Дар як сатр
» » ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР НОҲИЯИ ХУРОСОН

24-12-2019, 11:32

Ифтитоҳи бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Хуросон

21 декабри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати шиносоӣ бо рафти корҳои ободониву бунёдкорӣ, ифтитоҳи иншооти гуногун, оғози корҳои сохтмонӣ дар идораву муассисаҳо ба ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон ташриф оварданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати шаҳраки "Обикиик”-и ноҳияи Хуросон бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Сарвари давлат бо шароитҳои кории иншооти нав шинос шуда, бо кормандони он суҳбат намуданд.

Бино аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, дар масоҳати бештар аз 2800 метри мураббаъ бунёд ёфтааст.

Лоиҳаи иншоот бо дарназардошти талаботи замони муосир тарҳрезӣ гардида, дар он шароити зарурии фаъолият фароҳам оварда шудааст. Аз ҷумла, дар иншоот 6 ҳуҷраи корӣ бунёд ёфта, ошёнаи якуми бино барои қабули шаҳрвандон пешбинӣ гардидааст.

Дар ҳамаи утоқҳо дастгоҳ ва аёниятҳои корӣ насб гардида, бо компютер ва хатти баландшиддати интернет таъмин мебошанд. Чунин шароит минбаъд имконият медиҳад, ки дархосту аризаи шаҳрвандон сари вақт қабулу баррасӣ гарданд.

Таҳхонаи бинои нав-бунёд барои бойгонӣ пешбинӣ гардида, дар он ҳуҷҷату санадҳои нафақагирон нигоҳ дош-та мешавад. Ҳамчунин, дар бинои Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа барои баргузории ҷаласаву ҳамоишҳо толори хурди муҷаҳҳаз бунёд ёфтааст. Намои берунаи бинои мазкур низ бо санъати баланди меъморӣ бунёд ёфта, гирду атрофи он бо гулу буттаҳои рангоранг оро ёфтааст.

Зимни шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки айни замон, дар ноҳия 8231 нафар нафақагир ба қайд гирифта шудааст ва хизматрасонӣ ба онҳо тариқи корти бонкӣ ба роҳ монда шудааст.

Солҳои қаблӣ набудани шароити корӣ яке аз мушкилоти асосии кормандони он буд. Ифтитоҳи бинои навро кормандони Агентӣ туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, барои чунин таваҷҷуҳ ва ғамхории доимӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ карданд.

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулинро вазифадор намуданд, ки барои расонидани хизмати саривақтиву босифат ба нафақагирону маъюбон ва шахсони барҷомонда чораҳои зарурӣ андешанд. Муомилаву муоширати хубро бо онҳо дар мадди аввал гузоранд, зеро ин гурӯҳи аҳолӣ бештар аз дигарон муҳтоҷи ғамхорианд ва зери таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар биноҳои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон

21 декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ноҳия санги асос гузоштанд.

Аснои шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди бинои бахши Кумитаи ҳифзи муҳити зист маълумот дода шуд, ки бинои сохташаванда 2-ошёна буда, масоҳати умумии он 9 садяк заминро дарбар мегирад ва масоҳати зери сохтмон 118 метри мураббаъ аст. Дар ошёнаи якум ва дуюми он утоқҳои кории кормандон ва толори маҷлисӣ ба нақша гирифта шудааст. Иншоот дорои 6 ҳуҷра ва шароити хуби корӣ хоҳад буд. Ҳамаи утоқҳои кормандон бо компютер ва мизу курсӣ муҷаҳҳазонида мешаванд.

Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, барои бунёди бинои нави Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон санги асос гузошта, бо сохтмончиён суҳбат намуданд.

Зимни муаррифии лоиҳаи бинои нав ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур аз ду ошёна, 11 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ иборат мебошад.

Тибқи нақша дар ошёнаи якуми бино Корхонаи воҳиди давлатии Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва дар ошёнаи дуюм Кумитаи идораи замини ноҳияи Хуросон ҷойгир хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо лоиҳаи биноҳои сохташаванда ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳои сохтмонӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Иншооти мазкур то ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ бо сатҳу сифати баланд бунёд ёфта, дар рафти корҳои бунёдӣ даҳҳо нафар сокинони маҳаллӣ соҳиби кор ва маош мегарданд.

Мавриди зикр аст, ки ҷиҳати сазовор таҷлил намудани 30 - юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Хуросон бунёди 180 иншооти таъйиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 110 адади он ба истифода дода шудааст.

Бунёди 150 гектар токзори нав ва боздид аз намоишгоҳи

дастовардҳои кишоварзони вилояти Хатлон

21 декабр дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди 150 гектар токзори нав оғоз бахшида, аз намоиши дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан намуд.

Токзори навро саҳмдорони хоҷагии фермерии ноҳия бо мақсади зиёд намудани ҳаҷми содироти ангур ба хориҷи кишвар дар асоси тавсияи мутахассисони соҳаи боғу токпарварӣ ташкил намудаанд.

Барои арҷгузорӣ ба хизматҳои шоёни Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи кишоварзӣ, бахусус, боғу токпарварӣ, токзори навбунёд "Пешвои миллат” номгузорӣ шудааст.

Дар масоҳати 150 гектар, ки ба 8 қитъа тақсим гардидааст, 10 намуд ангури навъҳои ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла, дар масоҳати 48 гектар навъи "Ғалаба”, 31 гектар "Ҳусайнии сиёҳ”, 20 гектар "Ҳусайнии сафед”, 2 гектар "Ҳусайнии гулобӣ”, 2 гектар "Кардинал”, 25 гектар "Шоҳона”, 6 гектар "Кишмиши сафед”, 8 гектар "Кишмиши сиёҳ”, 3 гектар "Зарифӣ” ва 5 гектар "Тоифӣ”, дар маҷмуъ 42 ҳазор бех ниҳоли ангур шинонида шуд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки ниҳолҳо аз ҷониби олимони Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷида шудаанд ва ба иқлими ноҳияи Хуросон, бахусус, мавзеи мазкур мутобиқ мебошанд.

Дар се қитъаи боғ бошишгоҳ ва парки мошинҳо ташкил гардидааст ва дар баробари муҳайё будани шароити хуб барои токпарварон, ҳамчунин, онҳо бо ҳама гуна техникаву механизми кишоварзӣ таъмин мебошанд.

Дар заминаи ташкил гардидани токзори нав қариб 150 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин шуданд. Техникаву механизми кишоварзӣ барои бунёди боғ аз тарафи Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии "Тоҷикагролизинг” таъмин карда шудааст ва минбаъд низ дар асоси дархости хоҷагидорон ҳама гуна техникаву механизими зарурӣ дастрас карда мешавад.

Дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва ба хотири рушд бахшидани соҳаи агротуризим дар ду мавзеъ қитъаи намоишӣ ташкил карда шудааст, ки масоҳати 5 гектарро фаро мегирад. Аз рӯйи нақша дар ин қитъаҳо 10 намуд ангури навъҳои беҳтарини ватанию хориҷӣ шинонида мешавад.

Барои нигаҳдорӣ ва беталаф содир намудани ҳосили ҷамъоваришуда ба хориҷи мамлакат ояндаи наздик дар назди хоҷагӣ сардхона бунёд карда мешавад. Барои бунёди сардхона 1 гектар замин ҷудо гардидааст.

Қоидаҳои шинонидани ниҳол ва парвариши он дар токзори навбунёд пурра аз рӯи тавсияи олимони соҳа ба роҳ монда мешавад.

Ангурбоғ бо истифода аз таҷрибаи бойи токпарварони шаҳри Турсунзода, аз ҷумла роҳбари хоҷагии "Ватан” Неъмат Усмонов бунёд гардидааст. Дар вақти омода кардани замин ва шинонидани ниҳол тавсияи таҷрибадорон пурра ба инобат гирифта шудааст ва минбаъд низ  нигоҳубин ва парвариши ток дар асоси маслиҳатҳои онҳо ба роҳ монда мешавад.

Барои таъминоти токзор бо оби полезӣ аз пойгоҳи обкашии "Табиат-2” ба масофаи қариб 3,5 километр хатти алоҳидаи оби полезӣ кашида шудааст. Дар ин замина, масъулони Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ пойгоҳи мавҷударо пурра аз таъмир бароварда, ҳамчунин, ду агрегати нав васлу насб намудаанд.

