Дар як сатр
» » U18. «ХАТЛОН» СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД

U18. «ХАТЛОН» СОҲИБИ МЕДАЛИ НУҚРА ШУД

12-12-2019, 14:45

Бозиҳои чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои наврасони то 18-сола (U-18) ба анҷом расид.

Тавре ки Хадамоти матбуотии Федератсияи футболи вилояти Хатлон ба мо иттилоъ дод, барандаи Ҷом ва медали тиллои чемпионати имсола дас-таи "Академия ФФТ” (U-16) гардид. Дастаи "Хатлон”-и шаҳри Бохтар бошад, ба зинаи дуюм баромада соҳиби медали нуқра шуд. Соҳиби мавқеи сеюм ва медали биринҷӣ ба тими мунтахаби "Барқчӣ”-и шаҳри Ҳисор сазовор дониста шуд. Ҳамчунин, беҳтарин бозингарон Хусрав Тоиров (Академияи ФФТ), Сафиолоҳи Назарзода аз "Хатлон”, Шерзод Дадабоев аз "Барқчӣ”, Партулло Хуршедзода аз "Орзу-2026”, сармураббии сол Аҳлиддин Турдиев (Академияи ФФТ бо 26 гол) дониста шуданд.

Дар маросими ҷоизасупорӣ котиби генералии Федератсияи футболи Тоҷикистон Дилшод Ҷӯразода, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, директори Лигаи кӯдакону наврасони Тоҷикистон Увайдо Давлатбеков ва узви Кумитаи иҷроияи ФФТ Фатҳулло Ҷалилов иштирок доштанд.



Шарҳи хонандагон +

Матолиби дигар:

«МОҲИР»-И ЁВОН БА ЛИГАИ ЯКУМ РОҲХАТ ГИРИФТ

Ҷавонон ва варзиш

«МОҲИР» - ПЕШСАФИ ЛИГАИ ДУЮМ

Хабарҳо

2 медали тиллои велосипедронҳо

Ҷавонон ва варзиш

Қадрдонии варзишгарони муваффақ дар Ёвон

Ҷавонон ва варзиш

«ПАНҶШЕР» «БАРҚЧӢ»-РО ШИКАСТ ДОД

Хабарҳо