту на фарзанд. Хонум хонаи ҳезумкашро пайдо кард. Ҳавлии ҷорубнадида, кулбаи вайронаро дид, ки майли афтидан дорад. Сараввал ҳавливу хонаро руфту тоза кард. Сипас, нишасту побанди  тоқидӯзӣ шуд. Бегоҳ ҳезумкаш омад ва хонаи худро нашинохт. Ва дар хонааш зани зебоеро бидиду ҳуш аз сараш парид. Хонум ҳама воқеаро ба ҳезумкаш бигуфт ва  талаб кард, ки мулло оварда ба никоҳаш дарорад...

 Ин қисса дароз асту мо кӯтоҳаш мекунем. Хулласи калом, зани шоҳ зани ҳезумкаш шуд. Ҳезумкаш  тавассути ақлу хиради хонум соҳиби қасри боҳашамате, ки аз қасри шоҳ бамаротиб бартарӣ дошт, соҳиби садҳо канизу ғулом, рама –рама бузу гӯсфанд, пода-пода гов, гала-гала аспу уштур гардид.

Хонум гӯсолаи навзодеро ба китф бардошта, ҳар рӯз чанд маротиба тариқи зинапоя ба ошёнаи сеюми қаср мебароварду мефаровард, мебароварду мефаровард. Гӯсола рӯз ба рӯз калону вазнин мешуд. Ва ин амал ба хонум ягон душворӣ намеовард. Ба ин одат мекард.

Аз ин миён се сол гузашт. Гӯсола буққа шуду онро ба китфаш гирифта, бемалол мебароварду мефаровард.

-Акнун зиёфати шоҳонае биорову шоҳро ба меҳмонӣ даъват бикун,- хитоб намуд хонум ба шавҳари собиқ ҳезумкаш.

Зиёфат ороста шуд. Шоҳ бо надимонаш омад. Хонум дар ҳузури шоҳ буққаи сесоларо ба китфаш бардошта, болои қаср мебароварду мефаровард. Шоҳу надимон аз дидани он ба ҳайрат афтоданд.

-Ин чӣ балоест,-дар ҳолати қариб мадҳушӣ нидо дардод шоҳ ба сӯйи соҳибхона.-Зӯри марди таҳамтан ба ин амал намерасаду ин зан чунин қувваро аз куҷо ёфтааст?

-Ин зан ҳамсарам мешавад, - ҷавоб дод соҳибхона, -ҳар рӯз кору рафтораш ҳамин аст.

-Ин ҷо даъваташ кун!

Зан омад ва назди шоҳ таъзим кард. Шоҳ дарҳол собиқ зани худро шинохт ва забонаш аз гуфтор монд.

-Шоҳам, ман ҳамонеам, гуфта будиам, ки агар ман набошам, дар кадом кунҷи тор, ба зориҳои зор аз гуруснагӣ мемирӣ. Бубин, ки аз гуруснагӣ намурдаам ва  боз бубин, ки ҳамин, сӯйи шавҳараш ишорат мекунад зан, қашшоқтарин раъияти мамлакатро бад-ин сарватмандӣ расонидам. Гуфта будам туро, ки камонвариат аз машқ аст ва ба гуфтаи худ то ба имрӯз побарҷоам. Биё, бархезу амали маро ба ҷо овар! Яқин аст, ки наметавонӣ. Чаро, ки ту машқи камонварӣ карда будиву бад-он поя расидӣ, ман машқи ин амал. Касе дар кадом  касбу коре саъй бигираду машқ кунад, дар ҳамон касбу кор тавфиқ хоҳад ёфт. Шоҳ аз гуфтору рафтори собиқан кардааш пушаймону шармсор шуд ва сар ба замин афканд.

Офоқ ҳам аз хонаҷудоӣ асло маъюсу афтодарӯҳ нашуд. Зеро ҳанӯз дар овони наврасӣ зарбаҳои ҷонкоҳи зиндагиро хӯрда буд. Ҷумъахони падараш аз дори дунё ҷавон даргузашт ва тамоми орзую амалу ормони индунёиашро бо худ бурд. Падар доим насиҳаташ мекард ва чунин мегуфт: "Духтарам, дар зиндагӣ ҳеҷ гоҳ ноумед мабош, ноумедӣ кори шайтон аст ва дурӯғ ҳам магӯ, ки дурӯғ низ кори шайтон аст. Пасон, агар дар касбу ҳунар ва қадру манзалат ба осмони ҳафтум расида бошӣ ҳам, доим хоксору заминӣ бош. Ва ин байти файласуфонаи Абдулқодири Бедилро мисол меовард:

Нозро аҷз худписандӣ дод,

Осмонро замин баландӣ дод.

Зеро агар замин намебуд, осмон чунин баландӣ намеёфт. Худро аз дигарон баланд магир, то бар сарат каланд наояд”.

Офоқ мекӯшад, ки дар зиндагӣ васияту насиҳатҳои падари ҷавонмаргашро ба ҷо оварад, то ҳама ормонҳояш бишкананд. Чун падар аз сар рафт, модари муштипари хонанишинаш зору ҳайрон монд. Дасту пояшро аз замину осмон канда дид. Хона бар сараш ғуввас мезад. Намедонист бо даҳ фарзанди ҳанӯз оламу одамнодидааш чӣ кор кунад. Аммо Офоқ васияту насиҳатҳои падар бар гӯш худро аз даст надод. Баръакс, ба сӯйи зиндагӣ бо дили пур аз умед ва чашмони дурахшон менигарист. Фарзанди калони хонадон буд. Аз ин рӯ, нигоҳубин ва тарбияи ҳама додару хоҳаронашро бар дӯши худ гирифт, то ғаму дарди модари ғампарварашро андаке ҳам бошад, сабук гардонад. Намегузошташон, ки бепадариро эҳсос бикунанд. Ҳама нозу нузашонро мебардошт. Бо азоб ҳам бошад, ҳамаашонро хононду соҳибмаълумот кард.  Зеро ки бепадарӣ варо низ дар зиндагӣ мард кардаву обутобаш дода буд.

Офоқро ҳанӯз айёми мактабхониаш падараш интихоби касбро ба ихтиёраш вогузор намуда буд. Орзуи корманди милитсия шуданро дошт. Аз азал мардсифат буд. Ба зани мардсифат касби мардона шинам меафтад, меандешид ӯ. Аз дигар сӯ, дар зиндагӣ беадолатӣ, бевиҷдонӣ, қаллобӣ, фиребу найрангро чашми дидан надошт. Мехост дар ҳаёт муборизи чунин амалҳои зишту номатлуб бошад. Аз ин ҷост, ки ба кори милитсия даромад. Медонист, ки агар падараш барҳаёт мебуд ҳам, ба ин интихобаш монеъ намешуд. Баъдтар  Академияи корҳои  дохилиро ба итмом расонд. То ба имрӯз ба халқу ҷамъият софдилона хидмат дорад ва ба рутбаи подполковникӣ расидааст.

