Дар як сатр
» » МАЙДОНИ КИШТИ ПУНБАДОНА ЗИЁД МЕШАВАД

МАЙДОНИ КИШТИ ПУНБАДОНА ЗИЁД МЕШАВАД

24-12-2019, 12:00

Тибқи нақшаи пешбинигардида, соли оянда дар вилояти Хатлон майдони кишти пунбадона 2 ҳазор гектар зиёд карда мешавад.

Тавре Ҳамроҳ Раҳимов, сардори Раёсати иқтисоди Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон иттилоъ дод, новобаста ба арзиши нахи пахта ва дигар мушкилиҳои мавҷуда, соҳаи пахтакорӣ аз лиҳози таъмини ҷойи бештари корӣ барои сокинони деҳот ва дигар омилҳои иқтисодӣ- иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

- Соли 2019 кишоварзони вилояти Хатлон ба ҷойи 122 ҳазор гектар нақшаи пешбинишуда, дар майдони 122 ҳазору 97 гектар пунбадона кишт намуданд. То 12 декабри соли ҷорӣ дар вилоят 266 ҳазору 506 тонна пахта ҷамъоварӣ карда шуд,  ки ин 96,84 % дурнаморо ташкил медиҳад. Аз 19 шаҳру ноҳияҳои пахтакори вилояти Хатлон 15-тои онҳо аз иҷрои нақша баромада бошанд ҳам, баҳри ҷамъоварии ҳосили боқимонда ва  иҷроиши дурнамои вилоят саҳми худро гузошта истодаанд, - мегӯяд Ҳамроҳ Раҳимов.

Мавриди зикр аст, ки дар баробари деҳқонони вилояти Хатлон, инчунин, тибқи шартномаи байнидавлатии Тоҷикистону Чин якчанд ширкатҳои чинӣ низ дар ноҳияҳои Ҷайҳун, Дӯстӣ, Ҷ. Балхӣ, Кӯшониён, Ёвон ва Данғара ба кишту парвариши пахта машғул мебошанд. Ин ширкатҳо дар ҳамкорӣ бо кишоварзони ноҳияҳои мазкур дар майдони 14 ҳазору 531 гектар парвариши пахта кишт намуда ҳосили фаровони пахта ба даст оварданд.

 

Ҷамолиддин Сайфиддин


Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

ДУРНАМО - 275,2 ҲАЗОР ТОННА ПАХТА

Хабарҳо
ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

ДУРНАМОИ ПАХТА ДАР ВИЛОЯТ 50% ИҶРО ШУД

Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА

ДУРНАМОИ ПАХТА БЕШ АЗ 40% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Идораи кишоварзӣ: «Ҳосил фаровон аст»

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Идомаи кишти пахта дар Хатлон

Хабарҳо, Арсаи кишоварзӣ, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА