Дар як сатр
» » ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ ПИРОТЕХНИКӢ

ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ИСТИФОДАИ МАВОДИ ПИРОТЕХНИКӢ

24-12-2019, 12:04

Дар баробари фарорасии Соли Нави Мелодӣ аз баъзе кӯчаву маҳалҳои шаҳру деҳот садои гӯшхароши маводи пиротехникӣ мебарояд. Дар ҳоле ки ҳанӯз чанд сол қабл барои истеҳсол, воридот, нигоҳ доштану ба фурӯш баровардан ва ё ба соҳибияти каси дигар додану истифода бурдани маводи тарфгарӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ шудааст.

Дар асоси моддаи 1991 оид ба муомилоти ғайриқонунии маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) барои ғайриқонунӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан, истеҳсол кардан, нигоҳ доштан, фурӯхтан, ба соҳибияти каси дигар додан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ) ба миқдори начандон калон ё дар давоми сол пас аз таъйини ҷазои маъмурӣ барои содир намудани чунин кирдорҳо, ҷазои ҷарима ба андозаи аз сад то дусад нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар карда шудааст.

Ҳамчунин, дар қисми дувуми моддаи мазкур омадааст, ки агар чунин кирдорҳо ба миқдори нисбатан калон содир шуда бошанд, истифодабарандагони ғайриқонунии маводи тарфгарӣ бо ҷарима ба андозаи аз дусад то панҷсад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз як то ду сол ҷазо дода мешаванд.

Зери мафҳуми миқдори начандон калони чунин маводи зараровар аз бист то сад адад маводи тарфгарӣ дониста мешавад.  Аммо барои оташфаввораҳо истифодашаванда аз панҷоҳ то дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо, барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда), ба миқдори калон зиёда аз сад адад маводи тарфгарии (пиротехникӣ) барои оташфаввораҳо, зиёда аз дусад адад бозичаҳои оташбозӣ ба монанди капсулаҳо барои туфангчаҳои бозича (дар лентаҳо, варақҳо, роликҳо ё ҳалқаҳои гирди пластикӣ печонидашуда) фаҳмида мешавад.

Рустам НАЗАРЗОДА,

раиси Суди шаҳри Левакант



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

НАШЪАҶАЛЛОБ ҶАЗОИ САЗОВОР ГИРИФТ

Ҳуқуқу амният

Ҷарима барои қаллобӣ

Ҳуқуқу амният

Лейтенанти қочоқчӣ 10 сол зиндонӣ шуд

Ҳуқуқу амният
Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Боздошти шаҳрванди ҶИА бо 41 кг маводи мухаддир

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Боздошти

Боздошти "Шерчангол" бо силоҳу ним кило афюн

Хабарҳо, Ҳуқуқу амният, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА