Дар як сатр
» » ГЛАУКОМА-БЕМОРИИ ОБИ МАРВОРИД

ГЛАУКОМА-БЕМОРИИ ОБИ МАРВОРИД

24-12-2019, 12:02

Глаукома бемории музмини биноиш буда, бо баландшавии фишори дохили чашм, харобшавии асаби босира, бебозгашт пастшавии биноиши чашм хос мебошад. Ба бемории глаукома 1,5-2,5 %-и аҳолии рӯи замин, аз 40-сола боло гирифтор мешаванд. Он глаукомаи аввалиндараҷа унвон шудааст. Ин беморӣ дар синну соли ҷавонӣ глаукомаи ҷавонон ном гирифта, ҳатто дар кӯдакони навзод глаукомаи модарзодиро вохӯрдан мумкин аст. Глаукомаро аксаран дар ҳар ду чашм, дар вақтҳои  гуногун вохӯрдан мумкин аст. Бемории глаукома, ки баъд аз баъзе бемориҳои вазнини чашм пайдо мешавад, глаукомаи дуюмдараҷа меноманд.

Дар меъёр дар дохили чашм об ҳосил шуда, қисмҳои себаки чашм, ба монанди қарния, булурак ва ҷисми шишамонандро мешӯяд ва ғизо медиҳад. Дар як шабонарӯз тақрибан 4 мл оби дохили чашм ҳосил шуда, ҳамин қадар аз дохили чашм берун мегардад, яъне дар ҳолати муътадил (мувозинат) чи қадар оби дохили чашм ҳосил шавад, ҳамон қадар аз дохили чашм берун мешавад. Аз сабаби аз меъёр зиёд ҷамъ шудани оби дохили чашм, фишори чашм баланд шуда, пардаҳои себаки чашмро зер мекунад. Ин ҳолат, махсусан,  барои асаби босира  хатарнок мебошад. Рагҳои хунгарде, ки асаби босираро  бо хун таъмин менамояд, маҳкам мешавад ва асаби босира «гуруснагӣ»-и шадидро ҳис мекунад.  Дар меъёр себаки чашм дар як шабонарӯз то 1,5 литр хунро аз дохили худ мегузаронад. Дар ҳолати глаукома хун қариб 2,5 баробар кам мегузарад, ки ин ҳолат оқибат ба инфаркти асаби босира ва нобиноии бебозгашт оварда мерасонад.

Глаукомаи аввалиндараҷа 3 намуди асосӣ дорад: глаукомаи кунҷкушода, кунҷпӯшида ва омехта.

Глаукомаи кунҷкушода. Дар ин намуди глаукома кунҷи ҳавзаи пеш кушода мешавад. Вале аз сабаби дигаргуниҳо дистрофикӣ дар системаи тақсимкунии себаки чашм берун шудани оби  марворид аз дохили чашм мушкил мешавад.

Глаукомаи кунҷпӯшида. Дар ин намуди глаукома аз сабаби маҳкам шудани кунҷи ҳавзаи пеш бо решаи инабия берун шудани об аз дохили чашм коҳиш меёбад.

Глаукомаи омехта. Дар ин намуди глаукома берун шудани об  аз дохили чашм, аз сабаби майда шудани  кунҷи ҳавзаи пеш ва  дигаргуниҳои дистрофикӣ дар  системаи тақсимкунии себаки чашм берун шудани об мушкил мегардад.

Инсон баланд шудани фишори дохили чашмро ҳис намекунад ва он нисбати асаби босира марговар таъсир менамояд. Бо баланд шудани фишори чашм чунин ҳиссиётҳо мушоҳида мешавад:

- тирагӣ ва пайдо  шудани тӯр дар пеши чашм;

- пайдошавии «ҳалқаҳои рангин» дар гирди манбаи рушноӣ (масалан дар равшании лампаи барқӣ);

- носоз (дискомфорт) дар чашм, ҳиссиёти вазнинӣ, зӯроварӣ дар чашм;

- намӣ дар чашм;

- коҳиш ёфтани биноиши чашм дар вақти шом;

- дарди чашм ва тоқи абрӯ.

Мутаассифона, дар бисёр ҳолатҳо глаукома бе ягон аломат пайдо мешавад ва кас аз бемор будан, тасодуфан дар вақти  муроҷиат ба табиб огоҳ мешавад. Аммо дар ин ҳолат чашми солим аз чашми бемор  зоҳиран фарқ намекунад.

Ҳангоми сари вақт ва дуруст гузаронидани муолиҷа, назорати доимии табиб  ва худназораткунӣ, тарзи ҳаёти солим метавон хавфи нобиноии узви босираро пешгирӣ кард.

 

Фурқат Имомов,

директори Маркази бемориҳои чашми вилояти Хатлон,

Исомиддин Каримов,

табиби чашм


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Вақте инсон танҳо барои хурдан зиндагӣ мекунад

Хабарҳо

ҲНИ омили бадбахтиҳо дар шаҳри Дортмунти Олмон

Хабарҳо

“Инсони оқилро андеша бояд !”

Хабарҳо

Бемории ҳорӣ ва оқибатҳои он

Тандурустӣ ва экология
Ҳушёр бошед! Сигор қувваи мардиро суст мекунад

Ҳушёр бошед! Сигор қувваи мардиро суст мекунад

Тандурустӣ ва экология