-Ҳама ёру ошноён, умуман, касоне, ки мешиносанду медонандам, дар кӯчаҳои шаҳр хушвақту хандонам мебинанд, чӣ осонам мебинанд,-оҳ мекашад Офоқ.-Лекин намедонанд, ки дарду ғами дунё андар дилам ба ҳамешагӣ маскан гирифтааст. Ҳатто номам ҳам дар худ маънии дунёро гирифтааст. Аз азал тиннату табиатам чунин будааст. Касеро дар роҳ ғамгинаш бубинам, ғам мехӯрам, дар зиндагӣ агар кори касе омад накарда бошад, тасаввур месозам, ки кори ман омад накардааст. Ғам аз он мехӯрам, ки аксар ҷавонони имрӯза бекор, бесавод ва бадахлоқанд. Ғам мехӯрам, ки ғами зиндагиро надоранд. Ғам мехӯрам, ки ошиқон ишқро хор кардаанд. Ғам аз он мехӯрам, ки мафҳуми "Ватан-Тоҷикистон” танҳо дар забон Ватан, Тоҷикистон аст. Ғам мехӯрам, ки одобу ахлоқи духтари тоҷик дар айни костан аст, умри худро ба беҳудагиву бадахлоқӣ мегузаронад. Азимтарин ғамам аз он аст, ки зӯру тавоноии барҳам задани ин ҳама каму кости ҷамъиятиро надорам. Аз ин рӯ, ҳамчун инсон, ҳуқуқдон, ба сони як шоири  миллат танҳо ғам мехӯраму ба мисли шамъ шаборӯз месӯзам.

-Шуморо ҳамеша дар сару либоси милисагӣ мебинам,-мепурсам аз Офоқ,-кай истироҳат мекунед?

-Мана ҳозир дар суҳбат бо Шумо истироҳат кардан дорам,-механдад ӯ.-Корам истироҳат аст, истироҳатам кор. Бекориам безорӣ аз зиндагист.

Замоне, ки Офоқ додару хоҳаронашро тарбия намуду хононд, навбати фарзандони худ даррасид. Таҳти тарбияи модар имрӯз чор фарзандаш қад кашидаву нашъунамо доранд. Ду нафараш дар донишгоҳҳо таҳсили илм доранд, дуи дигар дар мактаби таълимоти умумӣ мехонанд.

-Шарт нест, ки ҳама фарзандонам ба пояи олимӣ бирасанд,- мегӯяд Офоқ.-Муҳим он аст, ки ба пояи инсонӣ бирасанд. Ҳамин бароям давлати бузургест.

Бар замми масъулияти кор ва давутози рӯзгор шабҳо мешинаду шеър менависад Офоқ. Дар ҷодаи шоирӣ роҳи камолот мепаймояд. Шеърҳояш агарчи ифодагари ғаму шодии зиндагист, боз Офоқ ҳамчун шоир мунодии сулҳу дӯстии ҳама халқу миллатҳост. Маҷмӯаҳои ашъораш таҳти унвонҳои "Булури хаёл”, "Фасли омадан”, "Нигоҳи хоҳиш” имрӯз дар дасти хонанда аст. Минбаъд низ нашри китобҳои бисёреро умед дорад.

Офоқ ҳарчанд дар зиндагӣ хории бисёр дидаву азоби беҳад кашидааст, аммо шарафи инсонӣ ва қудрати виҷдонии худро аз даст намедиҳад ва нахоҳад дод. Мо низ ба ин байтҳои устод Абулқосим Лоҳутӣ дуояш мекунем:

Ман дар тани шеър ҳамчу ҷон хоҳам монд,

Дар маслаки ишқ ҷовидон хоҳам монд.

Пир аст касе, ки фикри ӯ пир бувад,

Ман фикрҷавонаму ҷавон хоҳам монд.

Ҳусейн Маликов

Аз идора: Ин маводи охирини марҳум

Ҳусейнҷон Маликов аст, ки як рӯз қабл

аз маргаш ба чоп омода карда буд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Шеър аз барои булбулон мегуфт

Шеър аз барои булбулон мегуфт

Чеҳранигорӣ, ИСМАТУЛЛО ҲАСАНОВ
Гурдофаридҳои Хатлон

Гурдофаридҳои Хатлон

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Модар, баҳор мисли ту зебо аст...

Фарҳанг ва адабиёт
Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Хушдоман: боз таваллуд накунӣ!

Ҳаёти иҷтимоӣ, АМОН МАҲКАМОВ
Умре дар хидмати мардум

Умре дар хидмати мардум

Арсаи кишоварзӣ, МАЛИКОВ ҲУСЕЙН