Дар як сатр
» » БА ЗАМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДААНД

БА ЗАМИСТОНГУЗАРОНӢ ОМОДААНД

24-12-2019, 12:01

Ба иттилои шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг ҳамаи муассисаҳои таълимӣ барои зимистонгузаронӣ бо маводи сӯхт таъмин шуда, шишабандии тирезаҳо 100 фоиз ба анҷом расидааст.

Муассисаи таълимии рақами 1 солҳои тӯлонӣ дар фасли зимистон ба воситаи асбобҳои барқӣ гарм карда мешуд. Имсол бошад, бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ маркази гармидиҳии он аз нав барқарор карда, ба ҳамаи синфхонаҳо хатти он кашида шуд. Барои гарм кардани синфхонаҳо 28 тонна ангишт дастрас гардидааст, ки метавонад то охири сардиҳо басандагӣ кунад.

Дар муассисаи таълимии рақами 9 бошад, сохтмони бинои нав бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд идома дорад. Бинои мазкур дуошёна буда, аз 8 синфхона иборат аст ва баъди ба истифода супоридани он мушкилоти норасоии ҷои нишастро пурра аз байн мебарад.

Сохтмони иншоотро ҶДММ «Кобилҷон ЛТД»- и шаҳри Кӯлоб ба уҳда дошта, аз рӯи нақша мебояд онро 24-уми феврали соли 2020 ба истифода супорад. Айни замон, дар ин муассиса корҳои сохтмонӣ босуръат ва сифати баланд идома доранд.

Ширинҷон Сафарзода


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Кӯлоб. Сохтмону таъмири литсейҳо

Ҳаёти иҷтимоӣ
Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Темурмалик. Омодагиҳо ба ҷашн

Ҳаёти иҷтимоӣ

ОМОДАГӢ БА ФАСЛИ САРМО ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо

АЗМИ БУНЁДИ 860 ИНШООТ ДАР КӮЛОБ

Хабарҳо
Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Гузоштани санги асос барои бунёди муассисаи давлатии таълимии «коллеҷи оташ ...

Маориф ва илм