Токзори нав дар ноҳияи Хуросон дар асоси нақша-чорабиниҳо ба хотири истиқболи сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, он дар татбиқи ҳадафҳои Барномаи давлатии "Рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2016-2020” заминаи мусоид мегузорад.

Дар асоси нишондоди олимони соҳаи боғу токпарварӣ токзори нав баъди се - чор сол 4,5 то 5 ҳазор тонна ҳосил хоҳад дод.

Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоишгоҳи дастовардҳои кишоварзони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон диданд, намуданд. Дар ин намоишгоҳ анвои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили ҳосили зироати полезӣ, сабзавот, мевагиҳо ба маъраз гузошта шуд.

Дар соли 2019 кишоварзони вилояти Хатлон дар ҳаҷми зиёда аз 13,4 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, дар баробари таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти хушсифат, ҳамчунин, ба хориҷи кишвар низ ба миқдори зарурӣ содирот намудаанд.

Намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ чанд растаро дарбар мегирифт. Маҷмӯан дар ин ҷо беш аз 20 намуд маҳсулот, аз қабили ангуру себ, ноку лимӯ, хушкмеваҳо, тарбузу харбуза ва ғайра ба тамошо гузошта шуд. Анвои маҳсулоти муаррифигардида барои нигоҳдорӣ дар фасли зимистон мувофиқ мебошанд.

Дар ҳамин ҷо ниҳоли дарахтони зардолу, себ, нок, олу, хурмо, шафтолу ва ниҳолҳои сояафкану ороишӣ, инчунин, гулу буттаҳои мавсимию ҳамешасабз ҳам муаррифӣ шуданд.

Намоишгоҳи васеи маҳсулоти кишоварзӣ дар ноҳияи Хуросон бозгӯкунандаи меҳнати пайваста ва содиқонаи сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба хотири ба даст овардани ҳосили дилхоҳ мебошад.

Баъди шинос шудан бо дастовардҳо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти хоҷагиҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баҳои баланд дода, ба онҳо ҷиҳати рушд бахшидани соҳа ва истифодаи самараноки замин маслиҳатҳои муфид доданд.

Дар намоишгоҳ занону бонувони ҳунарманди ноҳияи Хуросон низ фаъолона иштирок намуда, ҳунари нонпазӣ ва омода намудани хӯрокҳои миллиро муаррифӣ карданд. Дар ин ҷо барои омода намудани ҳар як намуди нон ва хӯроки миллӣ гӯшаҳои алоҳида ташкил карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳунари занону бонувони ноҳияи Хуросон баҳои баланд дода, онҳоро ба ҳифзи ин мероси қадима ва боз ҳам рушд бахшидани он, инчунин, ҷалби ҷавондухтарон барои аз худ кардани нозукиҳои маҳорати пазандагӣ ҳидоят намуданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ноҳияи Хуросон намудҳои зиёди хӯрокҳои миллӣ, ки хоси мардуми тамаддунофару куҳанбунёди тоҷик мебошанд, ҳифз гардидаанд ва дар ҳар хонадон пухта мешаванд.

Аз ҷониби Президенти мамлакат ташкил ва ба роҳ мондани чунин намоишгоҳ дар тарғиби бештари ҳунарҳои мардумӣ, эҳё ва ҳифзи мероси аҷдодӣ муҳим шуморида шуд.

Намоишгоҳи мазкур низ маҳз бо ҳамин мақсад ва дар доираи Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба роҳ монда шудааст, ки он дар муаррифӣ ва рушди анъанаю суннатҳои қадима заминаи мусоид хоҳад гузошт.




Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Азми бунёди беш аз 1100 га боғу токзори нав

Хабарҳо

ДУРНАМОИ БУНЁДИ БОҒУ ТОКЗОР 98% ИҶРО ШУД

Хабарҳо
Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст

Фахробод ҷаннати рӯйи замин аст

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Хуросон

Хабарҳо, Ҳокимияти давлатӣ, Арсаи кишоварзӣ
Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Бунёди боғи ба номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат дар ноҳи ...

Ҳаёти иҷтимоӣ, Хабарҳо