Дар як сатр
» » ТАЪСИСИ 765 ҶОЙИ КОРИ НАВ

ТАЪСИСИ 765 ҶОЙИ КОРИ НАВ

24-12-2019, 12:02

Соҳибкорони вилояти Хатлон бо истифода аз сабукиҳо ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати мамлакат дар зарфи даҳ моҳи соли 2019 ба маблағи 437,7 миллион сомонӣ 93 лоиҳаи қарзӣ таҳия ва барои дарёфти сарчашмаи сармоягузорӣ ба муассисаи давлатии "Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон” пешниҳод карданд.

Аз аввали фаъолияти муассиса то кунун 69 лоиҳаи соҳибкорони хатлонӣ ба маблағи 89,9 миллион сомонӣ мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, саноатчиёни вилоят низ дар натиҷаи мувофиқи мақсад ба роҳ мондани фаъолият тавонистанд ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ба 6 миллиарду 687,6 миллион сомонӣ расонанд, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли 2018-ум 710,8 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ҷараёни афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ истихроҷи нафт ва гази табиӣ, ҳар гуна канданиҳои фоиданок, истеҳсоли маводи ғизоӣ, нӯшокиҳои ташнашикан ва спиртӣ, маҳсулоти дӯзандагӣ, кимиёӣ, резинӣ, пластмассӣ, ғайрифилизии маъданӣ, мебел, неруи барқ, коркарди чӯбу тахта ва маснуоти чӯбин, инчунин,  чанд намунаи дигар мутаносибан аз 101 то 158 дарсади нақша иҷро шуданд.

Ҳоло дар вилоят 90 номгӯйи маҳсулоти саноатӣ истеҳсол мешавад, ки ин ҳам аз муваффақиятҳои вилоят дар айёми соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст.

Бо мақсади таҷлили бошукӯҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамин замина муҳайё кардани шароити нисбатан беҳтар барои кору зиндагии шаҳрвандон бунёди 103 коргоҳу корхонаи нави саноатӣ ба нақша гирифта шуда, аллакай 73 корхонаю коргоҳ бо таъсиси 765 ҷойи кори нав мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

 

К. РАСУЛОВ,

«Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ҚАДАМҲОИ УСТУВОР ДАР РОҲИ ТАТБИҚИ ҲАДАФИ ЧОРУМИ СТРАТЕГИИ МАМЛАКАТ

Иқтисоду тиҷорат

АЗМИ БУНЁДИ 232 КОРХОНАИ САНОАТӢ ДАР СЕ СОЛ

Хабарҳо

Ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ дар вилоят афзуд

Арсаи кишоварзӣ

Н. Хусрав: ммд - 101,2 миллион сомонӣ

Хабарҳо
Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Қӯрғонтеппа. Коҳиши тавлидот дар 6 корхона ва бунёди 8 корхонаи нав

Хабарҳо, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА