Дар як сатр
» » Тақдир: Бахти босаодати Саодат

Тақдир: Бахти босаодати Саодат

18-12-2019, 08:04

Соли 1974 Умархону Тохтааш ба умеди зиндагии ширин оила бунёд карданд. Бо гузашти вақт дар оила писараки ширин ба дунё омад. Шодиву хурсандии ҷавонон ҳаду канор надошт. Аз чи бошад, ки Умархон бештар таваллуди духтарро орзу мекард. Соле пас ӯ ба ин орзуяш расид. Худованд ба онҳо духтаре ҳадя намуд. Аз шунидани ин хабар мард кӯдакдор шодӣ мекард. Ҳатто аз чашмонаш донаҳои ашк ҷорӣ шуд. Вале тақдир онҳоро ин дафъа сахт имтиҳон кард. Дар оилаи омӯзгор, сокини деҳаи Сомончии ноҳияи Фархор Умархон Хоҷаев тифли ба дунёомада як даст надошту дасти дигараш низ маъюб буд.  Зан мехост ин ҳодисаи гӯшношунидро аз шавҳар пинҳон дорад. Вале, ҳайҳот, офтобро бо домон пӯшонда нашуд. Модар пинҳонӣ шабонарӯзӣ дар сари гавҳора ба ҷигарбандаш алла мегуфту ашк мерехт, ки ояндаи ин тифлаки масъум чӣ мешуда бошад ва ӯ чӣ тавр дар зиндагӣ ба сахтиву баландиҳояш тоб меоварда бошад. Падар, ки омӯзгор буду соҳибфарҳанг, ба тақдир тан дода, бо сад умед ба ин тифлаки масъум Саодат ном ниҳод. Аз Яздони пок илтиҷо менамуд, ки ин гулғунчаи ҳаёти онҳо дар боғистони умрашон муаттару сабзу шукуфон бошад ва пайваста, ба модари Саодат панд медод, ки ба тақдир тан диҳад. Аз ин ҳадяи илоҳӣ шукр гӯяд. Ӯ як пора қалби онҳост, онҳо аз ӯ рӯ гардонда наметавонанд. Ба духтараш таълиму тарбия диҳад, ҳунар омӯзонад, то дар гирдоби зиндагӣ дар намонад.

Солҳо сипарӣ гардиданд. Саодат калонакак шуда, мактабхон шуд. Нигоҳи атрофиён нисбати ӯ яксон набуд. Дар синф ва маҳал баъзеҳо бо назари дилсӯзӣ,  баъзеҳо бо ҳайрат ва савумин-шахсони бераҳм бошанд, бо тамасхур нигоҳ мекарданд. Саодат ба ин ҳама дилшикаста намешуд. Бо меҳнат ва ҳунари волояш миёни ҳамсолон фарқ дошт.

Соли 2003 Саодат бо амри тақдир бо Тоҷиддин Маҳмадалиев, сокини ноҳияи Восеъ, оила бунёд кард. Бахташ хандид. Тоҷиддин Маҳмадалиев, ки худ ҷанговари башардӯст буд ва дар ҷангҳои Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аз ҷониби Ҷумҳурии Сотсиалии Тоҷикистон ширкат варзида буд, дар сангарҳои хунин вазниниву сардиҳои зиндагиро чашида буд. Борҳо бо марг даст ба гиребон шуда, аз имтиҳони ҷиддӣ, ҷасорат, инсондӯстӣ гузашт. Дар оиладорӣ низ устувору содиқ буд. Онҳо бо гузашти солҳо соҳиби 3 писари дӯстрӯяк гардиданд. Саодат Хоҷаева дар тарбияву нигоҳубини фарзандон, омода намудани хӯроку тамиз намудани хонаву дар либоси фарзандону шавҳар ва хушдоманаш момои Гулдастамоҳи 88-сола чунон дода шуда буд, ки натанҳо бо як дасти маъюбаш, балки бо пойҳояш кору бори рӯзгорро ба сомон мерасонид.

Бар замми ин дар саҳро меҳнат мекард. Худованд ба Саодат сабру таҳаммул бурдбориву меҳнатқариниро арзонӣ додааст. Ба хотири ободии хонадонаш тарбияи фарзандонаш даҳчанд заҳмат мекашид. Солҳо чун турнаҳои осмонӣ яке аз пайи дигаре парвозӣ гардиданд. Саодат ҳам дар хона, ҳам дар ҳунар миёни дигар бонувон фарқ дошт. Тавре ки шавҳараш Тоҷиддин иброз дошт, Саодатро барои тозагӣ, поккорӣ ва меҳнатдӯстиаш дӯст медорад. Бо ҳамин тани маъюб ин қадар заҳмат мекашад, ки баъзе занони ба қавле чор ишкелашон дуруст ин қадар корҳоро ба анҷом расонида наметавонанд.

Хушдоманаш Гулдастамоҳ низ аз Саодат қаноатманд буда, пайваста дуои некаш медиҳад, ки ӯ чусту чолок ва модари меҳрубону завҷаи ғамгусор аст.  Оид ба тақдири ин зани боирода, ки таҷассумгари модари мушфиқ, меҳнатӣ, кордида, ҳунарманд, муҳим аз ҳама ҳаётдӯсту зиндадил аст. Асосгузори сулҳу ваҳадти миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ аҳсан мехонад. Дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ нисбати матонату иродаи шикастнопазирӣ Саодат Ҳоҷаева таъкид доштанд. Воқеан, Саодат ки модари се фарзанди ҷигарбанд Орзу, Шариф ва Ҳамза мебошад, аз Роҳбари давлат, раиси вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Восеъ ва масъулини Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабов сипосгузор аст. Ҳине ки аз хонадони ин модари ҷасур дидан намудем, аз ҷониби раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода маводи ғизоӣ-аз қабили орд, равған, шакар, биринҷ, картошка ва ғайраҳо кумак расонида шуд. Ба ӯ инчунин 12 сотихи замини наздиҳавлигӣ ва 1 гектар замин барои кишти ғалла доданд. Ҳамчунин, аз ҷониби сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти  Хатлон Раъно Раҳимзода ва сармуҳаррири рӯзномаи "Хатлон”низ кумакҳои моддӣ расонида шуд. Бо ибтикори раиси ноҳияи Восеъ Шарбатулло Азизулло хонаи Саодат таъмиру тармим ёфта истодааст. Зимни суҳбат бо аҳли хонадони Саодат Хоҷаева равшан гардид, ки аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Саодат як адад мошинаи ҷомашӯӣ ва як адад мошинаи дарздӯзӣ ва аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ашёи рӯзгор, аз ҷумла қолину зарфҳои зарурӣ ва аз Раёсати Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар минтақаи Кӯлоб дар ҳаҷми 1000 сомонӣ маводи ғизоӣ кумак намуданд.

Худованд ба Саодат бахту шодии инсониро фаровон додааст. Саодат дарвоқеъ саодати хонадони хеш гардидааст. Ҳамзамон зебоипараст асту ҳунарманд. Дар ҳунари кашидадӯзӣ ҳамто надорад. Дар баробари корҳои рӯзгордорӣ ба дӯхтани сӯзаниву болиштҳои гулдӯзӣ, чакан ва бофтани либосҳои гарм машғул мешавад. Ҳунари волои Саодат хонадони наварӯсонро зебу зиннат мебахшад. Дар қалби поку беолоишаш зебоии табиати нотакрори ватан нуҳуфтааст, ки дар кашидадӯзиҳояш ин зебоиҳоро баръало эҳсос намудем. Дар ҳақиқат, эълон гардидани Солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба қалби Саодати ҳунарманд низ шодиву фараҳ ҷо намуд.

-Ин иқдоми Роҳбари давлат саривақтӣ аст,- таъкид дошт Саодат. -Зеро эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ имкон фароҳам меоварад, ки ҳазорҳо нафар занони хонанишин бо ҷойи кор фаро гирифта шаванд ва ҳунарҳои волои ниёгон аз насл ба насл, аз аср ба аср ҷовидон монад. Зимни суҳбат бо ин зани боҳунар, зиндадил, оиладӯст бори дигар эҳсос намудем, ки занони тоҷик дар ҳақиқат ҳунарманданд, нексириштанд, покизарӯзгоранд ва шукргузоранд. Аҳсан ба Саодат Хоҷаева барин заноне, ки дар зиндагӣ роҳи худро дарёфтанд. Дар чорсӯи зиндагӣ аз барору нобарорӣ, пастиву баландиҳои рӯзгор дилсарду дилшикаста нагардиданд, барои ояндаи неки фарзандон ҷаҳду талош доранд. Ин аст ойини зиндагӣ, ин аст гурдофариди ҳаёт, ки барои некрӯзии фарзандону шавҳараш талош дорад.

... Вақте ки мо аз назди Саодат мерафтем, дар чашмонаш донаҳои ашк ҳалқа зада, мисли торҳои кашидадӯзиҳояш ба рӯяш ҷорӣ шуданд. Донаҳои умед буданд он ашкҳои Саодат. Ӯ мехост боз лаҳзае бо мо дар суҳбат бошад, дунёи худро бароямон кушода диҳад. Мо низ ташнаи суҳбатҳояш шудем, Худо хоҳад боз наздаш ба суҳбаташ меоем. Зеро аз ҳар ҳарфи ӯ,  амали некаш, ҳунари волояш як ҷаҳон маънӣ бардоштем.

То боздид, Саодати ҳунарманди босаодат!

                                                         

ВАХШОНА,

"Хатлон”



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

Беҳтарин сарояндаи аллаи модар дар «фаровон - қӯрғонтеппа»

Иқтисоду тиҷорат
Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

Гулбӯй бо дӯхти либоси гулдӯзиаш баҳорро меорад

Чеҳранигорӣ
Насли ояндасозро тарбия менамоем

Насли ояндасозро тарбия менамоем

Маориф ва илм
Саодат орзуи табиб шудан дорад

Саодат орзуи табиб шудан дорад

Хабарҳо, Ҳаёти иҷтимоӣ, Тандурустӣ ва экология
Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Ансамблҳои оилавӣ аз Кӯлобу Қубодиён ғолиби даври аввали Фестивали «Дунёи с ...

Хабарҳо, Фарҳанг ва адабиёт, ҲАНГОМА ПАҲЛАВОНОВА