Дар як сатр
» » КӮШОНИЁН. БУНЁДИ 60 СИНФХОНА БАРОИ 1500 ҶОЙИ НИШАСТ

КӮШОНИЁН. БУНЁДИ 60 СИНФХОНА БАРОИ 1500 ҶОЙИ НИШАСТ

24-12-2019, 12:03

Дар ноҳияи Кӯшониён дар даҳ моҳи соли равон 28 синфхона барои 700 ҷойи нишаст сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Айни замон, сохтмони 33 синфхона барои 775 ҷойи нишаст ва як мактаб барои 620 хонанла идома дорад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 8, ки вазъи хароб дошт, бо маблағгузорӣ аз ҳисоби буҷети вилоят бинои нави дуошёнаи иборат аз 16 синфхона бо 400 ҷойи нишаст сохта ба истифода дода шуд.

Айни замон, дар Ҷамоати деҳоти "Заргар” сохтмони мактаб барои 620 хонанда идома дорад, ки он соли 2020 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.

Тибқи нақша-чорабиниҳо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳия талош доранд, ки дар оянда ҳама мушкили соҳаи маориф бартараф гардида, сатҳу сифати таълиму тарбия барои муҳассилин боз ҳам беҳтар шавад.

Комрони БАХТИЁР,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ФАРХОР. АЗМИ БУНЁДУ НАВСОЗИИ 324 ИНШООТ

Хабарҳо
Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

Ш. ШОҲИН. АЗМИ БУНЁДИ 5 МАКТАБИ НАВ

Хабарҳо
Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар

Ба истифода додани Мактаби №14 дар ҷамоати деҳоти Заргари ноҳияи Бохтар

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Маориф ва илм
Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик

Синфхонаҳои нав дар Восеъ ва Темурмалик

Хабарҳо, Маориф ва илм, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА