Дар як сатр
» » ҒИЗОИ СОЛИМ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ

ҒИЗОИ СОЛИМ ОМИЛИ ПЕШГИРИИ ФАРБЕҲӢ

24-12-2019, 11:59

Дар Тоҷикистон баҳри ҳифзи саломатии аҳолӣ чораву тадбирҳои зарурию саривақтӣ андешида мешавад. Қабули як қатор ҳуҷҷатҳои муҳим аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон   вобаста ба ҳифзи   саломатии аҳолӣ  имконият фароҳам овард, ки заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ  мустаҳкам гардида,   сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ хубтару беҳтар гардад.

Қабули «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2011-2020»   ба баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ мусоидат менамояд. Тибқи нишондодҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ солимии ҷомеа, асосан, 55 фоиз аз худи аҳолӣ, 18 фоиз аз муҳити зист,17 фоиз аз ирсият ва танҳо 10 фоиз аз сохторҳои тандурустӣ вобастагӣ дорад. Бо назардошти ҳамин барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ қабул мегарданд, ки қисмати асосии нақшаву чорабинии  онҳо аз тадбирҳои профилактикӣ  иборат мебошад.

Аз он ҷумла,  қабули «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024» барои пешгирӣ аз афзоиши бемориҳои ғайрисироятӣ нигаронида шудааст.

Барои он ки инсон ба фарбеҳӣ гирифтор нагардад, бояд миқдори зарурии маводи ғизоиро қабул намояд ва он набояд аз меъёр зиёд бошад. Талаботи дигари пешгирӣ аз фарбеҳӣ ин тақсимоти оқилонаи маводҳои ғизоӣ дар давоми рӯз мебошад. Агар  инсон дар як рӯз се маротиба ғизо истеъмол кунад, қисмати асосии ғизо дар пагоҳӣ ва нисфирӯзӣ,  яъне то 80- 85 фоизро бояд ташкил диҳад. Хӯроки шом  аз вақти  истеъмол то вақти хоб кардан  на камтар аз се соатро  ташкил диҳад. Хӯроки шом бояд бештар аз  меваю сабзавот  иборат бошад. Чунки миқдори камтарини неру  дар ҳолати оромӣ, яъне хобу дамгирӣ сарф мегардад. Имрӯз фарбеҳӣ беш аз пеш зиёда гардида, омили асосии бемориҳо мешавад. Фарбеҳӣ низ яке аз намудҳои беморӣ буда, диабети қанд, фишорбаландӣ, сактаи дил, сактаи майнаи сар, васеъшавии рагҳои хунгард ва бисёр бемориҳои дигареро сабаб шудааст. Фарбеҳӣ инчунин ба қобилият  фаъолияти кории инсон таъсири манфӣ расонида, ба асабонишавӣ, фаромӯшхотирӣ оварда мерасонад.

Фарбеҳӣ,  пеш аз ҳама, аз меъёр зиёд истеъмоли маводҳои ғизоӣ ва риоя накардани  тарзи ҳаёти солим вобастагӣ дорад. Бояд қайд кард, ки имрӯз бо шарофати истиқлолият ва сулҳу суботи комили кишвар бозорҳои  истеъмолии вилоят пур аз маводи ғизоӣ мебошанд. Дар интихоби маводи ғизоӣ бояд аҳамияти ҷиддӣ дода шавад. Бисёр маводҳои ғизоӣ, ки аз беруни кишвар ворид мегарданд ва ҳамчун маҳсулоти аз нуқтаи назари тозагии таббиӣ, яъне экологӣ ҷавобгӯйи  талабот нестанд. Ин гуна маҳсулот ба мақсади дароз намудани муҳлати истеъмолиашон ва диққатҷалбкунанда будани намуди зоҳирии онҳо дар раванди коркард аз моддаҳои кимиёвӣ истифода мебаранд. Дигар ин  ки барои афзоиши тези сунъӣ ва сермаҳсулии маводҳои ғизоӣ аз гармонҳо ва доруҳои антибиотикӣ  истифода мебаранд, ки раванди фарбеҳшавиро метезонад.

Сабаби дигари фарбеҳӣ дар он аст, ки дар хӯроки ҳаррӯза  миқдори аз меъёр зиёди маводҳои нонӣ, қаннодӣ, серравған, нӯшокиҳои рангаи ширин ва миқдори зиёди намак мебошад.

Дар хотир бояд дошт, ки равғанҳои аз чорво истеҳсолшуда, аз қабили равғани гӯсфанд, гов, буз, равғани зард ва маҳсулоти гӯштии серравғани ғизоҳое мебошанд, ки ҷамъшавии чарбҳоро дар организм ба вуҷуд меоранд. Ҳамчунин,  маҳсулоти нонӣ, қаннодӣ, макаронӣ, маҳсулоти ширии равғаннокиашон баланд дорои чунин хусусият мебошанд. 

Дар ҳолати пурхӯрӣ   ҷамъшавии чарбҳо дар организми инсон ба вуҷуд меояд, ки ин ба фарбеҳӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ  дар навбати худ ба гурӯҳҳо тақсим мешавад, ки дар ҳолатҳои якум ва дуюми зинаи фарбеҳӣ дигаргуниҳои  зиёде, гарчанде  дар организими инсон ба амал наояд ҳам, аммо вазни аз меъёр зиёд нороҳатӣ ва душвориҳоро дар фаъолият инсон ба миён меоварад. Вале дар зинаҳои сеюм ва чоруми фарбеҳӣ аломатҳои беморӣ пайдо мешаванд, ки дар фаъолияту  зиндагии инсон мушкилотро ба вуҷуд меоранд. Аз ин рӯ, дар зинаҳои якуму дувуми фарбеҳӣ тадбирҳои пешгирикунандаро амалӣ намудан зарур аст.

Аз маводҳои ғизоии серравған, нонӣ, қаннодӣ, нӯшокиҳои ширин кам истифода бурдан лозим аст. Инчунин, истеъмоли маводҳои ғизоии сернамакро  маҳдуд намудан зарур мебошад.

Бештар меваю сабзавотро бояд истифода бурд. Зеро дар меваю сабзавотҳои тару тоза миқдори зиёди моддаҳои минералӣ ва витаминҳо мавҷуданд.

Барои пешгирӣ аз фарбеҳӣ   бештар ба варзиш ва корҳои ҷисмонӣ машғул шуда, тарзи ҳаёти солимро ихтиёр кардан лозим аст.

Ҳаким Худойбердиев,

директори Маркази

ташаккули тарзи ҳаёти солими

вилояти Хатлон



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Роҳгардӣ ва ҳаракат доруи дарозумрист

Роҳгардӣ ва ҳаракат доруи дарозумрист

Ҷавонон ва варзиш

Шири модар ғизои беҳтарин барои кӯдак аст

Тандурустӣ ва экология
Ғизои носолим - сарчашмаи бемориҳо

Ғизои носолим - сарчашмаи бемориҳо

Тандурустӣ ва экология
Чӣ тавр аз ботулизм эҳтиёт кунем?

Чӣ тавр аз ботулизм эҳтиёт кунем?

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА
Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

Чӣ тавр дар гармои шадид саломатиро ҳифз кунем? (Маслиҳати табиб)

Хабарҳо, Тандурустӣ ва экология, Номаҳои Шумо