Дар як сатр
» » «МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТ

«МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТ

12-12-2019, 14:47

Тими футболи «Моҳир» дар варзишгоҳи марказии ноҳияи Ёвон дар бозии даври 22-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи дуюми вилояти Хатлон тими «Пахтакор»-и ноҳияи Қубодиёнро бо ҳисоби 13:1 шикаст дода, дар садри ҷадвали чемпионати имсола қарор гирифт.

Тибқи иттилои Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон, тими «Моҳир» ғалаба ба даст оварда, ба лигаи якуми чемпионати кишвар роҳхат гирифт. Дастаи мазкур дар лигаи дуюми чемпионат 22 бозиро бо натиҷаи 18 ғалаба, 2 бохт ва 2 мусовӣ анҷом дода, ба дарвозаи ҳарифони худ 90 тӯб ворид намуда, дар маҷмӯъ соҳиби 56 хол гардидааст.

Дар маросими тантанавии тақдими Ҷоми мусобиқа иҷро-кунандаи раиси ноҳияи Ёвон Саидзода Ҷамшед ва муовини аввали раиси Федератсияи футболи вилояти Хатлон Исроил Шарифов иштирок намуданд. Ҷоми мусобиқа ва медалҳои тиллои лигаи 2-юм ба футболбозон ва ҳайати мураббиёни дастаи "Моҳир” дар фазои тантанавӣ тақдим карда шуд.

Фирдавс УМАРОВ,

коромӯзи «Хатлон»



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«МОҲИР» - ПЕШСАФИ ЛИГАИ ДУЮМ

Хабарҳо

«Пахтакор»-и Қубодиён ба лигаи 1 роҳхат гирифт

Ҷавонон ва варзиш

«ПАНҶШЕР» «БАРҚЧӢ»-РО ШИКАСТ ДОД

Хабарҳо
Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Ғалабаи навбатии «Ҳосилот»

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА
Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Тасмими таъсиси лигаи дуюми футболи Тоҷикистон

Хабарҳо, Ҷавонон ва варзиш, НОСИРҶОН МАЪМУРЗОДА